Бо мустакил шудани Точикистон рафтуои мардуми манотик ва кишвархои дигар ба чумхурии мо бештар шуд. Акнун шахрвандони хоричи на факат бо максади дидори расми, балки барои зистан ва фаъолияти дуру дароз ба кишвари мо меоянд. Солхои аввали мустакилият эхтимол касе фикр хам намекард, ки як зани точик метавониста бошад, ки бо марди сияхпуст ва ё хитоие оиладор шавад ва дар як болин сар монад. Аммо холо мебинем, ки ин гуна никоххо ва «ба хам омаданхо» кариб ки як чизи мукаррари аст. Ва ман дар чандин хамин гуна туйхо рови хам будам. Мардхои точик хам кам нестанд, ки хамсарони хоричи доранд, аммо аз руи хислату хулки мардхо бошад, ки мо инро хуб кабул мекунем. Дурустараш, ба мо ин чиз сахт намерасад! (Яъне, агар ман зани афгон ва ё рус бигирам, маро он кадар бад намебинанад, ки духтари шавхари хитои ё рус кардаро бад мебинанд) Аммо аксарияти мардхо хангоми дидани манзараи туи як шахрванди хоричи бо зан ё духтари точик хатто ба газаб хам меоянд. Ин оё вокеан хам боиси ташвиш ва ояндасуз аст?
Бо хоричихо никох бастанро барои шахрвандонашон дар чанд кишвар аллакай манъ кардаанд, масалан дар Аморати Муттахидаи Араб чанд руз пештар ин махдудиятро чори карданд. Хануз замони сари кудрат буданаш президенти Туркманистон С. Ниёзов барои никох бо духтарони хоричи пардохти 50 хазор доллари амрикоиро ба рох андохта буд. Дар Хитой хам агар хато накунам, новобаста ба шумораи хеле зиёди ахолиашон, дар самти никох бо шахрвандони хоричи махдудият чори аст. Масалан, дипломати хитои, ки хамсари хоричи дорад, наметавонад, ки дар сафорати кишвараш дар хорича макоми баланде дошта бошад. Дипломатхои чавон бошанд, пештар аз оиладориашон бояд барои макомоти дахлдор маълумоти заруриро дар мавриди хамсари ояндаашон пешниход кунанд. Ба андешаи Шумо дар ин кишвархо хукуматдорон аз чи метарсанд?
Баъди ба кишвари мо омадани ширкатхои чини миёни мардум хамин гуна гапу гапчахо дар мавриди хамхоба шудани духтарону занхои точик бо онхо пахн гардид. Бадтар маълум гашт, ки онхо асоси вокеи доштаанд ва дуруг набудаанд. Чанд руз кабл низ хабареро хондам, ки чанд тан зани сарсон аз Атуш-бозори маркази вилояти Хатлон бо тифлони худ дар суроги «хамсарон»-у «падарон»-и хитоии худ будаанд. Гумонам, ки як сабаби тарси хукуматдорони кишвархои дигар, ки ин гуна махдудиятро дар самти никох бо хоричихо чори кардаанд, хамин аст! Маълум аст, ки то замони набудани ин гуна махдудият дар кишвари мо низ пеши рохи никох бо шахрвандони хоричиро касе гирифта наметавонад.(Шояд баъди чори кардани махдудият хам ин зухуротро пурра пешгири кардан дигар гайри имкон бошад!) Аммо ба хар сурат, биёед як бор фикр мекунем, ки чи чиз чабаб мешавад, то занону духтарони мо ба хамсарии мардхои баъзан бенамуди хоричи рози мешаванд?
- бо ин рох гурухе, ки шояд то хамин руз дар орзуи пули бештаре буданд, ба он дастраси меёбанд (муваккатан хам бошад!);
- барои гурухи дигар шавхари точик доштан «шавковар» нест, аз чониби дигар онхоро дар хамон деха ва нохияи худ дигар касе дар накши хамсар ва хатто хамхоба хам тасаввур кардан наметавонад;
- барои гурухи дигаре хамин гуна хамхобаги эхтимол хамон рангоранги дар зиндагиашон бошад, ки хеле боз орзу мекарданд;
- гурухи дигар хаёл мекунад, ки баъди он, ки шавхари хоричи карданд, лоакал ба дидани кишвари у мушарраф мегардад;
- гурухи дигар факат ба хотири имконияти бештареро ба даст овардан барои хамхобаги ва баъзан никох бо мардхои хоричи рози мешаванд. Вакте мешунавед, ки кадом марди хоричии пулдор барои духтари точик мошин тухфа кардааст, ин дуруг нест. Тухфа мекунанд, аммо баъзан «язна» он тухфаи худро бозпас мегирифтааст. Бовар кунед!;
- шояд гурухи дигаре хам бошад, ки ин гуна хамхобаги ва «никох»-ро на барои пул анчом медихаду на сарвату на шухрату на тамошои кишвари дигаре. Онхо мушкили дигаре доранд…
Як вакт бо сафари кори аввал бо рохи агба ба минтакаи шимоли кишвар сафар кардам ва баъдтар дар доираи хамон сафар ба манотики шарки. Дар рох ба вилояти Сугд мардуми хитоиро медидам, ки канори роххо кор мекарданд ва хобгох хам доштанд. Хамсафарони мо накл мекарданд, ки киссахои зану
шавхарии мардони хитои бо духтарону занхои точик дар он махалхо хатто ба шакли латифа хам даромадааст. Аммо вакте ки дар нохияи Точикобод бо мардуми он минтака сухбат кардаму хамин саволро додам, ки «духтарони ин чо хам шавхари хитои мекунанд?» , онхо гуфтанд, ки «холо ин гуна нашудааст». Рохсозони хитои дар он минтака хам кор мекунанд. Вале духтарони он минтака ба онхо наздики надоштаанд. Хамсухбати мо гуфт, ки «мардхои ин чо барои ин кор тамоман ичозат намедиханд, агар ин гуна холатро фахманд, тамом…»
«Тамом»-ро гумонам, ки шумо хам фахмидед, ба кадом маъни буд? Агар вокеан хам ин рост аст, пас маълум мешавад, ки сабаби асосии доман пахн кардани зухуроте, чун никох ва хамзистии гайриконуни ва гайридинни бо мардони хоричи, ин бетарафаи ва бепарвоии мардон аст?!
Аз суи дигар мо дар аксари мавридхо хеле дер ба чизе вокуниш нишон медихем. Масалан, кайхо фурсати он расидааст, ки хамин чиз дар доираи конун ба танзим дароварда шавад. Баъзехо дар мавриди маводи газетахо дар бораи ду зан доштану дустдошта доштани касе бо харорат назари худро мегуянду менависанд, аммо дар мавриди он, ки баъди чанд соли дигар эхтимол ягон кудаки симову чашми точики доштаро дар кучахо намебини, касе чидди икдом намегирад ва вокуниш нишон намедихад!
Ба назари Шумо дар Амораи Муттахидаи Араб, Филиппин, Австралия, Хитой, Туркманистон ва мисли ин давлатхо чори кардани баъзе махдудиятхо ва пардохти маблаг барои никох ва оиладори бо хоричиён кори нодуруст аст? Ё занону духтарони мо арзандаи он нестанд, ки масалан, мисли як духтари туркмани барои никох бо у аз як «язна»-и хитои ё хинди 50 хазор доллар ситонида шаваду он дар холати чудошавии онхо ба ин зани точик чун чуброн дода шавад? Холо мисли он ду зане, ки бо тифлонашон дар Кургонтеппа «шавхар»-и хитоии худро кофта иситодаанд, чандин зани точик дар куча сарсону аз оиладориаш бо марди хоричие пушаймон асту ба 10 сомони ниёзманд!
Дар кишвархое, ки дар андешаи ояндаи насли худ хастанд, ба масъалаи никохи байналмилали таваччухи хосса доранд. Масалан, дар донишгохи Джон Хопкинси Вашингтон барои донишомузон курси махсусеро дар ин маврид мегузаранд. Аз соли 2003 дар Австралия барномаи махсусе вобаста ба ин масъала пиёда мешавад. Ин барномаи амал баъди ходисаи чанчоли марди хамватани онхо бо духтари рус тахия ва пешниход гашт. Аммо дар Точикистон холо ин кадар «озод» хастем, ки дигар ояндаи духтарону занхое, ки мардхои хоричи онхоро фиред додаанд, кам касеро ба ташвиш меорад! Максади ман махдуд кардани озоди ва хукукхои занон нест. Аммо бубинед, ки дар холи «кидат» шуданаш он зан хатман барои кумак ба макомоти давлати мурочиат мекунад-ку?! Магар хуб нест, ки пештар аз ин гуна ходисахо чорае андешем? Масалан, агар барои мардони хоричи оиладориро бо занону духтарони точик баъди пардохти 50 хазор доллар гаравпули ичозат бидиханд, он вакт холат дигар мешавад! Зеро аксарияти мардони хоричи, ки инчо хам аз хамбистари бо зеботарин духтарони точик ифтихор мекунанд, дар ватани худ як зану чанд зани дигар ва чанд хона бачча хам доранд!
«Бо кадом шарт Шумо барои оиладори бо марди хоричие рози мешавед?»
Ин саволе буд, ки ман ба чанд тан аз дустони худ аз миёни занхо додам.
Рухафзои Иброхим, корманди агентии Tojnews:
-Аввал ин, ки ман намехохам шавхари ман марди хоричие бошад. Аммо агар ин гуна иттифок уфтад, ман мехостам, ки аввалтар аз хама у мусулмони суннимазхаб бошад! Мухим барои ман хамин аст. Хама чизи дигар дуюмдарача аст!
Гулбахор Усмонова, мудири китобхонаи Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакии АУ Точикистон:
-Рости гап, намедонам..Шояд ба хамон шарте, ки дини Исломро кабул кунад ва маро мачбур насозад, ки анъанаву урфу одати миллати уро анчом бидихам. Вале ман аслан дар мавриди шавхари хоричи фикр намекунам!
Мехрангез Исмоилова, корманди шабакаи иттилоотии «Чахоннамо»:
-Шахсан ман ба марди хоричи ба хеч вачх хонадор намешавам ва волидонам хам ба ин гуна никох рози нестанд. Барои он, ки онхо духтарони зебои точикро факат барои фарогату вактхуши гирифта, баъзан ба ватани худ мебаранд ва дар аксари маврид миёни рох танхо мегузоранд. Ин гуна вокеаеро ман медонам, ки духтари точик бо марди афгон дар инчо хонадор шуд. Баъди он, ки духтари точикро ба Афгонистон бурд, маълум шуд, ки он мард дар ончо боз чанд зани дигар дошатааст. Духтари хамватаи мо баъди як муддати гуломи гурехта ба ватан омад…Духтарони мо дар кинохо шароити зиндагии мардуми хоричаро дида, хавасашон меояд. Баъди оиладори бо хоричиён дарк мекунанд, ки дар ватан будан ва зиндагии осуда доштан бехтар будааст!
Фарзона Домуллочонова, корманди Шабакаи аввали ТВТ:
-Бештари духтарони точик барои сарвату дорои ба никох бо мардхои хоричи рози мешаванд. Лекин ин кори онхо хато аст. Никох в оиладори бо марди точик хазор бор бехтар аст. Шояд баъди он, ки марди хоричи ва духтари точик хамдигарро дуст доранд, оиладор шудани онхо мумкин бошад. Аммо ман умуман ба ин гуна оиладори рози намешавам!
Матлубаи Додихудо, корманди идораи иттилоотии Радиои «Ватан»:
-Ман факат ба он шарте барои оиладори бо марди хоричие рози мешавам, ки дар Точикистон бимонад ва расму одату таомули моро кабул кунад. Вале агар амиктар фикр кунем, занхо ва духтарони точик бояд бо мардхои хоричи оиладор нашаванд ва хуни точикии худро вайрон накунанд…
Онхое, ки холо шавхари хоричи доранд, эхтимол ки баъди хондани андешаи хамсухбатони ман харфи зиёди гуфтани ба онхо дошта бошанд. Шояд мегуянд, ки «мардхои точик холо чои кори хуб надоранд, пули кам доранд, факат дар Руссия ва мардикори хастанд…» Ё шояд акнун бо забони марди хоричии шавхарашон чизе гуянд, ки мо умуман онро намефахмем!…
Мухаббат ва дустдори албатта гуворотарин ва пурарзиштарин эхсос аст, аммо ки гуфт, ки хамхобаги мухаббат аст? Хуб мебуд, ба хотири ояндаи хуби миллати точик, ба хотири сарсону саргардон ва дар миёнрох намондани модару хохари точик, бо назардошти хукуку озодихои онхо дар ин самт тартиби арзандаеро чори мекардем. (Зеро, ки ягон зани точик мисли он, ки дар кишвархои дигар буд, барои куштани шавхари хоричиашу гирифтани пулхои у ба шавхар намебарояд!) Ин гуна икдом метавонад, ки махдудият ва шартгузорихои мушаххас ва ё хамон гуна гаравпулии на камтар аз $ 50 000 бошад. (Масалан, он маблаге, ки марди хоричи барои оиладор шудан бо зани точик ба хазинаи давлат супоридааст, замоне, ки оилаи онхо тинчу осуда аст, метавонад дар бонке дар гардиш бошад ва фоизи муайяни он ба суратхисоби фарзандони аз гуна никох ба дунё омада гузаронида шавад!) Он вакт хам манфиату амнияти зану модари точик таъмин мегашт ва хам шумораи занони аз мардхои номарди хоричи фиребхурдаву хайрон кам мешуд.


Добавить комментарий