Рости гап, ман чанд муддат аст, ки дар мавриди симои рохбари точики як чизе навиштани хастам. Чи навиштани хастам, хозир хатто барои худам мушаххас накардаам. Аммо менависам. Хатман! Менависам, ки чаро гурусначашмтарин, берахмтарин, магруртарин ….рохбару рохбарчахо факат хаминчо хастанд? Чаро? Чаро агар гуи, ки аз кор мерави, душманат мешаванд? Чаро агар маошатро талаб куни, бадат мебинанд? Ва боз дар мавриди хазор чарои дигар менависам. Агар насиб бошад! Аммо холо ин чо баргардони як маводеро аз хатти форси дар хамин мавзуъ мегузорам. Умедворам, ки ба он таваччух мекунед!
Доштани як рохбари хуб метавонад махалли корро ба як донишгох ба маънои вокеи табдил кунад, ки метавонад тачоруби боарзишеро фаро бигирад ва агар рохбаратон хуб набошад метавонад махалли коратонро ба як чаханнам табдил кунад, ки дар ин сурат мачбур хохед шуд авкоти боарзишатонро дар он чо бехуда бигзаронед.
Дар зер 10 нуктае, ки метавонад шуморо ба як рохбари муваффак табдил кунад, ишора мекунем:
Коркунонатонро хуб бишносед
Агар касд доред ба як рохбари муваффак табдил шавед, бояд коркунони худро ба хуби бишносед ва сухбат кардан яке аз бехтарин равишхои шинохти онон аст. Шумо метавонед бо онхо нахор хурда ва дар бораи мавзуоти мавриди алокаашон сухбат кунед. Харчи бештар ва бехтар коркунони худро бишносед, бехтар метавонед гурухи худро хидоят кунед.
Махоратхои иртиботии худро бехбуд дихед
Чихати хидоят ва мудирияти созмони худ ниёзманди иртибот бо коркунони худ хастед. Барои ин манзур ба махоратхои иртиботии болои ниёз доред, ки битавонед афкор ва идеяхои худро бо бехтарин равиши мумкини иртиботи ба онхо интикол дихед.
Хамеша дари утокатон ба руи зердастонатон боз бошад
Хамеша дар чаласоте, ки баргузор мекунед ба зердастонатон сарохатан эълом кунед, ки хамеша дар дастрас хастед ва онон метавонанд хар суол ва нигарони, ки доранд бо шумо дар миён бигзоранд. Мисли рохбароне набошед, ки фикр мекунанд дар сурати боз будани дари утокатон, зердастонатон музохиматон хоханд шуд ва вакти шуморо хоханд гирифт. Боз будани дари утокро фурсате бубинед, ки метавонед ба коркунонатон интикол дихед, ки чи кадар тамоил доред макони корияшонро табдил ба як махалли хеле хубе барои фаъолият кунед.
Харгиз нигаронихояшонро мавзуи беарзиш каламдод накунед ва мутмаин бошед, ки хеле хуб ба харфхояшон гуш додаед. Гуш додан бояд бо тамомии вучуд бошад.
Фаъолона рохбари кунед
Рохбарии фаъолона иборат аст: донистани ин ки зердастон чи кор мекунанд ва бидуни ин ки музохимате дар корашон эчод кунед аз тарики таквияти равиши анчоми корашон рохбари кунед. Шумо бояд эътимод дошта бошед, ки онон ба андозаи кофи тавоноии анчоми корро доранд ва ба чои идоракунии корашон, худашонро идора кунед. Идоракунии зердастонатон хеле сахт мешавад, агар шумо аз хассосияти кантролии болои бурхурдор бошед.
Аз иштибох кардани коркунонатон нахаросед ва бигзоред иштибох кунанд
Ба унвони рохбар, шумо масъули корхои зердастони худ хастед ва хамин тавр масъули иштибохоти онхо. Аз ин ру мумкин аст шумо пешкадам шавед ва яксари дастуруламалхои дакик, шаффоф ва инъитофнопазир тахия кунед, ки аз иштибох кардан пешгири кунед.
Мувозиб бошед, ки коркунонатонро аз иштибох кардан натарсонед. Дар ин сурат мумкин аст онхо барои хар кори чузъи назди шумо оянд. Дар ин сурат онхо иштиёке ба тасмимгири нахоханд дошт, чун мумкин аст иштибох кунанд, ки мунчар ба ин хохад шуд, ки кормандони шумо муттаки ба шумо бошанд.
Камтар бахравар буда ва бештар вакти шуморо бигиранд. Онон ниёз ба фикр кардан доранд ва барои ин кор ниёз ба ёд гирифтан доранд ва барои ёд гирифтан гохе авкот иштибох кардан лозим аст. Ба онхо эътимод кунед ва хошияхои хатои барояшон дар назар бигиред.
Тафвиз ихтиёр кунед ва абзорхои лозим барои анчоми вазоифашонро дар ихтиёрашон карор дихед
Шумо агар дар анчоми кори хуб хастед чун як рохбар хастед ва ин бад-ин маъни нест, ки тамомии корхоро худатон анчом дихед. Яке аз вазоифи шумо ба унвони рохбар интиколи дониши хуби анчом додани кор ба дигарон аст.
Агар бо мавзуи тафвиз (вогузор кардани коре ба касе) эхсоси норохати мекунед, метавонед аз вазоифи кучак ва сипас бузуругу бузургтар шуруъ кунед. Мушкилоте, ки агар мумкин аст сари рохашон бошад пешбини ва омузиши кофи дар ин робитаро интикол дихед.
Дар масири тафвизи ихтиёр, шумо бояд имконот ва абзорхои муносибро дар ихтиёри онон карор дихед. Тафвизи ихтиёр бидуни додани имконоти лозим наметавонад ононро дар анчоми бехтари вазоифашон ёри кунад.
Системи ташвик ва танбехи муносиб ва шоистаеро баркарор кунед
Бо шинохти комили коркунонатон бехтар метавонед онхоро ташвик кунед. Ин ташвикхо лузуман аз навъи пули нест ва метавонад ташвикхои содае аз кабили интиколи онон ба вохиде, ки дуст доранд дар он чо фаъолият кунанд, бошад. Ташвик ва танбех ба мавкеъ аз ахамияти басазое дар пешбурди ахдофи созмони бурхурдор аст.
Аз иштибохоти худ дарс бигиред
Замоне ки корхо тибки барнома пеш намеравад, иштибохро шиносои ва ба коркунони худ тавзех дихед, ки дар сурати анчоми он кор ба равиши дигаре, ин иштибох иттифок намеафтад. Ин амал ба онон нишон хохад дод, ки шумо низ иштибох мекунед ва чи гуна аз он дарс гирифта ва бархурд намекунед. Ба онон ёд дихед, ки аз иштибохоти худ дарс бигиранд.
================================================================



Добавить комментарий