Ду даҳан гап барои доктор Бахтибек

Ҳеҷ кас ба андозаи фарзанди падар азизу қарину наздикат нест. Махсусан, ба андозаи як хоҳар ва махсусан чени як додар. Ҳоло аз муҳаббатҳои самимӣ ба гумонам ҳамоне боқӣ мондааст, ки дар қалбу хайёлу дар вуҷуди фарзандони банангу номӯси падар аст.

Ман аз додаронам он қадар муҳаббату ихлосу самимияту ғамхориро дидаму эҳсос кардам, ки ҳатто баъзан фикр мекунам, акаи калон неву додари кенҷаашон ҳастам…

Ман ҳамеша додаронамро барои фарзандони худам чун намунаи ибрат меорам. Онҳо дарвоқеъ, намунаи олии инсони комил, дасткушоду дилкушод, ғамхор ва бараҳм ҳастанд. Махсусан, доктор Бахтибек. Ӯ бачаи дӯстдори очаам, духтури ҳозиқи ҳамеша дар канори очаам буд. Ӯ наметавонист дигар хел бошад. Чун ҳамсояву наздику табиби очаам аз мо дида бештар дар хизмату дар сӯҳбати очаам буд, аз мо дида бештар дуои очаамро гирифтааст.

Ёдам ҳаст, ки замони донишҷӯии доктор Бахтибек очаам боре гуфт, ки «бачам, Бахтибек дар гурӯҳи русӣ мехонад, шароити мактабҳоро вақти хатми онҳо медонистӣ… Сахт нагир, бо бачам мединститута напартояд…»

Ман аз аввал нисбат ба дарсу таҳсилу омӯзиш сахтгиру бераҳм будаам. Махсусан нисбат ба таҳсили ӯ. Хатои мисли ман — мутахасиси соҳаи радиофизикаро шояд бахшида шавад, аммо хатои духтурро….

Ва ӯ на фақат Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хуб хатм кард, ки ҳатто духтури хуби кӯдакон ҳам ҳаст ва як замон новобаста ба хеле ҷавон буданаш, масъулияти директории як маркази муҳими тиббиро дар ноҳия ба дӯш дошт…

Имрӯз ман аз доштани се додари лахти ҷигар фахр мекунам. Бахтибек бошад, ифтихори оилаи мо аст. Касбе дорад муҳим, пурмасъулият, вале пуршараф. Чун ҳеҷ неъмате ба ҳадди сиҳатӣ ва тани солим хостаниву бузургу муқаддам нест.

Бахтибек пештар аз духтур буданаш инсони хуб аст, бараҳму масъулитшиносу боимон аст. Дуои волидонамонро гирифтааст, махсусан, каф-каф дуои очаамро…Он ҳафта падарам бароят дуо медод ва мегуфт, ки «ҳамин маз, ки доктор онро аз ҳамон дуриҳо барои ман фиристонидааст, ба зонуҳоям фоида кард…»

Доктор! Зодрӯзат муборак аст! Худованд очаамонро раҳмату мағфират кунад, ки аз ин ҳадяи қисматаш мо имрӯз ифтихор дорему баракат ва сад кас ба хости Худо аз доруву давоат шифо…

Умрат дарозу корат бобарор, танат ҳамеша сиҳату солим ва ояндаат дурахшон бошад. Худованд ба ҳама хостааҳои дилат бирасӣ ва ҳузуру осоиши фарзанду хонаводаро бубинӣ. Ту сазовори ҳама гуна хушбахтиву неъмат ҳастӣ. Сарбаланд бошӣ!!!

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти