Чанд руз пештар ду зан ба Радио омаданд. Онхо мехостанд, ки ба хама кормандони макомоти Суд, Прокуратура ва  Шурои Адлия, ки дар боз гардонидани манзили зисти онхо кумак кардаанд, изхори сипос кунанд. Манзили зисташон баъди бахсе аз даст рафта будааст. Онхо аз шоди меболиданд, ки хакикат тантана кард, хак ба хакдор расид…

Хаёлам, ки Истиклоли вокеи хамин як табассуми ба хакикатрасидае, як каноатманди ва шукронаи пире аз даврони осудаи хаёташ ва дар мачмуъ ба умеди конун ва адолат орому осуда будан аст! Иди Сарконуни кишвари азизи Точикистонро барои хамаи Шумо самимона табрик мегуям!

Имруз дар мавриди тору дутору танбур, илми футбол кардан ва футбол шудан ва дар мавриди накши зан дар назди мард навиштаам.

  • Дар раъйпурсии умумихалки аввалин Сарконуни Точикистони мустакил кабул шудааст ва Эмомали Рахмон Президенти Точикистон интихоб шудааст (1994) 

Саропоям умеду оромони Точикистон аст,

Хама буду набуди ман аз они Точикистон аст….

 

  • Адольф Сакс-ихтироъкори белгияги, ихтироъкардаи саксофон таваллуд шудааст (1814) 

Имруз на дутору тору танбур созанд,

На тори садо ба тори дил чур созанд.

Чун замбуруги бахори хофиз харчо,

Чашми хавасу завки туро кур созанд!

 

  • Имруз Рузи байналмилалии илм аст 

Хуршеди сипехри бемадори илм аст,

Мурги чамани дар интизори илм аст.

Илм он набувад, ки хамчу «банкир»  боли,

Хар гах, ки ягон дирам надори, илм аст.

  

  • Джеймс Нейсмит таваллуд шудааст. У муаллими фанни тарбияи чисмони буд ва махз у бозии баскетболро ихтироъ кардааст (1861) 

Байни харифони ганда футбол меши,

Гол мешавиву  ба ким чи ахвол меши

Гох аут меши, зарбаи кунчи меши,

Як бой меши, гашта бе амвол меши….

 

  • Й. Готтчак – як актёри машхури олмони худ ва оилаи худашро куштааст. У хабси хамсари яхудиашро аз чониби гестапочиён токат карда наметавонад (1941) 

Зан сарвату дороии хар мард бошад,

Гах гарму бачозибаву гах сард бошад.

Пул хаст агар, барад гаму андухи ту,

Варна, буданаш сад гаму сад дард бошад!

 

Ответы (6) на «6 ноябри соли 2010»

  1. Шарифхони Т Аватар
    Шарифхони Т

    Салом Субхон!!! Рости ман баьзе шеьрхои (шухиомези) шуморо дар «МОЙ
    МИР»-и худам чой мекунам шумо боз (гизала) нашавед!!! Охир хамин занхову духтархо то кай худашонро таьриф мекунанд?! Ман акнун МАНБАЬи хуб ёфтам барои ГОЛзании занакову духтарон! Акнун шумо нависеду ман РЕКЛАМА карда ИСТИФОДА мебарам ва бо ин рох МАРДОНро хифз мекуам!!!

    Нравится

    1. Subhon Аватар

      Салом…Фикри нагз…Лекин ман хайрон, ки агар занхо хоханд, ки касдашонро бигиранд, кадоми моро мекушта бошанд, маро ё шуморо? 🙂

      Нравится

  2. Суман Аватар
    Суман

    Асалом акаи Субхон. Агар занхо хоханд ки касдашонро бигиранд ба гумонам митинг мебардоранд ки Субхон Чалилов аз кор сабукдуш карда шавад! ))))))

    Нравится

    1. Subhon Аватар

      Салом…..Накушанд, майлаш..:) Ман кори дигар бо меёбам!!

      Нравится

  3. Суман Аватар
    Суман

    Дар чои кори дигар хам агар хамин гуна шеър нависед аз ончо хам шуморо пеш мекунанд, шумо медонед ки агар кахри зан биёяд чи корхо аз дасташ меояд? )))))))

    Нравится

    1. Subhon Аватар

      Ман акнун мисли хамаи онхое, ки як ду бор корашонро иваз кардаанд, дар чои кори навам мехрубонтар мешавам. Аммо дар мавриди кахри зан бошад, метавонед нагуед, ки зеро ки ман хеле хуб медонам, ки он то хомуш шудани чарог давом мекунад 🙂

      Нравится

Добавить комментарий

I'm Emily

Welcome to Nook, my cozy corner of the internet dedicated to all things homemade and delightful. Here, I invite you to join me on a journey of creativity, craftsmanship, and all things handmade with a touch of love. Let's get crafty!

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше