Дарс хондан хам одоб дорад!

  Дарс хондан худ одоб аст ва русуме дорад. Одоб ва русуме, ки боиси боло рафтани кайфияти он мешавад ва зимнан зомини саломати низ хаст.

Гарчи хамаи мо каму беш бо онхо ошноем, аммо ёдоварии он, он хам аз диди мутахассисон, холи аз лутф нест. Фосилаи чашм то китоб, дарачаи харорати уток, сару садо ва … аз мухимтарин мавориде аст, ки дар кори хондан ва навиштан таъсир дорад. Матлаби хозир ин маворидро аз диди пизишкон мавриди барраси карор додааст.

  • Хароратсанч:

Харорати 20 дарачаро бештари коршиносон, муносибтарин харорат барои мутолиа медонанд.  

  • Соат:

Пас аз он ки дар макони мутолиа карор гирифтед, фавран мутолиаро шуруъ кунед ва ба хеч унвон вактро ба бахонаи анчоми корхои дигар талаф накунед.

  • Либос:

Хангоми мутолиа либоси рохат бипушед. Либосе, ки на бисёр кушод бошад ва на бисёр танг.

  • Вазъияти бадан:

Бехтарин холат барои мутолиа, холати нишаста аст ва баъд аз он холати истода ва бадтарин холат, холати хобида ё дарозкаш аст. Мутолиа дар холатхое назири дарозкаши руи шикам, ба пушт хобидан, дар холи рох рафтан, такя задан ба девор ва амсоли инхо ба хеч вачх тавсия намешавад, чаро ки мутолиакунанда дар чунин мавкеиятхое ба сахти метавонад тамаркузи хавоси худро хифз кунад.

  • Камар:

Мутолиа дар холати хамида ба пеш, ба вижа барои як муддати тулони, бо хатари эчоди тагйири шакл дар сутунмухра ва камардард хамрах аст. Нагузоред хам шудани камар ба шакли одат дарояд.

  • Пой:

Бехтарин вазъияти пойхо ба хангоми мутолиа, вазъияте аст, ки фишори камтаре руи излати пой ворид шавад. Ба хамин далел тавсия мешавад, ки дар вакти мутолиа (ки хангоми вазъияти нишаста аст), тарчехан аз як рохаткурси истифода шавад, ки пойхои мутолиакунанда руи он рохат бошад ва битавонад каме хам ба самти пеш моил шавад. Бехтар аст дар фосилахои мутолиа, ки ба чашматон истрохат медихед, вазъи нишастани худро тагйир дихед, то хун дар пойхоятон харакат дошта бошад. Риояти одоб ва русуми хондан ва навиштан, кайфияти онхоро боло мебарад.

Истифодаи хамешаги аз чароги мутолиа хуб нест, зеро нур мавзеи чашмхоро хаста мекунад.

  • Курси:

Аз он чо ки фароянди ёдгири як фароянди шарти аст, хар касе метавонад худашро ба мухит ё замоне хос одат бидихад ва ба истилох, худашро шарти кунад. Одатхои тамаркузи хар шахс хам бо ашхоси дигар мутафовит аст. Курси метавонад яке аз хамин одатхои тамаркузи бошад, ба нахве, ки хар вакт руи курсии махсусатон нишастед, тамаркузатон барои мутолиа ва ёдгири афзоиш пайдо мекунад.

Аммо ёдатон бошад, ки курсиатон набояд хеле хам рохат бошад, чаро ки курсихои бисёр рохат боиси такя додан, чарт задан (ба хоби сабук рафтан) ва эхсоси хоболудаги мешаванд.

Худкор, китоб ва васоили мавриди ниёз: одат кунед тамоми он чиро, ки барои мутолиа ниёз доред, аз ибтидо фарохам кунед ва хар кори мутафаррикае, ки доред кабл аз мутолиа анчом дихед ва пас аз ин ки нишастед, фавран шуруъ кунед ба мутолиа.

  • Танаффус:

Дар чое ки мутолиа мекунед, хатман бояд хаво ба хуби чараён дошта бошад ва танаффус дар он мухит рохат сурат гирад.

  • Чашм:

Нури мутавассит, барои мутолиа муносибтар аст. Нури атроф ва кисматхое, ки дар зовияи (кунч) диди чашмхо хастанд бояд якнавохт бошад. Пас истифодаи хамешаги аз чароги мутолиа хуб нест, зеро нуре, ки факат руи китоб меафтад, боиси хастагии чашм мешавад. Бехтарин фосилаи китоб то чашм низ хадди акал 30 сантиметр аст.

  • Сар:

Мумкин аст хотирпарешонии шумо ноши аз гуруснагии шадид, бехоби, хастаги ё иллатхои дарунии дигар бошад. Дар чунин мавкеияте харгиз мутолиа накунед.

  • Гуш:

Мухаррикхои мухити аз кабили садои радио, телевизион, телефон ва… боиси хотирпарешони мешаванд. Онхоро аз мавкеияти мутолиаи худ дур кунед. Зехн наметавонад дар як вакт бар ду мавзуъ тамаркуз дошта бошад. Гуш кардан ба мусики хамзамон бо мутолиа хушро парешон месозад.

 http://www.tebyan-zn.ir  

Один ответ

  1. Бехтарин!

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти