Ман мехостам, ки шумо ба хамин саволи ман чавоб гуед, ки «агар дар кору зиндагиатон пешравиро эхсос кардед, пулатонро кам-кам чамъ карда тавонистед, арзу додатонро шуниданду мушкилатонро хал карданд, имкони молии бештар ёфтеду сохиби чанд чиз шудед, озодиву адолату хакикат ва амнияти комилро дарёфт кардед, аз ки миннатдор мешавед? Ба фикри Шумо дар инчо ки бештар кушиш кардааст, накши ки зиёдтару арзандатар аст?» Акнун аз соли 2789 бармегардем ба хамин руз…
Ман имруз дар мавриди монандии театр ва зиндагии мардум, накши телевизион дар бунёди оилаи ровихо ва наттокон, мардхои ду ва чандзана, фил чун рамзи хизб, зан ва риш, мардхои бе мошин ва оилае, ки ду Президентро ба воя расонидааст, навиштаам.
-
Имруз Рузи театри точик аст.
-
Хамин руз аввалин театри касбии точики – холо Театри Давлатии Академии драммаи ба номи А.Лохути кушода шудааст (1929)
-
Хамин руз театри далатии русси драммаи ба номи В. Маяковский кушода шудааст (1937)
-
Хамин руз дар Харьков театри драммаи ба номи Тарас Шевченко таъсис дода шудааст (1922)
Зиндагиро одамон баъзан ба театр монанд мекунанд. Ман нав фикр кардам, ки чи монанди метавонад миёни зиндагии инсонхо ва театр бошад? Факат як чиз ёфтам: кисахои мардум холиву нимахоли – толорхои тамошо хам холиву нимахоли! Дигар чи?
-
Имруз студияи телевизиони Душанбе ба кор огоз кардаааст (1959)
Бо ёди висоли ту хумор гашта будум,
Пушти дари ту чи интизор гашта будум.
Нодида марову рафти аз ман, золим,
Ё ман хара сарчаппа савор гашта будум?
- Рихард Зорге — разведчик ва Кахрамони Иттиходи Шурави хамин руз дар Чопон ба дор овехта шудааст (1944)
Як вакт дар Интернет хондам, ки дар Бразилия барои пешгирии чинояткори ва дастгир кардани гумонбарон аз хизмати кампиракони сари куча хам истифода мебурдаанд. Ба хамаи онхо дурбин дода будаанд, ки то нафарони шубхаовар ва бегонаро муайян карда, ба кормандони пулис хабар бидиханд. Аммо дар шахри мо ба гумонам, ки ин тачриба натича намедихад. Зеро, ки хама нафарони шубхаовар ва бегона, ки дар пеши бинохои истикомати пайдо мешаванд, хамон шавхарони дуюми хамсояхо хастанд, ки онхоро «фурухтан» боиси вайрон шудани баробарии гендери ва муносиботи хамсояги мешавад.
-
Бори аввал сурати фил хамчун рамзи хизби чумхурихохони Амрико истифода шудааст (1874)
Хаёл мекунам ки агар хамин гуна рамзхо дар кишвари мо пайдо шаванд, шояд ягон нафарро ба худ чалб сохта натавонанд. Тассавур кунед, ки рамзи кадом хизбе дар кишвари мо фил, шутур ва ё гург бошад. Шумо ба он хизб шомил мешавед? («Ихтиёри аъзо мешавед?» гуфтани хастам.)
-
Хамин руз аз Майдони Сурх аввалин мошинхои шурави – АМО-Ф-15-и якунимтонна, ки дар заводи мошинсози Маскав сохта шуда будаанд, мегузаранд (1924)
«Асп надорум, ки саворут кунум»,
Худут бугу — дигар чи корут кунум?
Чони мани, ки чон нисорут кунум,
Кухи баланди, ки хаворут кунум!
-
Аввалин зан- Жанетт Ренкин ба Конгресси Амрико ворид шудааст (1916)
Кайхонаварде боре гуфта буд, ки «агар дар киштии кайхони лоакал як зан бошад, мардхо хар руз дар кайхон хам дигар риш метарошанд». Хамин гуна агар занхо хар кадар зиёдтар ба парлумон, ба вазоратхонахо, ба коргоххо ва заводу фабрикахо ворид шаванд, «сару руи мардхо» хамон кадар «хамвортар» ва хохиши кору фаъолият хамон кадар афзунтар мешавад.
-
Чорч Буши хурди ба макоми Президенти Амрико расидааст (2000)
Мангар ту ба чашму абруву бар сару гуш,
Мангар ба гулобу атру бар малхами руш.
Гох бо пулу бо талошу гах зораву зар,
Оянду раванд чунон ки карданд ду Буш!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Президент, ТВ, Телевизион, барномахои телевизион, дузанахо, мошин, оила, пешрафт, сахна, театр |













Добавить комментарий