Ман як вакте кам-кам ва зиёд содда таронаву шеър (ё дурустараш чизе ба онхо монанд!) менавиштам. Ва агар гуям, ки ба Радио мани инжинерро хамон навиштахо овард, хато намекунам. Онхо хамон вакт хам содда буданд, мисли имруз. Ва хамин шаб баъди кариб 10 соле, ки ман ин гуна чиро нанавишта будам, аз кучое хамин гуна илхом омад. Ва уро озурда накардам… Когазпорае сиёх шуд. ..Гумонам, ки бо пешниходи он содданавиштахо Шуморо хам озурда намекунам.
Сангои Ватан тагсарии нарми ман аст,
Сад сардии у хам ба дили гарми ман аст.
Нью-йорку Вашингтону Париж аз худатон,
Хушру зи хама Хисору хам Гарми ман аст.
*******
Аз дарди мухочирбачахо дилхунем,
Дар ишки Ватан фидоиву Мачнунем.
Аз минаву аз тег кучо кам бишавем?
То номуси точики бувад, афзунем!
*******
Дар деха хама хамдилу хамдам шуда буд,
Бухлу хасаду кинаву гам кам шуда буд.
Мардум хама хоксориро банда буданд,
Офтобпараст ба он кадуш хам шуда буд!
*******
Рогун, хама гирад ба забон номи туро,
Рогун, ба хирад кунун пазем хоми туро.
Эй точики дар торики чун ангури маст,
Аз бодаи нур пур кунем чоми туро.
*******
Такдир зи азал ду чашми нам дод маро,
Нашкаст, вале зиёд хам дод маро.
Аз байни хама мухлису шогирду мурид,
Муллои махал тумори гам дод маро!
*******
Як кулчаву чою шир бувад бахт маро,
Дар сояи токи пир бувад тахт маро.Гардан, ки баланд бувад, пагох иншооллох,
Чун чогахи хоси мир бувад рахт маро!
*******
Мо кор надорем ба касу бо саги у,
Не бо рамаву чупону бо калтаги у.Ай душмани мо, лоф мазан, зури макун,
Мо дар руи бомему худут дар таги у!
*******
Дар саргахи оби ноб-точик бошад,
Дар руи хазина хоб -точик бошад.
Чун сохиби куллахои сар то ба фалак,
Хамсухбати офтоб-точик бошад!
*******
Ай депутато, замона нобобай, боб?
Бин, чархи фалак ба нафъи ки кардай тоб!
Вактаст, ки дар миёни сад оташу об,
Хобат набарад, ки додари маргай хоб!!!
*******

Добавить комментарий