Имруз дар Душанбе мардуми зиёде кор ва зиндаги мекунанд.Ва табиист, ки бояд шабона дар ягон чо хоб кунанд. Яке дар хобгоху яке дар манзили ичора ва хушбахтхо, ки дар Душанбе хона доранд, дар хонахои худашон. Дар мавриди зиндагии мардумон дар хобгоххо инчо намегуем. Ёди ман хаст, ки як вакт ба хобгохе барои сабт рафта будам ва коменданти он хобгох максадамро фахмида гуфт, ки ягон хел сабткуни ичозат намедихад ва сухбат хам намекунад,зеро кадом вакте ки хобгоххоро сабт мекунанд, баъди он мушкили онхо зиёдтар мешавад-ё онхоро пеш кардани мешаванд ва ё хобгохро касе харидори кардани мешавад.Ин чо дар мавриди хонахои истикоматиие хохем гуфт, ки шахси хастанд. Чаро мо нисбат ба хама чизе ки дар атрофи мо хаст, бепарво хастем? Имруз кам нафароне ёфт мешаванд, ки ба кору фаъолияти Муассисахои коммунали бовару эътимод доранд.
Вактхои охир дар матбуоти даври хам вобаста ба ин масъала зиёд менависанд. Вале одамон метавонанд барои худашон дар бинохое, ки зиндаги мекунанд,шароити хубро фарохам оваранд. Имруз дигар касе барои бинохои мо шиша оварда намечаспонад, касе бому тагхонахои бинохои моро дар мавриди зарури тоза намекунад. Ва хам дигар факат бо уммеди касе будан хам дуруст нест охир. Аз назди баъзе бинохо гузашта хайрон мешавед, ки чаро мо худамон барои ободи ва тозагии он бинохо талош намекунем? Ва мо дар биное ки зиндаги мекунем, кушиш кардем, ки тартибу тозаги ва ободкориро ба рох монем…Натича чи шуд? Натича хамин шуд, ки мо хамсояхоро дурустар шинохтем. Вакте ки мавзуи нав кардани дари даромадгохи бино, шишакори кардани рохрави бино ва амсоли инро ба миён мегузори, хамсояхо бо хайрони ба Ту назар мекунанд… Девона шудаст ин?…Миёни мо одамоне хастанд, ки вокеан хам имкони дастгири кардани ин гуна пешниходро надоранд, имкони молиро албатта. Вале зиёд буданд, нафароне, ки комилан эчодкор нестанд.Онхо хар руз балои обу лой меоянд ва мехмонони худро кабулу гусел мекунанд, вале намехоханд дар семент кардани рохрави бино лоакал ба чанд нафари «эчодкор» «хай бале-бале» гуянд.Мегуянд, ки агар кас хис накунад, ки хамон чиз ё чой аз они у аст, бепарво мешавад, дилаш намесузад. Имруз мардуми аксари бинохои истикоматии Душанбе, ки аслан дар ин шахр тавлид нашудаанд, хамин эхсоси ватандори ва шахрдории камтар доранд. Барои бештари мардум оби дар таххонаи бино чамъшуда комилан боиси ташвиш намешавад.Дар холе, ки бояд моро барои ин хоб набарад, ки он об боиси фурунишинии бино мешавад, ангезандаи беморихои гуногун мегардад. Худованд агар гами сокинони форигболи бинохоро дар Душанбе хурда бошад, дар он бинохо як ё ду нафари масъулиятшиносу дилсуз ва ташкилотчиро чо мекунад. Мардум ин кадар дилсуз нестанд, ки хатто баъзан ба занхои худ ичозати руфтани дари хонаашонро намедиханд? Чаро? Мо хамсяхое дорем, ки хангоми рубучини умумии сахни хавли на худашон берун мебароянд, на мегузоранд ки фарзандонашон шарики кунанд. Вонамуд мекунанд, ки гуё дар хона нестанд. Онхо бепул ва хатто кампул низ нестанд, факат дилтангу бефарк хастанд, ки аз онхо бояд тарсид. Зеро форигболон харчанд касеро намекушанд ва хоини намекунанд, вале дар натичаи мувофикати хомушонаашон мучиби зиёд гаштани куштору хоини ва нопокихо дар руи заминанд.Чаро намехохем, ки покизаги ва тартибро фарзандони мо ёд бигиранд? Чаро дар ободкорихо худро дур мегирем? Барои он, ки мо дар Душанбе тавлид нашудаем???? Як донишманд замоне, ки дар эфири Радиои «Ватан» сухбат дошт, гуфт, ки барои он ки мо шахрнишини комил бошем, бояд як насл иваз шавад. Яъне набераи ман баъд шахрнишини вокеи мешудааст!? Вале бо дидани манзарахои хузнангези баъзе бинохо гумон мекунам, ки шояд мо ба шахрнишини ва масъулиятшиносии комил баъди се насл хам нарасем. Чизи дигари ташвишовар хам хаст. Масалан, дар як даромадгохи бино 12 оила агар зиндаги мекунаду 6 нафари онхо барои ободи ва тозагии бино ва даромадгохи худашон кушиш мекунанд, ба кадри имкон пул чамъ мекунанд, рохравхоро сементпуш мекунанд, чуйборхоро тоза мекунанд. Ташвишовар хамин аст, ки он 6 нафари дигар чанд руз худро ба кари зада, пасон боз хаёти форигболонаи худро давом медиханд, бо Шумо салому алейк мекунанд ва хатто баъзе бенангхояш ба корхои Шумо хатто эрод хам мегиранд ?! Онхо фикр мекунанд, ки касе ки чуйборро тоза мекунад, сахни хавлии биноро покиза нигох медорад, барои шишабандии даромадгох кушиш мекунад…»чмо» аст. Дар бинохои Шумо хам хастанд, хамин гуна вокеан хам «чмо»-хое ки худро «чентлмен» мегиранд? Факат ба хотири он ки «Изои муъмин харом аст» ман дар хона хам бо онхо муносибати бад надорам. Ва хам медонам, ки чизи аз хама бад хам хамин аст! Чаро мо эчодкору созанда ва масъулиятшинос нестем? Чаро?

Добавить комментарий