Телевизион дар Точикистон аз охири солхои 50-ум ба фаъолият сар кардааст. Дар ин муддат садхо нафар чавон ба ин даргох ба кор омадаву пир шуданд, саду як барнома дар эфир пахш шуд, хазор нафар  ба воситаи ин дастгохи муктадир барои мардум муаррифи шуд. Вале ба ёд факат бехтарин нафарон, хубтарин барномахо ва ширинтарин хотирахо монд. Дар зер сухбатеро бо Барандаи Чоизаи ба номи А. Лохути дар соли 2011, мухаррири варзидаи  идораи «Эчод»-и Муссисаи Давлатии Телевизиони Сафина — Зафар Саидов пешниход мекунам.

Хонандахои блоги ман «Сиришт» -ро тамошо кардаанд ва Шуморо хам мешиносанд. Аммо шояд киссаи аз Шабакаи аввал ба ТВС омаданатонро надонанд. Чи гуна аст он?

-Ташаккури зиёд, сараввал миннатдории худамро ба  Шумо бародари азизу азизтар аз хама Субҳон Чалилов ва хонандаҳои ҳушманду бомаърифату некбини  Сомонаи  Шумо https://subhonjalilov.wordpress.com/ мегўям, ки моро ёд кардеду   аз фаъолияти андаки мо бохабар шудан мехохед.  Наврўзи ҳамаи шумо муборак бошад. Дуогўи онам, ки ҳамеша андешаҳову орзуҳои шумо мисли сабзаи Наврўзи сабз бошад.

    Аз хони  «Шабакаи якум» порае  нон хурдам, носипос нестам, шукр мекунам, ки фаъолияти кориямро аз ин академияи бузург огоз кардам.  Барои чи академия барои он, ки   дар хама пахлухои   касби хеш обутоб ёфтам. Бисёр чизхоро омухтам,  барои пешравии корам , бисёр чизхоро шунидам, ки намешунидам хуб буд, бисёр чизхоро дидам, ки намедидам хуб буд.  Хулласи калом,  касе сабабу боиси рафтани ман аз ин шабака  нашудааст. Худам бо хохиши худ бо сари баланд вораста аз вобастагии тахмили андешаву ангораи ҳар касу нокас аз кор рафтам.  Ба хулосае омадам, ки хозир ман  чавонам, бояд дар дигар шабака  ва ё дар дигар кор худро санчам. Ба рости дилам аз хама монда буд, касди сафар гирифтам, аммо ба кучо ?  Чун дигарон ва хама,ба мухочирати мехнати ба шахри Москваи ФР, аммо    Комил Холов собик сармухаррири  идораи «Симо»-и Шабакаи якум , ки якчо бо эшон фаъолияти кори дар як гурух  доштем, маро ба  Маркази медиахизматрасонии худ «Килк» даъват ба кор кард, тули се мох кор кардам, аммо хушу гушам  ба мухочират мехнати банд буд.   Лекин Лутфулло Давлатов  боис гардиду  маро аз ин андешаам гардонд. На пули зиёд  дар корам ваъда карду на чизи дигар,  ќатори дигарон шароити кори муҳайё карду ман озод кор кардам. Ва бисёр миннатдорам аз ин марди хираду донистакор дар кор ва даркор дар хамсони чунин коргоҳ.  Ба «Сафина» омадам,  дар идораи «Эчод», ки  сардабиришро  чавони боистеъдод Нури Наср  ба зимма дорад. Бо коргадони бисёр нозукбину тозачин Мухаммадрабии Исмоил  корамро  аз нав сар кардаму  бурд кардам  на  иштибох. 

    Агарчи бисёрихо мутмаин бошанд, ки дарахт дар якчо месабзад, бар хилофи андешаи ҳамин бисёриҳо ичозат бидиҳед, ки ин иддаоро рад бикунам , чаро ки ман  мегуям обу   борон ҳам зарур будааст.   Рафтани ман  аз Шабакаи якум бисёр хуб хам шуд, ки мевахои дар шохи калам расидаи ман ба фасли поиз нарасида  дар «Сафина» пухтанд. Ва инак  миёни чавонони эчодкору  навпардози    Муассисаи  давлатии «Телевизиони Сафина»  чавонеро  пайдо кардан мумкин аст, ки ўро ном  Зафар асту  барои фароѓату истироҳати шумо эчод мекунад, то ки худ зафар ёбад.

Рост аст, ки миёни кормандони телевизионхои мо фарккунанда аз ракобати солим бадбинихои дохили ва байнихамдигари хаст? Рост аст, ки онхо дар гуруххои алохида муттахиданд ва аъзоёни гуруххои дигарро ба кавле эътироф намекунанд?

—Ба рости дар «Сафина»  ба ин гуна гурўҳу бо ин гуна командаву  ракиб,  рў ба рў нашудаам, ин чо фазои хубу мусоиду мувофиќу муносиб ва орому озоди эчодист. Аз Рохбараш сар карда , то коргари ќаториш  хама чавонанду  дили поку беѓаш доранду аз кинаву кудурат дур. Шояд дар дигар касу  чо бошад, аммо дар мо нест!

Фазои «Сафина» барои эчоди барномахои шакли нав мувофик аст? Чи корро бо максади бехтар сохтани сифату мухтавои барномахо иловатан анчом додан мумкин аст?

—Бале,  мувофик аст, аммо барои бехтар сохтани барномахо , кор кардан  даркор аст .  Хавасамандии эчодкор , якдигарфахмии  муаллифу коргардону наворбардор метавонад, ки  ба ин саволи шумо посухи амиќу даќиќ диҳад. Яъне чизи хуб ва босифат офарад, ки пас аз диданаш роҳат куниву  маънии баланд гири. Дигар он ки  такмили ихтисосу таџрибаи  мутахассисонро берун аз кишвар ба  шабакаҳои бонуфузи дунё ба роҳ мондан  лозим аст .    Барои мисол, ман  аз дохили бинои  телевизион ба дилхоҳ минтакаи кишвар сафари хидмати анчом медихам, ки  дар тарзи навишту эчоди барномахоям   дигаргуниро эхсос мекунам . Пас, тасаввур кунед, ки танхо берун аз   пойтахту шабака   чи таъсир дорад ба эчоди эчодкор,    ваќте ки ба хорич мерави, аз  он чо тачрибаи пешрафтае  меандўзиву баргашта амали мекуни. Пас чи мешавад?  Дар миёни анбўҳи найистони хушк найи  тоза мерўяд! 

Шумо аз ТВС аввалин нафаре  шудед, ки сохиби Чоизаи Иттифоки журналистони Точикистон ба номи А.Лохути гаштед. Бисёрихо  ба гумонам аз ин шод шуданд. Аммо баракси ин холро хам хис кардед? Яъне, хис кардед, ки чоизаатон барои касе аламовар буд  ва аз ин комёбиатон касе норохат шуд?

—Аввалин шуда аз хама  беш Рохбари  Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»  Лутфулло Давлатов  хурсанду хушбахт буд, зеро Чоизаи Лоҳути чоизаи на танхо   ман, балки    чоизаи  кулли  каламкашони «Сафина»-аст. Ва аз  миёни чавонони эчодкор  нахустнафаре ҳастам, ки  ин мукофотро  аз Иттифоќи аз ҳама  иттифоќтар сазовор гаштам.   

Шунидам, ки дар вакти интихоб дар комиссияи Чоизаи Лохути сари чавон буданатон бахсу талошхо хам шудааст. Ба назаратон Чоизаро барои навовари ва комёби бояд бидиханд ё дар пири хамту барои сину соли ба чое расидаатон?

—Хамин гуна сару садоро шунидам, аммо дар он миён чавонмардоне  буданд, ки ќадри мехнати чавононро медонанд. Аз эшон  миннатдорам. Баъзан  инсонҳоро дар айёми пири бо шоди тавон кушт, аммо чавононро дар чавони бо ѓаму андўҳ  не ку. Алббата дар чавони бояд ин Чоизаву ин мукофотҳоро сазовор гардию   хавасманд шуда, эчодро тезониву пазони ва то пири ба миллату диёри хеш хизмат куни.   Дар чавони вазифа нагирем, ки чавонем, дар чавони чоиза нагирем, ки чавонем, пас дар чавони дар кулбаи эхзон маҳзун бизием??? 

Кахрамонхои барномахои шумо аксаран нафарони аз чихати молияви таъмин хастанд. Захмату кушишхои шуморо баъди барнома-очеркхоятон шояд «нагзакак» чуброну кадршиноси  кунанд? Ё не? Зеро хар гунае, ки набошад, аксарияти тамошобинон шояд хамин тарз  фикр кунанд.

—Ќасами як пиёла чойро намехўрам, дигар он ки Зафар  Зафаре нест, ки пеши пораву   хора  сар хам кунад. Аз кас тамаъ накардам ва метавонед аз дилхоҳ чеҳраҳои барномаи  «Сиришт» ин суолро кунед, ки ба ман  чанд сўм додаанд. Агар ман пора мегирифтам,  бо ду мусофиркаш,  ё пои пиёда ба кор ҳар субҳ шитоб намекардаму шом хамин равандро такрор,  ё дар шаҳр ичора наменишастам. Баъд як чиро  фаромўш накунед, агар ман пора мегирифтам,  каҳрамонҳои  барномаи «Сиришт» ба мисли фарзандшон маро дўст намедоштанду харрўз аз холам бохабар. Агар ман  пора мегирифтам,  шояд имрўз чоиза намегирифтам, чаро ки барнома на аз хавас сохта мешуд, балки аз ѓараз. Таҳияи барномаи «Сиришт»  ин вазифаву кори ман аст  пас, ки маро барои вазифаам пора диҳад?  Ҳаќи ќалами маро давлат пардохт мекунад, на ќаҳрамонҳои «Сиришт».

Шумо дар ду шабакаи асосии давлати кор кардед.  Шояд навиштахои зиёдеро дар бораи каноатбахш набудани барномахои ТВ аз хафтаномахо хондаед. Чи холату  вазъ ё чи сирре хаст инчо, ки шояд муаллифони он мавод намедонанд?

—Ба ин савол бо як  мисра  посух мегўям.

Ту дар канори Фуротиву  кадри об чи дони?!

Тасаввур кунед, ки Шумо як телевизиони хусуси доред. Киро аз кормандони имрузаи телевизиону радио ва умуман журналистон ХЕЧ ГОХ ба кор кабул намекардед ва чаро?

 -Бисёрихоро!   Чаро ?   Барои он  ки ман  рохбарам. (Ханда)  

 Шумо замони дар Шабакаи аввал кор карданатон хам барномахои чолиб ва дидани доштед. Аммо вакте ки як зани хамкоратон ба руятон гуфт, ки «аз ту журналист намебарояд», вакте ки номатонро дар руйхати онхое, ки аз Кумита  сохиби хона шуданд, наёфтед, илова бар ин аз мушкиливу печидагихо  дар зиндаги  ва кор дар телевизион хаставу рухафтода нашудед? Боре дар андешаи дигар кардани касбу коратон шудед?

-Шояд гапи  ҳамон зан буд, ки  маро номусу ор гашта бедор. Боис ба он шуда, ки нангаки шабу рўз заҳмат кашаму  сазовори   Чоизаи Лоҳути гардам.  Хушбахтона  ман   роху равишро ёфтам. Аммо мутаассифам  аз муддаи, ки аз ҳамон зинае буд,   як паллае хам боло нарафта.  Чун аз он чо хона нагирафтам, мувочеҳ на ба пушаймонист маро ва на мучиб ба нигаронист.

Ману он хонаҳои чордевор,

Дигар наќше зи эчодам намондаст!..

 Агар ман хона мегирифтам ,  пас ки дар Душанбе  ичора менишаст. (ханда)

Ва баъдан рисолати ҳар як журналист ҳарчи бештар ба мардум додани иттилоот мебошаду боло бардоштани маърифатноки ва ватандўстдории эшон, ки ин корро ман бо дилу чон анчом медиҳам ва баъдан, ман бо ќалам аҳде дорам ва ҳаргиз касбамро натвонам бадал кардан.

Акнун, ки номи барандахои Чоизаи А. Лохути тарики ВАО маълум гашт, гумонам зангхои телефонии зиёде бо табрикоту шодбоши гирифтед. Агар махфи нест аз кихо? Як  вохуриву зангу як таваччухи киро интизор будед, ки хамин гуна ба вукуъ напайваст?

—Аз падару модарам, ки мутаассифона дар ќайди ҳайёт нестанд .  Ва аз раиси ноҳияи зодбумам,  он зангро интизор будам,  ў ҳам занг назад.

Медонам, ки шеър менависед. Намехостед, намунаеро аз навиштахоятон барои хонандахои блоги ман пешниход кунед? 

—Аслан даъвои шоири надорам. Барои кайфияти худ росту килеб чандин мисраҳоро  мегўяму гирдовари мекунам. Чи кор кунам? Дигар илоч нест! Шумо ку гуфтед!

Мо дар ин даҳр чунон зода будем,

Дар паи кори чаҳон сода будем.

 Назди фанди дўстон зудбовар,

Бар сари гўр чу як хода будем.

……………………

Боре  нишасти бо Зафар ,

Аз ў мапурс ҳарфи дигар .

 Дил дар таги хок аст нигар,

Хок дар сари зулфи дигар.

…………………….

Ҳама чо анчуман аст,

Гап сари як сухан аст,

Номи ў чону тан аст,

Ин чахон як ватан аст.

Точикистони ман аст,

Точикистони ман аст!

                                                                                                         

Чи накшаву орзуро  хамеша дар дил мепарваред? Кадоми онхоро ба андешаатон худатон танхо амали карда наметавонед?

—Накшаву орзу ҳамин , ки пайваста барои Миллату Ватани азиз хизмат кунаму    эчод.  Агар Худо даст дихад, сохиби як манзили истикоматии шахси дар пойтахт гардам, боз мушкили асосиам ҳал мешаваду  эчод зиёд.  Боќи  пайи эчод  дар паҳлўи Миллати Точик ва бо Точикистони азиз то нафаси вопасин истода Ватанро боз ҳам ободтар мекунем.

Саломат бошед ва Чоизаи ба номи А. Лохути МУБОРАК БОШАД!!!

 

Маълумотнома 

Саидов Зафар Курбонович

http://zafarnoma.wordpress.com/

Таваллуд — 8-октябри соли  1983, дехаи  Калъаи -Дашт

Хатмакардаи мактаби миёнаи Раками 41 н. Файзобод.

Хатмкардаи  Донишгохи Милли Точикистон,  факултаи Шаркшиноси.

Соли 2006  ба Шабакаи якум ба кор омада,  корро дар идораи «Субх» ба хайси мухаррири одї шурўъ кардааст. Сипас  ба  гурўҳ эџодии «Симо»-и хамин шабака гузашта, барномаи муаллифи  ва таҳлилии « Ёдрас»-ро  таъсис дода,  аз мухаррири оди то муовину  ичрокунандаи вазифаи  Сармуҳаррир кор кардааст.

Номгуи барномахояш дар шабакаи якум:  «Ёдрас», «Дурри тафаккур», «Амали нек», « Биё бихандем»,  ва сужаву гузоришхои таҳлилї  дар идораи иттлоотии Ахбор.

Мавзуҳое, ки дар барномаи «Ёдрас» тахлилу бараси гардиданд:  Сухтори Донишгохи Тиббии Точикистон,  Ришваситонии нозирони рох ,  Одамрабои ва фуруши духтарони точик дар хорич, Зоирини точик чи гунаба зиёрат мераванд?,  Зарари телефонхои мобили, Зарари тамоку ва монади ин. 

Барномаи «Амали нек» асосан    фарогири мавзуъоти  ичтимои ва хусусан, дасгирии  маъюбону  барчомондагон буд.

«Дурри Тафаккур» бошад,  дар бораи дастоварди ихтирокорони чавону варзидаи точик кисса мекард. Яке аз кахрамонхояш Диловар буд, ки ваксинаи зидди бемории силро ихтироъ карда буд.

Айни хол дар Муассисаи Давлатии «Телевизиони Сафина» фаъолияти эчоди дошта,  ин барномахоро пешкаши бинада мегардонад: «Сиришт», «Хазлниюш». Ровии барномаи «Сапедадам» низ хаст.

 Кахрамонхои «Сиришт»:

Абдухолик Суфиев,Гулчехра Содикова, Хочи Абдулазиз  Рахмонов,  Мастона Эргашева, Зафар Аюби, Махмадшариф Сулаймонов,  Мирсаид Яхёев, Зохир Бобоев, Сурайё Косимова,  Парвиз Холиков, Абдусалом Рахимов ва чандин нафари дигар …

 

Ответы (3) на ««Ман бо калам ахд бастаам…»»

  1. Мухлисон Аватар
    Мухлисон

    Салом алайк акаи Субхон. Мо чанд нафар шунавандахои барномаи шумо, шумо ва кормандони шуморо бо Иди радои Ватан табрик мегуем!

    Нравится

    1. Subhon Аватар

      Саломалейк…..Саломат бошед, Ташаккур!

      Нравится

  2. Акрам Аватар
    Акрам

    Акаи Субхон дар бораи пайдоиши футбол ягон маълумот бошад нависед?

    Нравится

Добавить комментарий

I'm Emily

Welcome to Nook, my cozy corner of the internet dedicated to all things homemade and delightful. Here, I invite you to join me on a journey of creativity, craftsmanship, and all things handmade with a touch of love. Let's get crafty!

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше