Чаро?-1

Ба Шумо хам сари чанд вакт зарур мешавад, ки ба чое, барои анчом додани коре ба назди касе равед. Ман низ хар вакте ки ба кучое меравам, аввал назар мекунам ки чигуна кабул аст ончо? Аслан аз руи одат  мардуми мо хама касро (хатто ношиносро хам!) хуш кабул мекунанд.  Вале илова бар ин чойхое хастанд, ки он мардум вазифадоранд, ки мо ва Шуморо хуш кабул кунанд ва хам гуселонанд. Масалан, беморхонахо, дармонгоххо, бонку идорахои ичтимои ва гайрахо.. Аммо хар вакте ки меравам хис мешавад, ки мардуми масъул хеле «сарду бечозибаву ношунаво» (ибораи шоира Фарзона) хастанд.Шояд мардуме зиёд мисли мо хар руз ба назди онхо мераванду онхоро хамин гуна карданд?  Вале ба хар сурат мардуми масъули ин ё он соха ки дилёбу хушсухану мехрубон бошанд, хеле кам хастанд. Вакте ки дар Донишгох, дармонгох…ва амсоли ин мехрубониро кам мебини, ба худ шукрона мекуни ки дар пушти панчарае дар махкама нести. Худо медонад, ки ончо чиро мебиниву чиро мешунави.Чаро мо аксар вакт аз макому вазифае, ки дорем, суистифода карда, хеле магрур мешавем? Чаро фикр мекунем, ки як касе ки аз мо дида пули камтар дорад, ё чои кори «вохима» надорад, ё бе мошин асту либосаш хоксорона аст,бояд хама нозу нузи моро токат кунад? Чаро мо дар симои хама аввалтар аз хама инсонро намебинем? Чаро?

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти