Рост аст, ки гузаштан ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ на ба ҳама хуш меомад ва на ҳама комилан розӣ буданд, ки бо ин зудӣ мо ба ҳамин низом гузарем. Дигар маълум аст, ки сабаби асосӣ боз ҳам ҳамон фасоду пора аст. Яъне, низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, ки як андоза омили инсониро камтар мекунад, баъзеҳоро аз гирифтани фоида ва пораи каму беш маҳрум месозад ва шояд аллакай як андоза маҳрум ҳам кард.
Ҳоло, ки як муддати аз оғози татбиқи ҳамин тасмим мегузарад, мушоҳида мешавад, ки на ҳама садогарон ва соҳибкорону тоҷирон ба моҳияти ҳамин чиз пурра дарк сарфаҳм рафтаанд, на ҳамаи онҳо ҳамин гуна ҳоҳиш доранд, ки дар қатори гардиши пули нақд ҳамин низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ҳам рушд кунад. Мо асосан, доираи соҳибкорону тоҷиронеро дар назар дорем, ки ба гурӯҳи хурд ва миёна дохиланд. Яъне, ҳамон гурӯҳе, ки аксарияти мардум, асосан ва ҳар рӯз бо онҳо дар муносибатҳои тиҷоратӣ ва хариду фурӯшу доду гирифт ҳастанд.
Мушоҳида шуд, ки тамоми муассисоти молиявӣ ба сохтани замимаҳо ва барномаҳои пардохти ғайринақдӣ камар бастанд ва ҳам маълум аст, ки касоне, ки аввалтар аз ҳама ин корро карданд ва дар идома аз такмилу бознигарӣ ва беҳтарсозии он барномаҳо хаста нашуданд, тавонистанд доираи мизоҷони бештарро гирди ҳам оранд ва дар бозор мавқеи беҳтареро касб кунанд. Мушкил будани истифодаи он замимаҳо, забони носуфтаи тарҷумаи онҳо ва имкониятҳои маҳдуди онҳо — аллакай мавзӯйи сӯҳбати дигар аст.
Аммо мушкили асосӣ дар ин самт – дуруст кор накардани ҳамин гуна замима ва барномаҳои мобилиест, ки бонку муассисоти молиявӣ пиёда мекунанд. Мардум аллакай хуб дарк кардааст, ки ин гуна замима ва барномаҳои мушкилдор кадом аст, чӣ душворӣ дар самти пардохти ғайринақдӣ мавҷуд аст? (Инро аз навбатпоиҳо дар идораи ин гуна муассисаҳо ҳам фаҳмидан мумкин аст!) Агар сустии интернети мобилӣ як мушкили ҳанӯз ҳалношуда боқӣ монда бошад, ба зудӣ нагузаштани маблағҳои ғайринақдӣ бо айби барнома ва замимаҳои мобилии муассисоти молиявӣ мушкили ҷиддитари дигар аст. Ман поинтар ба ин мавзӯъ бармегардам…
Аммо ҳоло мехостам, кутоҳ дар мавриди татбиқи ҳамин низом, манфиати он, мушкилоти ҷойдошта ва паҳлӯҳои дигар нависам. Умедворам, ки онро ҳамин доираи соҳибкороне, ки ба фурӯш ва пешниҳоди хизматрасониҳои мухталиф машғуланд ва дар ин пайкар як муҳраи асосӣ ва муҳим ҳастанд, мехонанд.
Бояд қайд кард, ки ин тасмим ногузир буд, чунки дар қатори чанд мушкиле, ки метавонист дар роҳи татбиқи он пайдо шавад, манфиат ва имкониятҳои васеъ дорад. Ба имзорасии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025» аз 31-уми октябри соли 2014 ба ҳамин раванд заминаи асосиро гузошт.
Ғайринақдӣ сохтани протсеси пардохтҳо аз нигоҳи иқтисодӣ ва аз ҳар нигоҳи дигар хеле мувофиқ ва қулай аст. Касе ҳоло пули барқу обу хизматрасониҳои дигарро бо ин роҳ пардохт мекунад, бартарӣ ва афзалияти онро хубтар дарк мекунад. Дар шароите, ки ҳама як-ду телефони ҳушманд дорад, татбиқи ин тасмим осон аст. Ҳарчанд, ки масъалаи истифодаи дурусти ин барномаҳо ҳанӯз масъалаи муҳим боқӣ мондааст. Мисли он ки кортҳои нафақа ва маош чандин сол аст, мавриди истифода қарор доранд, вале агар шумо аввали моҳ ва ё вақти маошу нафақа ба назди ҳамон банкомато биравед, мушоҳида мекунед, ки қисми зиёди мардум онҳоро истифода бурда наметавонанд ва барои анҷоми ин амалиёт корт ва ҳатто рамзи корташонро, ки маълумоти махфӣ бояд бошад, ба ким-кадом шахсии бегона бовар мекунад, то ӯ ҳамон пули дар кортбудаи онҳоро нақд бигирад.
Ба назари ман фавран ва дар рӯзи гузаштани маошу нафақа аз банкоматҳо гирифтани он пул ҳам ба ин маънӣ аст, ки ин гуруҳи мардум ҳанӯз дар истифодаи замимаҳо барои пардохти ғайринақдӣ бо кадом сабабҳое пурра омода нест. Дар мавриди дониши молиявии ин гурӯҳи мардум ҳам мешавад, ҷиддӣ фикр кард. Зеро онҳо ҳатман ба гурӯҳи хавф вориданд ва фиреб додани онҳо аз ҷониби қаллобони интернетӣ кори осоне аст!
Санади ҳуқуқии дигаре, ки дар татбиқи беҳтар ва зудтари ҳамин низом, яъне пардохтҳои ғайринақдӣ мусоидат кард, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22-юми июни соли 2023 буд. Маҳз тибқи ҳамин ҳуҷҷат сар аз моҳи августи соли 2023 мебоист тамоми андозу пардохтҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, иҷозатномаҳо, хизматрасониҳои мухталиф, пардохти пули истифодаи обу барқ ва амсоли ин ва ҳама ҳамин гуна падохтҳои дигар тариқи ғайринақдӣ сурат мегирифт. Ин ҳамон вақте буд, ки аксарияти мардум барои гирифтани кортҳои фарогир ташвиқ шуданд ва як муассисаи молиявӣ онҳоро ҳатто ройгон ба мардум тақсим карданд. Чизе, ки бармало дар ин самт мушоҳида мешавад, ҳамин аст, ки мо ҳоло бояд корҳои зиёдеро барои баландтар бардоштани маърифати молиявии мардум анҷом бидиҳем. Чунки мушоҳида мешавад, ки маҳз ҳамин чиз як андоза дар самти истифодаи пурраи хизматрасониҳо, корбурди замимаҳои мобилӣ ва амсоли ин барои мардум мушкил эҷод мекунад. Нуктаи муҳими ин мушоҳида ҳамин аст, ки “мардум” гуфта мо на фақат мардуми одии истифодабарандаи хизматрасониҳо, балки ҳатто ҳамон соҳибкорону тоҷирону фурушандагонро ҳам дар назар дорем, ки мутаасифона хеле маълумоту иттилову донишҳои дигарро аз ин самт ва самтҳои дигари иқтисоду молия ва тиҷорат бояд аз худ кунанд.
Рӯзҳои аввали татбиқи ҳамин низом, агар мушоҳида карда бошед, махсусан дар марказҳои савдо ҳар харидор QR-рамзи муассисаи молиявиеро мекофт ва суроғ мекард, ки пулҳояшоро дар онҷо нигоҳ медорад. Ҳамон вақт ҳам марказҳои савдо на ҳама ин гуна QR-рамзҳоро доштанд ва истифода мебурданд. Баъдтар ин мушкил роҳи ҳалли худро пайдо кард. Ин бо пайдо шудани QR-рамзи ягона имконпазир шуд. Маҳз ҳамин чиз хеле кори муштариёнро осон ва вақти онҳову мизоҷони дигареро, ки дар навбат буданд, сарфа мекард. Вале баъдтар мушоҳида мешуд, ки марказҳои савдо шояд бо назардошти кадом омил ва манифатҳои худашон QR рамзи ин ё он муассисаи алоҳидаро барои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар пеши хазина мегузоштанд. Ҳоло бошад, дар баъзе ҳамин нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар як варақ баъзан бо хати каҷу килеб рақами кадом телефон оварда шудааву номи фақат як бонк ва муассисаи молиявӣ навишта шудааст. Табиист, ки набудани QR-рамзи ягона хеле мушкил эҷод мекунад ва вақти шумо ва дигаронро мегирад.
Низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар чанд соли мавриди татбиқ ва истифода қарор гирифтанаш нишон дод, ки афзалият ва бартариҳои зиёде дорад:
- Гирифтану гардонидани пули нақд дар кисса қариб, ки шарт нест;
- Барои гирифтани пули нақд аз банкоматҳо саргардон намешавед (боз ҳам дар ҳоле, ки мушкили бепул будани банкоматҳо, кор накардани онҳо, вайрон шудани онҳо зиёд расонаӣ мешавад);
- Вақт, ки хеле қиммат аст, бо истифодаи ин низом сарфа мешавад (барои мардум ҳатто пайдо кардани ҳамон идораи ЖЭУ ва ҷойи қабули пардохти пули барқу обу дигар хизматрасониҳо душвор буд);
- Бартарии дигари муҳим – бехатарӣ ва амнияти молиявии шумо аст. Пулҳои шуморо аз корт ва суратҳисобатон дуздидан, мисли он, ки аз киссаву ҷузвдонатон медузданд, осон нест. Иловатан, шумо вақти гум кардани корт фавран метавонед бонк ва муассисаи молиявиро огоҳ карда, маблағҳоятонро ҳифз кунед;
- Агар шахс дониши хуби молиявӣ дошта бошад, имкон дорад, ки тариқи ҳамин низом ва сабтҳое, ки дар замимаҳо гузошта мешавад, тамоми хароҷот ва даромади худро танзим кунад ва барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии худ тасмимҳои иловагӣ ва дурустро қабул кунад;
- Дигар нозирони ин ё идораву сохтор барои гирифтани пули истифодаи хизматрасониҳои мушаххас шабу нимшаб дари хонатонро накӯфта, шуморо безобита намекунанд;
- Аз нигоҳи шаффофияти пардохти андозу ҳам бошад, ин низом барои ғанӣ сохтани буҷа, пешгирӣ аз факторҳои коррупсионӣ ва мисли ин мусоидат мекунад;
- Истифодаи низоми пардохти ғайринақдӣ имкон медиҳад, ки дар аксарияти маврид баъди пардохт кэшбэк гирифта шавад. Он кам ҳам бошад, воситаи хуби ҳавасмандгардонии муштариён аст;
- Вақте ки барои гирифтани кадом маълумотнома ба кадом сохтор (ЖЭУ, мақомоти андоз ё ҷойи дигар) меравед, аз ҳамин замимаи мобилии худ шумо метавонед далелҳоро дар мавриди пардохт кардани кадом хизматрасонӣ ва ё амалиёти дигар пайдо кунед. Мо қаблан, квитансияҳоро дар кадом кунҷи хона нигоҳ медоштем ва ба нозир нишон додани он барои мо мушкил пеш меовард, чун баъзан гум мешуданд ва аксаран онҳоро мепартофтем;
- Тариқи низоми пардохти ғайринақдӣ бо истифодаи барнома ва замимаҳои мобилӣ гирифтани қарз, бо насия харидани молу ашё ва таҷҳизоти дигар, интиқоли маблағ ҳатто ба беруни кишвар ва пардохти кадом хизматрасониҳо имконпазир аст;
Коршинос ва журналист – Акрам Сангзода дар шаҳру тафсири ҳамин мавзӯъ менависад, ки “давоми соли равон бо мақсади иҷрои босифати Фармони Президенти мамлакат ба якчанд қонунҳои амалкунанда дар робита ба ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тағйироту иловаҳои зарурӣ ворид шуданд. Моҳи октябри соли 2023 дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту иловаҳо ворид шуданд. Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи дар боло гуфташуда таъмини босифати иҷрои талаботи банди 6 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» мебошад”.
Акнун мешавад ба қисмати аввали маводи мазкур баргардем. Баъзан ҳолате сурат мегирад, ки шахс дар кадом маркази савдо ва ё масалан, нуқтаи фуруши маҳсулоти нафтӣ дар ҳолати ногувор мемонад. Шумо мехоҳед тариқи ғайринақдӣ, масалан, пули бензинро пардохт кунед. Дар он нуқта хазинадор, ки аксаран шахсони бе маълумоти иқтисодӣ ва иҷрочӣ ҳастанд, ба шумо мегӯяд, ки мо инҷо фақат пулро тарқи фалон бонк ё муассисаи молиявӣ, масалан Душанбе Сити, қабул мекунем. Аксар вақт, ба ҷойи QR рамз, тавре ки болотар гуфтем, дар як варақча онҷо кадом рақами телефон навишта шудааст ва шумо бо сарфи вақти бештар пулро мегузаронед. Эҳтимоли мушкил доштани интернет, сустии он, дертар гузаштани маблағ ба ҳисоби он хазинадор (шахси ҳуқуқи не!) ва ҳолатҳои дигар ҳатман ҷой дорад. Тасаввур кунед, ки ронандаҳои дар навбат буда аз қатори мошинҳо ба сигнал додану безобита шудан сар мекунанд. Пул аз ҳисоби шумо гирифта мешавад, вале ба ҳисоби он хазинадор намегузарад. То он пул нагузарад, хазинадор аз тарси корфармо ва соҳиби он нуқта ягон хел амалиётро анҷом намедиҳад. Чӣ бояд кард? Чаро чунин ҳолат рӯх медиҳад? Бовар кунед, ки ҳатто ворид кардани тағирот ба қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии ҷорӣ осонтар будааст аз он, ки моҳияти ҳамин чиро соҳиби кадом маркази савдо, дӯкон ва нуқтаи фурӯш, мисли нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ фаҳманд. Наход дар ҳамин нуқтаҳо, ки шабонарӯз миллионҳо сомонӣ даромад доранд, як нуқтаи ВАЙ ФАЙ –и ройгон гузоштан мушкил бошад? (Барои мисол, дар Бонки Алиф, дар маҳаллаи 101-и Душанбе, ҳамон ҷойе, ки шабонарӯзӣ фаъолият мекунаду терминал ва банкоматҳо дар хизмати мардуманд, барои мизоҷон вай — файи ройгон аст ва вақте ки ворид шудед, телефонатон ба он пайваст мешавад. Ҳалолашон бод!) Наход дар як варақи калону фаҳмо ва замонавӣ чоп кардани QR –рамзи ягона ва насб кардани он пеши хазина ҳамин қадар душвор бошад? Баъзан бо сабаби кадом мушкил дар бонк ё муассисаи хизматрасон пули тариқи ғайринақдӣ ба воситаи замимаҳои мобилӣ пардохткардаи шумо барои кадом молу маҳсулот ва хизматрасонӣ 4-5 соат пас ё бадтар аз ин — фардои он рӯз мегузарад. Даҳшат боз ҳамин аст, ки рақами ҳамешафаъоле, ки дар сомонаҳои ин гуна муассисот навишта шудааст ва мантиқан ҳамеша бояд фаъол бошад (мисли ин рақам +992 44 630 9999) аслан кор намекунад!!! Дар шароите, ки инсоният ба зинаҳои болотари татбиқи ҳамин низом ва истифодаи бемушкили он даст меёбад, ҷой доштани ин гуна мушкил, печидагӣ ва камиҳое, ки мизоҷро ҳатман асабӣ ва нороҳат мекунад, хуб нест ва ҳатто айб аст.
Бо назардошти гуфтаҳои боло ва дар идома барои татбиқи пурра ва комили ҳамин низоми дарвоқеъ хуб пешниҳод мекунем, ки ба чанд нуктаи муҳими ба ин самт вобаста таваҷҷӯҳи бештар сурат бигирад:
- Тамоми муассисоти молиявӣ ва бонкҳо, ки ҳамин гуна замимаҳои мобилӣ доранд, рақами ҳамеша фаъол ва маркази иттилоотие дошта бошанд, ки фавран ба мушкили мардум дастрасӣ кунанд; Будани он рақам дар назди хазинаҳо ҳатман зарур аст;
- Беҳтар мешавад, агар ҳама муассисоти тиҷоратӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва махсусан, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ вай-файи ройгон дошта бошанд, то дар ҳоли бе интернет будани мардум ва ё сар задани кадом мушкил тавонанд аз он истифода барад;
- Агар мавҷудияти QR рамзи ягона барои пардохт дар тамоми нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ пайваста санҷида шудаву назорат шавад, хеле хуб мешавад;
- Аввалтар аз ҳама барои худи соҳибкорон, тоҷирон, соҳибони патенту шаҳодатнома ва онҳое, ки дар марказҳои хизматрасонӣ, тиҷоратӣ ва мисли ин кор мекунанд, давраҳои омӯзишӣ ва курсҳои пайвастаи маърифати молиявӣ баргузор шавад;
- Вақте ки мардум соҳиби корт мешавад (ҳар гуна корте ки бошад!) кӯтоҳ ба онҳо моҳияти рамзу истифодаи корт, эҳтимоли қаллобиҳо бо корт ва кибер-ҷиноятҳо гуфта шавад ё мешавад, ки кадом дастурамали ба забони фаҳмо, сода ва дуруст навишта шударо ҳам дар қабати корт барояшон бидиҳанд;
- Соҳибони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ талош кунанд, ки мушкилеро, ки дар пардохт бо айби муассисоти молиявӣ, интернети суст ва ё истифодаи маҳдуди кадом замима сурат мегирад, фавран ҳал кунанд. Ҳоло мушоҳида мешавад, ки шумо ба онҳо пул доданӣ ҳастед, вале дар ҳолати нагузаштани он, надоштани QR рамзи ягона ва мисли ин — ташвиши гузаштани он пул фақат ба дӯши худатон аст;
Ман фикр мекунам, ки ҳар харидор ва мизоҷ ва истифодабарандаи хизматрасониҳои пулакӣ бояд пештар аз рафтани ба ҳамин гуна марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ё ҷойҳои дигаре, ки кадом пардохтро анҷом додан зарур мешавад, аслан бояд нигарон набошад, ки онҷо пардохти ғайринақдиро қабул мекунанд ё не?! Ҳоло бошад, мушоҳида мешавад, ки пештар аз рафтан ба куҷое мизоҷ, харидор ва шаҳрванд (ки аз суръати интернеташ нигарон аст ва ё боварӣ надорад, ки онҷо имкони пардохти ғайринайдӣ ва QR рамзи ягона барои пардохт мавҷуд аст) ҳатман киссаҳояшро даст-даст мекунад, ки пули нақд дорад ё не?!

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Бонки миллӣ, бонк, замимаи мобилӣ, корти бонкӣ, пардохти нақдӣ, пардохти ғайринақдӣ, пул, пули нақд |












Добавить комментарий