Ман

           Ман , Чалилов Субхон Чурабекович, 26 декабр дар нохияи Файзобод, дар оилаи коргар ба дунё омадаам. Аз соли 1984 то соли 1994 дар мактаби тахсилоти хамагонии №1 –и хамин нохия тахсил кардам. Соли 1995 ба шуъбаи Радиофизика ва Электроникаи факултаи Физикаи Донишгохи Давлатии Милли Точикистон дохил шуда, онро соли 2000 –ум бо ихтисоси «Мухандиси сохаи Радиофизики ва Электроника»  хатм кардам.

        Аз мохи августи соли 2000-ум то мохи ноябри соли 2002 дар идораи барномахо барои чавонон ва наврасони Радиои Точикистон ба хайси мухаррир, чонишини Сармухаррир ва ичрокунандаи вазифаи Сармухаррир  фаъолият кардам.

       Соли 2003 дар  Радиои «Ватан» фаъолияти худро  ба хайси мухаррири идораи мусики ва фарогати  огоз кардам.  Як муддат Сармухаррири Идораи барномахои мусики ва фарогати будам. Холо Директори барномахои Радиои «Ватан» ва муаллифи шоу-барномаи сахарии «Субхи Ватан» хастам.

Оиладор буда, 2 писар  ва 1 ДУХТАР дорам:

  1. Аличони Субхон- 3.12.2002
  2. Эхсони Субхон- 22.11.2005
  3. Мархабо Чалилова -20-12-2012

        Дар курсхои махсуси бозомузии журналистон  ва семинархои омузиши оид ба журнилистика  дар дохил ва хоричи кишвар (Казокистон, Арманистон, Киргизистон, Узбакистон (Тошканд)…), Швеция, Польша, Амрико ва Малайзия  ширкат кардаам, навохтани асбобхои мусикиро дуст медорам ва хатмкардаи мактаби бачагонаи мусикии ба номи Дустмурод Алиев низ хастам.

        Соли 2009 барандаи Чоизаи Иттифоки журналистони Точикистон ба номи А.Лохути дар сохаи Радио будам. Дар арафаи Рузи Радио ва 7 солагии Радиои «Ватан»  (7 майи соли 2010) нишони сарисинагии «Аълочии фарханги Чумхурии Точикистон «-ро гирифтам.Дар арафаи тачлили 9 солагии Радиои «Ватан» ва Рузи кормандони Радио (7 май) бо фармони Раиси Кумитаи ТВ ва Радиои назди Хукумати Точикистон  ба ман нишони «Аълочии Телевизион ва Радио»  доданд.

==================================================

=======================================================================
Ман медонистам, ки пеши рохи истеъдод (тасмими кави, нияти нек, хунар, орзу…) — ро гирифта намешавад, мисли пеши рохи сел, пеши рохи раъду барк ва абри борандаро ….

Ман кушиш мекунам, ки рузи Аличон- бачаи ман, ки дар синфи 9 тахсил мекунад, банди кадом машгулият, омузишу кору тамрин бигзарад. У хар руз агар то нимрузи дар мактаб бошад, баъди нимрузи як руз пас дар толори машкиву дар маркази забономузи аст. Дар ин миён илова ба он ду машгулият бо пешниходи ман ба Радиои «Ватан» меояд ва банду басту сабту коркарди овозро аз коргардони овози радиои мо меомузад..

Тачрибаи дубляж дар филмхоро — дар телевизион («Бахористон»), ки дорад, хамрохаш як барномаи 5 дакикаги радиои барои наврасон хам фикр кардему у сари он холо кор карда истодааст…

Ду руз пеш ба радиои омаду шом хамрохи ман рафтан нахост, гуфт, ки дертар меравад…Факат имруз фахмидам, ки чаро дертар омад….
(Нав пурсидам,ки матнро барои ин навор кай навишт, оё худаш навишт 🙂?)

Ман ягон бор ба Аличон нагуфтаам, ки бояд рови бошад ё духтур ё мухандис ё каси дигаре…Зеро медонам, ки агар истеъдоду хунар надорад, уро мачбуран ба кори чалб кардан нодурусту бефоида аст ва дар идома натичаи хуб хам намеорад…Факат ёдрасаш мекунам, ки хар ки бошаду дар хар касбу кор хам ки бошад, бояд аввалтару мухимтар аз хама ИНСОН ва МАРДИ ХАКИКИ бошад, манфиати Ватану Миллатро аз хама чизи дигар болотар гузорад, бахилу заифнолу бадният набошад…

Иродаву имонат кави, рохат дар хизмат ба Халку Ватану Миллат сафед ва арвохи азизону пирони кор мададгорат, бачам….

 

========================================================================

20.02.2017.

Ба синфи 1 рафтани ман мисли огози тахсили наврасони дигари шурави буд. Гулдастахои хоксорона  аз кадом боге, чамъомади тантанави, шиорхои замони шурави….ва ошхонаи мактаби.  Кам чиз  аз рузи аввали тахсил ба ёдам хаст.

Ин соли 1984  буд. Мактаби миёнаи раками 1-и нохияи Файзобод. Синфи мо 1 «г» буд. Муаллими аввалини ман Абдучаббор Каримов буд. Тахмин мекунам, ки аз услуби дарсгузари, навовари дар вакти дарс ва истеъдоди чалб сохтани шогирдон дар синфи аввал як андоза кисмати ояндаи кудак ва шаклгирии орзуву хохиши тахсилаш вобаста аст. Ба ёдам хаст, ки бо ман хамеша модарам дарс мекард, ман бо у машки хат мекардам, харфхоро бо кумаки у  бо хам ба кавле «чанг меандохтам». Мо аз як куча чанд нафар дар як синф тахсил мекардем…

Тахмин мекунам, ки волидони мо он замон шояд ба ин хадде ки имруз хаст, ташвишу захмат надошта буданд. Ба хар сурат, зухуроте,  ки имруз хасту эхтимол дергох боки монад — мисли пулчамъкунии зиёд дар муассисахои то мактаби ва мактаби, мушкили китобхои дарси, чанчоли мактабиён ва гайра он замон набуд.

Холо  фикр  мекунам, ки он замон синфхои аввал аз рафтан ба мактаб, гузаштан ба канори дигари рохи мошингард намехаросиданд, зеро  ронандахо босаводу тахсилдида буданд, гизохо — хатто сарирохиаш хам, моро захролуд намекард, зеро  тоза буду самимона тахия мешуд,  дертар омадани мо аз мактаб касеро хавотир намекард, зеро мардум ба хамдигар бовари доштанд, заминае барои ба мактаб нарафтан ва аз тахсил дур будан набуд…

=======================================================================

22.12.2009.         -Дируз ба нохия рафтам. Дер-дер меравам. Баъзан вонамуд мекунам, ки серкор хастам, аммо аксар вакт вокеан хам серкор хастам. Аз сухбати Мудири Шуъбаи фарханги нохия фахмидам, ки соли оянда 60 солагии Дустмурод Али тачлил мешудааст. Хукумати нохия бо ин максад маблаги зиёдеро барои тармиму навсозии мактаби бачагонаи мусики, ки акнун номи Мактаби Санъати ба номи Дустмуроди Алиро дорад, сарф кардааст. Хурсанд шудам. Ман хам як замон дар хамин мактаб дарси мусики хонда будам. Ва хам мехохам Аличон-писари  ман мактаби мусики хонад. Ман уро ба синфи скрипка мебарам. Агар насиб бошад. Ин накшаамро кадом рузе ба устоди мусикиам Икром Сафар гуфтам. У вакте фахмид, ки Аличони ман 7 солааст, гуфт, ки «Субхон, дер карди…»  Гуфтам, ки  «ислох мекунам».  Фикр мекунам, ки шарт нест хамаи кудакони мо навозандаву сароянда бошанд, вале агар онхо МУСИКИро фахманд, андешарони, назар ва дидиашон дигар мешавад, суи бехи дигар мешавад. Ягон руз ман Шуморо хатман ба тамошо ва шунидани  навозишхои хуби Аличон  бо скрипка даъват мекунам. Агар насиб бошад….

===================================================

29.12.2009.       Ман тачлили зодрузи худро дар айёми кудаки ва мактабхониям ба ёд надорам. Буд ва ё набуд намедонам… Ба ёдам айёми донишчуиям хаст. Хамкурсонамро холо ман факат дар хамин руз мебинам. Ин сол низ хамин гуна шуд. Тафовут хамин буд, ки рузи 28.12 (баъди ду рузи зодрузи ман) зодрузи Рустами Имматшо-хамкурси ман буд.  Яъне, мо бо хамкурсоне, ки чандин сол кабл  донишгохро хатм карда будем, дар як хафта ду бор дидор дидем. Замони тахсил дар Донишгох гурухи мо як анъанаи ачоиб дошт, ки ман онро дар чои дигар вонахурдам: як нафар моро ба хонааш(он) даъват мекард. Баъди тановул у факат интихоб мекард, ки ин дафъа навбати кист?  Хар касеро, ки у интихоб мекард,  дар вакти муайян боз хамин гуна зиёфатро дар хонаи худашон ташкил мекард. Ин як чизи содда, вале хеле гуворо ва хотирмон буд. Акнун мо ба хулосае омадем, ки ин тартибро факат ба хотири дидорбини ва огохи аз холи хамдигар идома бидихем. Ва навбати аввалро (чун хамешаги!) МИРЗО Косимов ба душ гирифт.  Акнун чанд нафари дигар он руз ва шояд то он руз хам,  Мирзоро зора хоханд кард, ки  «Мирзочон, мара нагу, ки вазъият безебай…»  Ва ё амсоли ин.  Мо-хамкурсон-инжинерон кариб хама -дар ягон чо инжинер нестем ва шояд хамаги физика ва электроникаро фаромуш карда бошем. Аммо мухаббату мехри хамдигари мухимтар аст, ки мо онро асло фаромуш намекунем. Ба хар сурат, ман ба ин бовари дорам!

====================================================

 03.01.2010.        Мегуянд, ки бахилу бадният ба максадаш намерасад.  Ман хам бовар мекардам.  Вале хаёт нишон медихад, ки онхо ба максадашон мерасанд.  Шояд аз он аст, ки хамин гунахо бисёранд холо?!  Бинед, ки дустро дар 1 солу 2 сол хатто шинохта намешавад,  аммо бадниятхо дархол дуст мешаванд. Ё не?  Ба хар сурат, ман хамин гуна фикр дорам.  Хайрон мешавам, ки мардумро атрофиён ва аввалтар аз хама -мухити оилаи худашон комилан дигар мекунад. Ё таъсири кух аст, ки ман дар огушаш бузург шудам, ё таъсири бобокалонхо-ё пушти ман аст, ки соддаву оддиву хоксору замини будаанд, ё таъсири бод аст дар Вашгирд,  ки андешахои нохубро руфтааст- баъзехоро бо баъзе андешаву амалу харакат ва бехаракати мебинаму хайрон мешавам. Ё ман соддаи содда хастам ва ё аз онхо  (ки фикр мекунанд, пешрафта хастанд!) кафонмода!  Чи хел хайрон намешави, вакте мебини ки:

  • мард мисли  занхо ноз мекунад ва кахр;
  • вакте ки аз ту бесаводтар бо ту ба зу-ууур ва дили нохохам салом мекунад;
  • вакте мебини, ки бахилхо дар бораи Хотами Той сухбат доранд;
  • вакте ки  ким кадом манкурт  дар махфиле  туро мачбур мекунад , ки русси гап зан (дар Точикистон!)
  • замоне мебини, ки «мард»  бо мард ру ба ру сухбат намекунанд,   «му ба му» мераванд;
  • вакте мешунави,  ки мардхо гайбатчи шудаанд;
  • мебини,  ки нафаре  «пулам наравад»  гуфта,  гурусна мегардад ва интизори як  «хой» меистад;
  • замоне мебини, ки як хамкору хамсаломат аз комёбии ту норохат мешавад  ва кариб, ки  «худро меовезад»:
  • мебини, ки баъзехоро таркиши дунё хам ба  ташвиш намеорад, форигболе хастанд,  ки то ба-ааааассссс гуфтан;
  • вакте мебини, ки гурухе аз одамон  доим, хамеша, хамавакт, шабу руз….аз чизе ва ё касе норозианд;
  • вакте мебини,  ки дигарон ба гапи мардум зиндагии худро тартиб мекунанд ё танзим мекунанд;
  • вакте мебини, ки баъзехо чизхоеро фахмидан мехоханд, ки ба онхо дахл надорад, тамоман дахл надорад;
  • вакте мебини, ки баъзе оилаи точик ягон бу аз точики надорад….

Акнун гуед, ки ман ягон чиз аз  «осмон»  гуфтам?  Ман имшаб факат хамин чиро фикр кардаам.  Хайрон мешавам. ….

==================================================

04.01.2010          Баъзан дар бораи оилаи худамон ва бародару хохаронам фикр мекунам. Хамон вактхо хам тарбия кардани фарзандон осон набудааст. Харчанд чангу гуруснаги ва бухрону кахти набошад хам, тарбияи 6 фарзанд хаёлам, ки осон набуд. Чи дар ёди ман мондааст:

  • хонаи мо бе мехмон набуд;  
  •  бозичаву велику …харчи доштам;
  • ба мактаби мусики мерафтам; аккордеонро аз ончо ба хона меовардам, ичозат медоданд, ки дар хона машк кунам; 
  • футболбози шугли асосии ман буд, ба он хар руз машгул мешудам;
  • ба назди як муллои обруманд, ки хонааш аз хонаи мо 1,5 км дуртар буд,  сабакомузи мерафтам; як замон дар як руз чанд маротиба мерафтам ончо;
  • дар таги  сабдаи назди хонаамон пайваста бози мекардему як замон кат хам сохта будем;
  • «рогатка» доштам :), шомгохон ба зери чинорхои канори рохи беморхона ва чойхона мерафтем, «хавокураки»  хам тир ба нишон мерасид он вакт;
  • хонаи мо аз адир ва пуштахои сабз дур набуд ва мо доимо ба дулоначини ва кокутиву пудиначини мерафтем;
  • мо он вакт гову буз надоштем, вале хар навбати подаи бибиамро интизор мешудем, ман подабони мерафтам;
  • «адабчуб»-и модарам дар бештари маврид банди чойнаки барки буд, ки  «на-ааааагз» таъсир дошт;
  • падарам асалпарвар буд  ва  бо дустони руссу точикаш ба ин кор машгул буд;  Он вакт мардум кам ба ин чиз ахамият медоданд;
  •  бо мо хамеша модарам дарс таёр мекард: навиштан, хондан….хама чиро меомухт;
  • ман дар мактаби миёна як вакт сардори синфу сардори отряди пионери будам; гушаи синфии мо ба номи Олег Кошевой буд;
  • Аз  пиразанхои  кучаамон кам-кам кампири Ороста ва бештар кампири Нозила ба ёдам хаст;  чехра ва рохгардии Бобои Камолро хам ба ёд дорам;
  • ба ёдам хаст, ки дар хонаи амаки Хайдар ман гитаранавозии хамсинфони Илхом (писари шахиди у!) ро тамошо мекардам, онхо шавки маро дида, хатто гитараро барои шаб нигох доштан ва машк кардан ба ман медоданд;
  • дар ру ба руи хонаи мо барои сохтани бинохои истикомати чукури канда буданд ва мо дар хамаи онхо футболбози ва бозихои дигар мекардем;
  • русхо дар хамсоягии мо кам набуданд;
  • як вакт дар хона сагча бони мекардам, харгуш хам.Лекин ман чизеро он вакт намедонистам, ки шумори харгушхо хич зиёд намешуд-харгушчахо чашм накушода мемурданд. Холо хам он сирро намедонам;

Боз чанд ходисаву хотираи дигар канда-канда  ва хира дар хаёлам хаст… Имруз чи?  Ба ёди фарзандони мо  чи мемонда бошад?  Шукрона, ки онхо имруз хар чиро мебинанду медонанд, театр мераванд, сиркро медонанд, дар хона компютер доранд …

         Чи гуна ширин аст, айёми кудаки….!   Ба кавли Бозори бузург  «мо акнун кудакиро дар адирхо подабон мондем…»  Инчо дар кудакии кудаконамон,  гумон мекунам,  ки такрор мешавем…

===================================================

24.01.2010      Ман ба андарзхо ва гуфтахои пурмазмуни мардуми доно ва донишманд таваччухи хосса дорам. Ин баъди дастраси ёфтанам ба Интернет бештар шуд. Дар замони донишчуиям дар пушти хар дафтари дарси андешахои муаллими хамон фанро, ки гох иктибос аз касе буд, менавиштам. Эхсос мекунам, ки бо донистани андарз ва суханони пурмаънии дигарон бунёди лугави бойтар мешавад, сухбат кардан шавковар мегардад. Шумо он вакт андешаатонро бо кадом андарзи мувофике таквият медихед. Дар поён чанд андарзро  барои намуна меорам, ки донистани онхо  (ва хам амалкард бо онхо!) аз манфиат холи нест:

Пол Элдридж

   Когда читаешь эпитафии, кажется, что спасти мир можно, только воскресив мертвых и похоронив живых.

Дональд Джон Трамп

    Есть много способов сделать карьеру, но самый верный из них — родиться в нужной семье.

Василий Макарович Шукшин

Когда нам плохо, мы думаем: ”А где-то кому-то — хорошо.” Когда нам хорошо, мы редко думаем: ”Где-то кому-то — плохо.”

Альберт Эйнштейн

Есть только две бесконечные вещи: Вселенная и глупость. Хотя насчет Вселенной я не вполне уверен.

 Кэтрин Уайтхорн

Вот лучший совет, который можно дать юношеству: «Найди что-нибудь, что тебе нравится делать, а потом найди кого-нибудь, кто будет тебе за это платить.

Наполеон I

Я бываю то лисой, то львом. Весь секрет управления заключается в том, чтобы знать когда следует быть тем или другим.

Демокрит

Если даже ты наедине с собой, не говори и не делай ничего дурного. Учись гораздо более стыдиться самого себя, чем других.

Ричард Бах

Неприятности — это еще не самое плохое из того, что может с нами произойти. Хуже всего, когда с нами ничего не происходит!

Антуан Ривароль

Те же самые средства, что делают человека способным разбогатеть, мешают ему наслаждаться богатством.

Виктор Франкл

«Счастье подобно бабочке. Чем больше ловишь его, тем больше оно ускользает. Но если вы перенесете свое внимание на другие вещи, Оно придет и тихонько сядет вам на плечо.»

Михаил Пришвин

Тот человек, которого ты любишь во мне, конечно, лучше меня: я не такой. Но ты люби, и я постараюсь быть лучше себя.

Абул-Фарадж

Глупцы замечают только промахи людей и не обращают внимания на их достоинства. Они подобны мухам, которые норовят сесть только на воспаленную часть тела.

===================================================

 10.04.2010

    Дируз дар маркази нохия, дар ру ба руи мактаби миёнае, ки ман хондам, бо муаллимаи азизам-Зухро Сафарова,  ки ба ман забони англиси омухта буд, вохурдам. Камтар сухбат кардем. Хамон руз у 60 сола шудааст. Тасодуфро бубинед, чандин сол ман уро надида будам ва хамон рузе дар ру ба руи мактаби ман ва у вомехурем, ки 60 солагии зодрузаш аст. Муаллимаи ман 40 сол дар як чо фаъолият кард- мактаби миёнаи тахсилоти умумии раками 1-и нохияи Файзобод. У накл кард, ки замони хатми Донишкада у бояд тибки роххат ба Вазорати маориф ба кор мерафт. Вале раиси комичроияи нохия ШОЕВ барои муаллимае, ки нав оиладор буд ва тавре, ки худи муаллима мегуяд, «холо барои нохия ягон хизмат хам накарда буд», манзили сехучрагиро «тухфа» мекунад ва уро барои кори доими ба хамин мактаб даъват мекунад. Он марди окил гумонам, дарк кардааст, ки ин духтари чавон барои тарбияи насли наврас ва барои мактаб умрашро фидо ва сарф мекунад. Хамин гуна хам шудааст. Он замон мутахасисони рус бештар аз фанни забони англиси дарс мегуфтаанд ва аксари онхо ба  шароиту имкониятхои нохия токат карда наметавонистаанд. Ба хар сурат рохбари онвакта дарк кардааст, ки кадри махалли вафо ва тахаммули дигар дорад! Суол хамин аст, ки имруз ба онхо чи гуна назар доранд? Ки онхоро мепурсад ва дастгири мекунад?…

Муаллима мегуфт, ки ман вакте дар бораи шогирдонам мефахмам, замоне, ки бо ман бо мухаббат салому алейк мекунанд, мепурсанд .. сарам ба осмон мерасад. Ин барои устод бехтарин хадя аст!

Муаллимаи азизи ман! Зодрузи фархундаро барои Шумо самимона табрик мегуям! Худованд бароятон умри дарози бобаракат  бидихад ва наздикону пайвандони Шуморо комёбу сарбаландтар бикунад!

 ==================================================

13.04.2010

      -Мо дар оилаамон 4 писар ва 2 духтар хастем! Модарам як вакт мегуфт, ки  «ман 4 писарро барои бардоштан аз 4 гушаи тобутам зойидаму ду духтарро барои он, ки дар ду пахлуям биншинанду хамон вакт гиря кунанд…»  Модар аст, вай! Хар чи мегуяд, хатто он чизе, ки намехохи, ки гуш куни ва тасаввур куни! Мисли сухане, ки болотар гуфтам. Духтаронаш мисли у хастанд, ороми надоранд, хамеша банди коранд, тозакоранд…Имруз САОДАТ-хохари хурди ман ва хурди хамаи мо дар хона зодруз дорад! Хаёлам, ки акахояшро у дуст медорад, яъне маро хам! Саъодати хонаи мо аст у, у агар бемор шавад, мо хама беморем, у бихандад, хона пури ханда аст, у бонигари кудакони ману кудакони бародари ман аст, у кинагиру бадбин нест…У як олихаи нафису зебоест дар хонаи мо! Хамин фасли гул ва муаттари гувох аст…

Мавлуди хучаста МУБОРАК, хохари ман!!!

==================================================

15.04. 2010

        -Холо, ки мехохам дар бораи худам бинависам, Субхон Саидовро гуш мекунам-таронаи  «Зиндаги»-ро….

         «Мерасад рузе сафои зиндаги…»

Модарам мегуяд, ки ман аз хурди уро аз хам бештар азият додаам, дар кудакиам вакти гизохури онхоро нигарон мекардаам…Баъд мефахманд, ки ман пиёзро хурда наметавонам…. Модарам накл мекунад, ки шабхо  барои  ман факат чои ширин таёр мекардааст… Модари ман хатто шабона барои писари аввал ва «эркааш»-ман   факат картошкаи бирён мепухтааст. Барои он, ки гизои дигар пиёз дошт!  Баъди рохрав шуданам хам «одам» нашудам…Ба хар сангу чубе, ки бархурда меафтидаам, хамаро мачбур мекардаам, ки онро «канда партоянд..»  Як вакт замони мактабхониям хангоме, ки тирезахои хонаамонро бо модарам тоза мекардам, дастамро захми мекунам, хамон гуна захми, ки баъди чанд муддат акнун чанд ангушти дасти рости ман  «кор намекард» ва он панчаам харобу логар буд. Боз модарам назди падарамгиря мекард, ки «ин писар аст- ку, бо ин дасту панча  гуё, ки бедаст хасти. Чаррохи бояд кард…»  Ва маро дар Душанбе чаррохи мекунанд, рагу пайванди шишабуридаро пайванд мекунанд. Рузе, ки дар мактабамон занги охирин буд, ман дар беморхона будам,  боз дар Душанбе-зонуямро ин карат  лат дода будам, модарамро гуфтанд, ки ба мактаб рафтаасту гиристаст, писараш набуд дар он миён… Акнун барои донишчуиву ичоранишиниям у чи кадар гиря кардаву фикр кардаасту хаста шудааст, гумонам бехисоб аст! У дар балогату бузургсолии ман хам аз ман осоиш надид, ки надид… Вакти аз як хамсарам чудо шуданам, чанд шабу руз у нолидаву нахуспидааст,  намедонам! Намедидам…

Холо бо хамсару фарзандонам ба аёдаташ меравам…Гумон мекунам, ки дар  хама дарду ранчаш факат ман гунахкорам, зиёд гамаш додам, аз беакливу дар боаклихоям хам….

«Зиндаги бо ман чи савдо мекунад»…

Ба ёдам хаст, ки падарам маро ба назди муллои обруманде бурд ва у рози шуд, ки маро сабак биомузад. Ман як муддат сураву  намозро омухтам. Холо хам  бо бастани чашмхоям хаёл мекунам, ману у дар рохи хамон деха, аз канори гуристони махалмон пиёда меоем…

Субхон Саидов  имруз баргашта ва факат барои ман суруд мехонад:

«Зиндаги бо ман чи савдо мекунад…    

вале,

   Мерасад рузе сафои зиндаги..»  Мерасад…

===================================================

 29.04.2010

           Хабибуллои Мирзошариф писари аммаи ман аст. Рузи 24 апрел у дар Кохи Чоми барномаи тозаи хунарии худро ба намоиш гузошт. Дар он аз рохбарияти нохияи Файзобод, мардуми касбу кори гуногун аз он нохия ва хам аз Душанбе ширкат доштанд. Омаданашон факат барои он набуд, ки Хабибулло имруз мудири шуъбаи фарханги Хукумати нохия аст, балки хаёлам барои он буд, у  як чавони хунарманд аст. Махз зери рохбарии у мардуми санъатдусти нохия гирди хам омад, муттахидтар шуд, махз бо талошхои у дар озмуне  театри халкии нохия дар чумхури сазовори макоми аввал гардида буд, Шашмакомро ба  Файзобод у  «овард» -хамон гурухи шашмакомхонон дар ончо бо кушишу гайрати у ташкил шудааст, гурухи карнайнавозон таъсис дода шуд, бинои Касри Фарханг таъмиру тармим гашт, театр-студияи хачвии «Шахрошуб» таъсис ёфт, кори мактаби санъати ба номи Дустмурод Али вусъати тоза гирифт, хар сол барномахои консертии хотирмоне барои солгарди мавлуди Дустмурод   Али баргузор мегардад….

Ин руйхати нопурраи корхои  неки анчомдодаи Хабибулло аст. Чи гуна ба махфили марди хунарманде, ки хам овозхон аст хам актёр, хам охангсоз,  хам навозанда асту хам муаллифи асархои гуногуни сахнави аст, хам ширинкору хачвнигор асту…..хам просто, инсони бофархангу бохираду хуб аст, намерави?  Ман барномахои зиёди консертиро тамошо мекунам ва дар онхо  баъзан чун рови ширкат хам мекунам. Лекин рохату фарогате, ки дар барномаи консерти ва хунарии Хабибулло доштам, беназир буд. Латифахои хунарманди мардумии Точикистон Киёмиддин Чакалзода, сахнахои хубу шавковари хачвии  «Шахрошуб» , таронахои маргуби Хабибуллои Мирзошариф куфти чандвактаи чисму рухро баровард. Уро метавон, ки хунарманди касби гуфт ва у дар хакикат хунарманд аст! Худованд на ба хар кас -хатто замони ба у насибгардонии курсихои баланди рохбари хам,  хама имкону истеъдоду хунарро вобаста ба хамон сохааш насиб мегардонад, на ба хама кас…

===================================================

26.07.2010

  Ман рузи 17 июл туйи суннатии писаронам-Аличону Эхсонро гузаронидам! Он дар толори тобистонаи тарабхонаи «Абриколь» буд. Дар поён  барои Шумо аз он махфил  чанд расмро мегузорам.

Ду писар доштан худ галаба аст…
Баходури Гаффорзод бо писарони ман ракс мекунад…
Биби ман бо аберахои худ.
Тагои ман Давлатбек бо Аличону Эхсон
Саидчаъфар, Абдулазиз, Эхсон, Мохшариф, Сайфулло, Фаррух ва ман!
Мизе, ки хамсояхои ман менишастанд
Пайвандони ман.
Шоир Ворис, Абдувохиди Зевар ва Махмадалии Максадуллох.
Чумъаи Мирзо, Аличон Чураев ва мураббии футбол Зохир Бобоев.

=======================================================

I'm Emily

Welcome to Nook, my cozy corner of the internet dedicated to all things homemade and delightful. Here, I invite you to join me on a journey of creativity, craftsmanship, and all things handmade with a touch of love. Let's get crafty!