Модар бо будан ва ҳастиаш маънии зиндагӣ аст. Инро ҳамоне беҳтар дарк мекунад, ки модар дар канораш нест ва метавонад ҳастӣ ва мавҷудияти худашро дар ҳошияи ин ду ҳолат – яъне, будан ва набудани модар, муқоиса кунад.
Дар ин ду ҳолат чашмҳо чизҳо ва рангу суратҳои тамоман дигарро мебинанд. Агар бо буданаш хона зебову пур буд, имрӯз бе ӯ хонаҳо бо будани ҳама холӣ ва сард аст. Агар бо буданаш барои пиёда ва раҳ ба раҳ то деҳа рафтан баҳонаи зебое буд, имрӯз бо мошин ҳам ҳавсалаи рафтан кам шудааст.
Бо буданаш ҳамеша такядору маслиҳатгар доштӣ, имрӯз дар миёни ҳама эҳсоси танҳоӣ мекунӣ….
Ҳар лаҳзае, ки бо модар иртибот дошт, бо ҳузуру ширкату ӯ сурат гирифт дар лавҳи хотирҳо маҳфуз аст, дар ёдҳо боқӣ аст ва он албатта ширину хотирмон аст.
Ҳамин гуна лаҳзаҳои ширину нотакрор ҳамон вақтҳое буд, ки ман модарамро бо мошин куҷое мебурдам. Модари ман зани хеле бо тамкину оқил буд. Сӯҳбатҳояш чӣ лаззату шириние доштанд…Ва ҳар вақт ҳатман мегуфт, ки “бачам, мошинат бензин дорад, надорад… Маро то Садбарг бар, бо таксӣ мерам хона…”
Ва чанд карат баъди ҳамин ҷумла мегуфтам, ки “оча, ақалан ҳамин шонсро барои мо диҳед, ки шуморо то хона ба мошин барам …Ман ку бароятон то ҳол ягон кори дигар карда натавонистаам…”
Аз шаҳр то деҳа ҳамагӣ 50 км аст. Аммо ман мошинро оҳиста мерондам, ки фурсати бештар дошта бошему сӯҳбат кунем. Ӯ гӯяду ман гӯш кунам, ман пурсаму ӯ ҷавоб диҳад. Сӯҳбату суханронии модари ман ҳамеша пури мақолу зарбулмасалу панду андарз буд. Модари ман хотираи хубе дошт ва аз худ барои мову наздикон хотираҳои ширине гузоштааст.
Ба ин ҳад сарфакор, дилсӯз, ғамхор, сахтгири хеле меҳрубон ва масъулиятшиносу ботамкин фақат модар аст. Модаре, ки ҳатто як алами бемодариро ду китоб дубайтиву рубоӣ кунӣ ҳам, сабук намешавӣ ва ғами ҳиҷрону дуриву фироқаш як зарра ҳам кам намешавад….
Вале,
Рӯзи модар барои модарону хоҳарони азиз муборак бошад! Саломат, хушбахт ва муваффақ бошед!!!

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: 8 уми март, Иди модарон, Субҳон Ҷалилов, Файзобод, аламҳои бемодарӣ, модар, оча |












Добавить комментарий