Чаро?-3

Дируз буд. Ман бо нафаре, ки кадом вакте ба Радио омада будааст, ба хона мерафтам. Дурустараш у маро дар канори рох интизори ТАНГЕМ дида, то хона расонд. Рахорах мо сухбат кардем, дар мавриди суруду мусики ва консертхои сарояндагони мо. У мегуфт, ки мардуми овозхон (бояд продюссерхо мегуфт!) акнун диданд, ки дар танхои дигар толорхоро пур карда наметавонанд, ба ташкили консерхои якчоя гузаштанд. Ва хам гуфт, ки ман ба ин консертхо намеравам, зеро баъди тахминан 1 рузаш хамон VCD-и консертро тамошо мекунам. Ин навбат мо сари завки пасти мусикишунави хохем гуфт. Чаро  дискхои пастсифатро мехарем? То вакте ки мардум завки баланди кабули мусики ва фахмиши баланди мусики надошта бошад, хама кушишхо барои нест кардани хамин гуна маводи аудиои ва видеоии бесифату пастсифат бефоида аст. Ба ёдам хаст, ки вакте Анди ба Радиои «Ватан» омадаву сухбат кард, чанд дона аз диски таронахои худро хам барои Радио гузошт ва хам барои ман тухфа кард. Он дискхо дар чанд дастгохи пахши сидихо ба кавле «нахонданд». Яъне дар бозори мо хатто хамин гуна дастгоххо ба дискхои калбаки мувофик  афтодаанд. ) Аз суи дигар имкон хаст, ки аккалан як нафар аз сарояндахо студия ва  магозаи махсуси сабту фуруши дискхоро кушояд. Ончо бигузор бо карордод дигар сарояндахое, ки маводи ба талабот чавобгу доранд, албомхои худро ба фуруш гузоранд.  Факат дар хамончо. Зеро дар Точикистон шояд холо сарояндае набошад, ки аз фуруши албоми тахиякардааш маблаги баробар ба сарфи кардааш  ва фоида (тавре, ки дар тамоми дунё хаст!) ба даст биёрад . Пахлуи дигар. Худи муаллифон барои хифзи хукукхояшон чи кор кардаанд? Рост аст, ки як кисми суруду таронахои албомхо моли худи сарояндахо нест, дуруст аст, ки шояд ин кори сароянда набошад, ки бозорхоро чарх занаду дискхои калбакии худро хисобу китоб кунад,  вале ба хар сурат бояд барои риояи хукукхояшон ягон кор кунанд ку!? (Бозам дар сурате, ки бо таронахояшон завки мардумро баланд бардошта натавониста истодаанд!) Чаро сифати сабт ва хар маводи дигар, масъалаи шунидану тамошои хуби ин гуна мавод барои мо имруз дар зинаи аввал нест?  Мо вазъи на он кадар хуби иктисоди дорем? Мо масъалахои мубраму чиддии дигаре дорем? Ба хар сурат масъалаи завки мардум хам он кадар содда нест. Бо баланд шудани завк, ба кадри хунари асил ва хунарманди асил мерасем. Онхо хам баъди ёфтани маблаг аз захматхояшон дилгарму шавкманд мешаванд, тасодуфихо чо барои «чавлон» намеёбанд… ва дар мачмуъ хама хуб мешавад. Хамсухбати ман  мегуфт, ки сарояндахо факат мехоханд, ки  туйхо зиёд шавад, зеро манбаи даромади хуб аст ончо. Агар мардум ба хуш ояду ба худ гуяд, ки » барои чи дар 3 соат  ба як сарояндае,  ки ба гумонаст, дар давоми туй 5 суруди моли худашро хонад, бояд 1000 то 2000 $ бидихам?», он вакт вазъ тамоман дигар мешавад. Ба худ гуфтам,  холо ки он вакт нарасидааст (ва эхтимол, ки нарасад!)  сухан аз завк гуфтану мардумро ба нахаридани маводи пастсифат даъват кардан бенатича аст. Факат ки мегуяд, ки кай завки мусикишунавии мо баланд мешавад, кай конун дар бораи хукуки муаллиф пурра риоя мешавад? …Чаро ин кадар дер…!?

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти