Он чизе, ки дар поён мехонед, фикркардаи ман нест. Аммо ба ман бисёр писанд омад ва ман кушиш кардам, ки онро баргардон кунам ва инчо гузорам. Вокеан хам дар зиндагии мо конунхои навишта ва нонавишта накши калиди доранд. Мо онхоро гох риоя мекунему гох не, гох ба каси дигар меомузему худамон бо он амал намекунем, аммо аксар вакт мо дар бораи онхо факат шунидаему тамом -дигар чизе намедонем!
Дар катори конунхои дигаре, ки дар сахифахои кадом газетае пушту ру чоп мешаванду шояд шумо хам онхоро дидаед, боз конунхои дигаре, чун конуни такси, конуни нимаи рох, конуни оина (ин ба театри ОИНА робита надорад!) ва амсоли инхо хастанд, ки мо аз руи онхо гох амал мекунему гох онхоро инкор…
- Конуни холиги. Хама чи аз холиги сар мешавад. Хама холиги бояд пур шавад.
- Конуни шлагбаум. Аз монеахо гузаштанро бояд омухт. Бехтарин орзу ва хохишхо ба мо якчоя бо неру барои амали кардани он дода мешавад.
- Конуни холати нейтрали. Барои дигаргун шудан аввал бояд биисти, баъди ин бояд самти харакатро муайян ва баъд иваз куни.
- Конуни пулдихи (чавобдихи). Хама амалу беамали подош дорад — подоши арзону гарон. Баъзан подош дар охири хаёт мерасад. Аз нокомихо гурехтан шахсро хушбахт намекунад.
- Конуни монандихо. Монандхо ба дунбол монандихои дигар доранд. Дар хаёт вохурии тасодуфи нест. Мо ба худ на инсохоеро, ки мехохем, балки онхоеро чалб мекунем, ки ба мо монанданд, яъне ки:
Кунад хамчинс бо хамчинс парвоз,
Кабутар бо кабутар, боз бо боз.
- Конуни андеша. Чахони ботинии инсон, андешахои у дар олами беруна амали мегарданд. Сабаби бадбахтиро на дар чахони берун, балки дар дунёи ботини, андешахои ботини бояд чуст. Чахони беруна — натичаи андешахои ботинии мост.
- Конуни чозиба. Инсон доим ба худ он чизеро чалб мекунад, ки дуст медорад, ё метарсад ё доим онро интизор аст. Хаёт ба мо он чизеро медихад, ки мо аз он интизорем, на хама чизеро ки мо мехохем.
- Конуни талаб ё дархост. Агар аз хаёт чизе дархост ё талаб надори, чизе ба даст намеори. Агар аз кисмату хаёт ким чизи нофахмо талаб кунем, ким чизе бемаъни ва нофахмо ба даст хохем овард. Дархости худи мо вокеиятро барои мо дастрас мегардонад.
- Конуни махдудияти №-1. Хама чиро шахс пешбини карда наметавонад. Хар кас хамон чизеро мебинад ва мешунавад, ки мефахмаду дарк мекунад. Барои хамин у хама холатро пешбини карда наметавонад. Хама чиз аз садохои ботинии мо, махдудиятхои шахсии мо вобаста аст. Ходисахое хастанд, ки гайри интизор ва гайри хохиши мо рух медиханд, онро пешгири карда намешавад ва мо барои онхо чавобгар нестем. Инсон хатто дар холи хохиш доштанаш хам, хама холату вокеоти хаёти худро назорат карда наметавонад.
- Конуни махдудияти № -2. Инсон хама чи дошта наметавонад. Доим ба у чизе намерасад. Асрори хушбахти хам хамин аст, ки аз доштахо ва будахо халоват бурда тавони. Аз кам каноатманд будан осон аст, мушкил каноатманди аз хар чизи зиёд аст. Дар суроги дорои хушбахтиро гум кардан мумкин аст, яъне метавон хама чиро гум кард.
- Конуни тагирёби- Агар мехохед, ки дар зиндагиатон тагирот руй дихад, хама холатро бояд назорат кард. Хаёти худро бе дигаргунсозихо дар он ва дар худатон дигар карда наметавонед. Шахсони пассив шонсхои хубро дар хаёт аз даст медихад. Худатон бояд кисматро идора кунед, яъне агар ба ягон чо рафтани нестед, пас ба ягон чо намедихад.
- Конуни инкишоф. Хаёт шахсро мачбур мекунад, ки махз хамон масъалахоеро хал кунад, ки аз халли он мегурезад, рад мекунад, метарсад. Бояд гуфт, ки он масъалахоро хох нохох дар шохаи дигари хаёт бояд хал кард. Он вакт шахс пурэхсостар ва асабитар мешаваду арзиши халли он гаронтар.
- Конуни такси. Агар шумо ронанда неву мусофиред, пас хар кадар шуморо дур мебаранд, хамон кадар арзиши он гаронтар мешавад. Агар шумо хатсайрро муайян накунед, шуморо хар кучо, ки рост омад бурдан мегиранд. Хар кадар дуртар бо рохи хато меравед, хамон кадар бозгаштатон душвор мешавад.
- Конуни интихоб. Хаёти мо пур аз интихоб аст. Мо хамеша бояд чизеро интихобу чизи дигареро рад кунем. Интихоб накардан хам то чое ширкат дар чараёни интихоб аст. Имкониятхо зиёданд, аммо кариб хамеша агар як чиз ба даст орем, як чизи дигарро аз даст медихем, ё мачбурем ки як чизро гирифта, чизи дигареро рад кунем. Хар кас бояд худаш фикр кунад, ки чи барои у мухтимтар аст.
- Конуни нимаи рох. Амалу рафтори шахси дигарро пурра идора кардан мумкин нест. У шояд бехаракат аст, ба чойи у рафтан ва хамзамон уро иваз ё дигар кардан номумкин аст.
- Конуни навсози. Барои чизи нав сохтан, бояд чизи кухнаро вайрон кард, чойи онро холи намуд, вакт чудо кард ва чизи нав сохт. Хамзамон бояд донист, ки чи месозед. Монтель мегуяд, ки «ягон бод хамсафари шахси бе максад ба шино баромада нест».
- Конуни баракс ё зиддият— Дар зиндаги бараксхо — мисли хаёту марг, ишку нафрат, дустиву душмани, висолу фирок ва хичрон, шодию гам вучуд дорад. Баъзан барои фахмидани ягон чиз бояд чониби дигари онро фикр карду дид. Як баракси бе чониби дигараш буда наметавонад — барои он ки руз бошад аввал шабро бояд сипари кард.
- Конуни хайру шарр. Дунё факат барои рохат нест. Вай на хамеша ба хостахои мо мувофик аст. Ва на хамеша он гунаест, ки мо медонем. Касе ки худаш неки карда наметавонад, некии каси дигарро хам кадр карда наметавонад. Барои касе, ки бадиро фарк карда ё шинохта наметавонад, бади ё шарр вучуд надорад.
- Конуни ойина. Чизе ки аз дигарон шуморо ба газаб меорад, дар худи шумо хам хаст. Шахси дигар мисли оина камихои моро нишон медихад, он чизеро инъикос мекунад, ки мо намебинем. Агар шахс он чизеро ки аз дигарон уро ба газаб меорад, дар худаш онро ислох кунад, бехтарин корро мекунад. Бо гурехтан аз хар чиз ва каси дагалу нохостани, бо гурехтан аз шахсоне, ки ба чашмамон бад мерасанд, мо имкони дигар сохтани хаёти худро аз даст медихем, пеши рохи инкишофи худро банд мекунем.
- Конуни иловахо. Барои мо одамон холатхо, манбахои маълумоте лозим аст, ки чизеро ки мехохему кам дорем, иловаги бидиханд.
- Конуни идрок ва ороми. Хаёт дар руи замин на хуб асту на бад. Хуб ё бадии он аз дарки мо вобаста аст. Хаёт он гунае хаст, ки хаст. Бояд ба он бо эхтиром бархурд кард. Ба хаёт, ба неруи аклии худ ва садои дил бояд гуш дод. Он вакт хама хуб мешавад.
- Конуни арзиши шахсият. Атрофиён хамеша шахсро хамон гуна бахо медиханд, ки худаш ба худаш бахо медиханд. Худро бояд кадр кард. Ба хама писанд омадан номумкин аст, барои ин кор кушиш кардан худро гум кардану гум кардани эхтиром ба худ аст. Арзиши шумо хамин микдор аст, ки худатонро арзанда медонед.
- Конуни табодули энергия. Хар кадар ки инсон худрову дунёро бишиносад, хамон кадар аз дунё бештар мегираду бештар ба у медихад. Табодули одилонаву баробарро бо кисмат бояд ба рох монд. Бисёр гирифта кам додан боиси сарфи бештари неру мешавад, аммо зиёд додану камтар аз касе гирифтан боиси ранчишатон мешавад. Дунё аслан барои он аст, ки мо хама чиро бо хамдигар таксим кунем.
- Конуни маънии зиндаги. Мо аз холиги омада, асрори зистану маънии зиндагиро дарк кардани мешавем, баъд меравем ба холигии дигаре. Хар шахс зиндагии бо хосту маънии вижае дорад, ки дар даврахои гуногун тагир мехурад. Мо барои ба даст овардани чизе талош карда, рафтани умрро намефахмем, ки махз он маънии зистан аст. Маънии хаётро шахс факат берун аз худ, дар атроф, чахон ёфта метавонад. Дар хаёт он шахсе бурд мекунад,ки аз такдир барои хама бемориву нокоми ва бадбахтихо факат 1 дору ё даворо талаб накунад.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: дунё, конун, такдир, хаёт |














Салом акаи Субхон. Хама конуна навиштен як конуни барои имруза мухим мондаст. Барои чи конун барои кондукторхоро нанавиштен? Ё чи гуна муносибат кардани у бо мусофиронро? Агар конун барои онхо хам дар кучое бошад илтимос нависед!!! Ман чавобро мунтазирам!
НравитсяНравится
Пандхои хуб ва ЧОЛИБ!!! Зиёдар намоедСубхон!!! Ман мехостам ки шуморо дар РАДИОИ ВАТН дар тамом КИШВАР шунавам! Аммо…. Хуб шукр ки хамин БЛОГ хаст!
НравитсяНравится
Салом акаи Субхон имруз насиби блоги дидани шумо будаст кани камтар хонем чихо аст ин чо. Ман имруз расми касеро ки факат овозашро аз радио дар мошин сахар гуш мекардам дар ин чо дидам. Конунхои ачиб навиштед хамон конуни таксиаш ба ман даркор буд. ))))
НравитсяНравится