Ман чанд муддат аст, ки ягон чизи зебову умедворкунандаро эхсос намекунам: дар атроф дигар сабзранги несту дар чои кор хохиши кору эчод гум шуда! Дигар факат сигор мондаасту кахва, хаёл мондаасту накша, хумор мондаасту алам…
Имруз дар мавриди ширкати Адидас, дарвозабонии Штирлиц, дипломхои гирёнчак, сирри хушбахтии актёрони мо, аввалин зан-кайхонаварди точик ва талошхо барои мавкеъ ва парвози дарозмуддат навиштаам.
-
Адольф (Ади) ДАССЛЕР –яке аз асосгузорони ширкати машхури «Adidas» таваллуд шудааст (1900)
Хамон Ади Даслер агар зинда мебуд, ба гумонам номи ширкати уро дигар кардани хитоихоро дида, чувонимарг мешуд: «adidos», «adodas», «adisad»…. Боз хазор шакли дигари хамин номро дар либосхои хитои дар бозори Корвон дидан мумкин аст!
-
Герд МЮЛЛЕР — футболбози машхури олмони таваллуд шудааст (1945)
Солхои хафтодум буд, ки аз Радиои армани мепурсанд, «мумкин аст, ки тими СССР тими Олмонро дар футбол маглуб кунад?» Чавоб чунин мешавад, ки «бале, мумкин аст, агар дарвозабон Штирлиц бошад!»
-
Дольф ЛУНДГРЕН – актёри машхури шведи таваллуд шудааст (1957)
У замони чавони дар самти кимиё тахсил мекард ва эхтимол, ки кимиёдони хуб мешуд, аммо кимиёро у бо актёри иваз кард.
Вале агар амиктар андеша кунем, хамон актёри хам кимиё аст: дар кино хам актёрхо мисли маводи кимиёи ба хам пайванд мешаванд, дар кино хам баъзан реаксия ба амал меояду баъзан не, дар кино хам мисли кимиё имтихон асту диплом хаст. Аммо дипломхое, ки махсусан духтарон баъди кинохо сохиби он мешаванд, дасту по дошта, шабхо гиря мекунанд….
- Александр Викторович ДЕДЮШКО (Сармат)– актёри рус хамин руз дар садама якчо бо хамсару писарчааш вафот кардааст (2007)
Аз хамин нуктаи назар мошин надоштани аксарияти актёрони мо хубтар аст! Барои он, ки эхтимоли ба садамаи наклиёти гирифтор шудани онхо кариб, ки ба нол баробар мешавад. Хамин гуна хона надоштанашон онхоро аз хонасузи ва пул надоштанашон аз инфляция эмин медорад.
-
Туйи оиладоршавии Андриян НИКОЛАЕВ ва Валентина ТЕРЕШКОВА хамин руз барпо шудааст (1963)
Онхо дуру дароз зиндаги намекунанд, аз хамдигар чудо мешаванд.
Занхои мо факат дар замин гашту гузор карда, худро ким ки мегиранду тамоман магрур мешаванду…Терешкова боз ба кайхон рафта буд! Гумон дорам, ки агар як зани мо ба кайхон рафта баргардад, тамоми мардхоро ба андозаи як шуруп ва ё болт намедонад 🙂


Добавить комментарий