Новобаста ба хама чи, вакте мешунави, ки мучассамаи Дустмуроди Алиро инак маротибаи дуюм аст, мешиканаду валангор мекунанд, вакте фикр мекуни, ки чаро Субхони Саид бо шухрате ки дошту дорад, хатто унвони Хунармади Шоистаро надорад, вакте мебини ки Фарзонаи Хуршед дар айёми чавони бояд ду солро дар махбас гузаронад, вакте ки асрори марги Махмудчону Мукаддасу Наргису Каромати сахнаи точик печидаву муаммо аст, вакте Мусои пахлавону хунарманди точикро мекушанду хатто кори чинои боз намешавад…дили кас сиёх мегардад.. Сип-сиёх!!!
Рузи 23 феврал агар барои аксари мардхо рузи Артиш ва Мухофизони Ватан буд, барои Фаррух Рузиев рузи гирифтани хукм буд. Уро додгох барои 10 сол равонаи зиндон кард. Фарзонаи Хуршед, ки дар гурезондани у гунахкор дониста шуд, хамчунин хамон руз ба мухлати 2 сол аз озоди махрум карда шуд. Баъди
хамон руз хис мегардид, ки дар ВАО-и ватани вобаста ба ин мавзуъ як навъ хомуши хукмфармо аст. Ва инак ин хомуширо дируз боздошти боз як ситораи тобноки мусикии попи чахони Таркан дар Истанбул шикаст. Уро дар доираи як амалиёти густурдаи пулис бар зидди кочокчиёни муходирот дастгир кардаанд.Такдири ояндаи Таркан чи хохад буд, баъд муайян мешавад. Аммо такдири Фарзонаи Хуршед аллакай маълум шуд:
“Фарзонаи Хуршед бо моддаҳои 36(қисми 5), 365(қисми 1)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шавад. Ба Фарзонаи Хуршед бо моддаҳои 36(қисми 5), 365(қисми 1)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 2 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳӣ таъйин карда шавад.”
Ин гуна хукм барои як овозхони шухратдоштае дар Точикистон баъди мустакилият бори аввал буд. Химоятгари Фарзона дар суд иброз дошта буд, ки аз руи ин хукм ба додгохи болои шикоят хохад навишт, вале дар ин бора то имруз дар ВАО чизе нест. Барои ба мардум расонидани ин мурофиа ва чараёни он аслан воситахои ахбории мустакил ва хусуси кушиш кардаанд. Ин матлабро аксари дастрасидоштахо бо Интернет дар сахифахои чудогонае хотиррасон шудаанд, ки барои чи ин хабар тарики телевизиони давлати пахш нашуд?
Вале максад аз навиштахои ман чизи дигар аст: барои чи аксарияти мардум аз он ки нафаре ба махбас меравад, хурсанд мешаванд?
Чаро? Чаро аксарияти онхое, ки дар Интернет назари худро навиштаанд, кушодаву пушида каноатмандии худро аз хукм баён кардаанд? Мо барои хукми махбаси хама хамин гуна хурсанд мешуда бошем ё ин факат барои сарояндае буд, ки шояд аз баъзехо муваффактар буд ва мартабаву шояд сармояи бештаре дошт? Дар доираи конунхои чори у албатта гунох содир кардааст. Аммо ки метавонад, ки дустдоштаашро дар хамин гуна холат то ин дарача дастгири кунад? Чанд нафар аз мо хамин гуна чуръат дорем, ки барои мухаббат худро курбон кунем?
Аммо сабаби он, ки баъзехо аз ин амал каноатманди ёфтанд, ба гумони ман хамин аст, ки дар замони хангома ва шухрат аксари мардуми шинохта магрур мешаванд, то чое аз мардумони одди, ки холо КАРИБ ХАМАро ташкил медиханд, дур мешаванд. Ба ин боз чанд омили дигар сабаб мешавад: онхо (овозхонхои шинохтаи мо!) хеле чавонанд, мошини баъзе бохунаронро (хатто бо чамбари чониби рост хам!) корманди БДА нигох намедорад, ба хар овоза ё тавачух намекунанд ва ё дер вокуниш нишон медиханд, бовари ва умедхои мардуми оддиро бароварда намекунанд…в г. ва х. Ва аз суи дигар аксарияти мардуми одди нафарони дар хама самт муваффакаро он кадар дуст намедоранд. Боз агар у магрур бошаду хавобаланд….
Додгох хохиши сарояндахои дигарро, ки барои дастгирии ин оилаи санъаткорон омада буданд ва тарбияи рафиконаи Фарзонаро мехостанд, рад кард.
Кариб хама-хам сарояндахо, хам мухлисон, хам мардуми дигари одди ва хам наздикони у то рузи охирин бар ин бовар буданд, ки додгох шояд чарима ва ё хукми шарти таъин мекунад. Вале гайриинтизор хукми хабс барои ду сол содир шуд. Сарояндахо аз ин хукм нигарон ва озурда шудаанд, ки чавоне дар айни парвози эчоди дилшикаста мешавад. Баъзеи онхо хатто ба ин назар будаанд, ки бехтар мебуд, агар Фарзонаро барои корхои мехнатии дигар, масалан кор дар хонаи ятимон ё кучаруби мачбур мекарданд. Вале ки бовари дорад, ки баъди судури ин гуна хукм Фарзона кучахои Душанберо меруфт?
Мардум ба хама чи ахамият медиханд, ман хам ки яке аз хамон мардум хастам, фикр мекунам, ки санъаткорони мо, ки вокеан хам як максаду ормонро пиёда мекунанд, чаро хамаги дар мурофиахои гузашта ва рузи судури хукм набуданд? Факат чанд тан аз онхо буд. Ё хатто дар хамин холатхо хам хар кас бояд халкаи худашро дастгири кунад? Онхое, ки чавон нестанд, чи назар доранд дар ин маврид? Дар хама чо факат чавонони овозхон ва тахлилгар назари худро гуфтаанд. Чаро аз насли хамсоли Сураё Косимова ва калонсолтар аз у касе чизе намегуяд? Ин хомуши ким-чи хел шубхаовар аст!
Хамчунин чанд суоли дигар шояд акнун барои як муддате бечавоб мемонад:
- Хукм сабуктар карда мешавад ва ё бетагир мемонад?
- Ин хукм барои Фарзона ва ин оилаи санъаткорон сабак хохад буд ё зарбае, ки шояд хохиши офаридану эчодро дар оянда бикушад?
- Эхсосхои хуб, мисли дуст доштан ва барои хушбахти мубориза бурдан дигар бояд набошанд ё саркуб шаванд?
- Махбас эчодкореро, ки шухратёр буд, ислох мекунад ё хайр?
- Дар кишвархои дигар сад хунарманду актёру сарояндаро ба махбас фиристодаанд, ба корхои ислохи аз кабили хатто кучаруби мачбур карда буданд. Онхо баъди адои чазо ба зиндагии мукаррари баргаштанд ва кам касон инро барои онхо таъна мекунанд. Бо Фарзона баъди адои хукм чи гуна муносибат хохад буд? Мардуми мо дигаранд…Мухлисон албатта вафодор мемонанд, вале мардум хама баробар мухлиси Фарзона нестанд-ку?
- Баъди судури хукм чи назар бештар кувват мегирад, оне ки «адолат баркарор шуда истодааст» ва ё «бадбинии бештаре нисбат ба макомоти суди ва судяхо»?
Максад аз хама гуна чазодихихо ин аввалтар аз хама ислох шудан ва гардиш ба рохи адолату конун ва рости аст. Ислох, дарёфти рохи рост ва дарки хакикату адолату зурии конун бе махбас хам имконпазир аст. Мо миллион хунарманду санъаткору шухратёр надорем. Биёед, аз ин пас (лаокал!) онхоро эхтиёт мекунем!
- Як вакт дар Испания овозхони гурухи Poetas de la calle (Шиорони кучаги) Мойсес Ривас Лейвро барои бадгуихояш нисбат ба шох ва аъзоёни оилаи у чаримаи калоне баста буданд.
- Лапиро де Мбанга-овозхони машхури колумбияги хам як вакт барои даъвати мардум барои шуриши зидди давлати муттахам дониста, вазифадор карда буд, ки $ 640 000 барои шикасту рехти гирдихамомадагон чарима бидихад. Он вакт бештар аз 40 нафар ба халокат расида буд.
- Авали солхои 1980 овозхони точик Точиддин Мухиддин барои дузанагиаш аз ансамбли овозадори «Гулшан» хорич шуда будааст.
- Зафар Аюби ва Сангали Мирзоев хам кадом вакте махбаси будаанд.
- Бюлент Эрсой-овозхони турк, барои даъваташ аз саркаши аз хизмати харби гунахкор дониста шуда буд. Он вакт низомиёни турк дар шимоли Ирок дар амлиёти махсус ширкат мекарданд.
- Рок-мусикачии бритониёи Гари Глиттер барои дастдарози ба номузи нобилогон пеши суд бархоста буд.
- Овозхон ва шоир Додохон Хасан хам дар Узбакистон барои «тахкири президенти он давлат ва пахнсозии маводи барои тартиботи чамъияти хатарзо» ба суд кашида шуда буд. Соли 1992 баргузори барномахои консертии у манъ карда шуда буд.
- Мусикачии машхури бритониёи-Бой Джордж барои « дар хонааш нигохдории мачбури ва зарари чисмони ба «баччаи даъвати»» 15 мох аз озоди махрум карда шуда буд.
- Овозхони машхур Крис Браун барои лату куби дустдухтараш Риана ба муддати 5 сол шартан аз озоди махрум карда шуда, барои 180 руз ба корхои ислохи-мехнати фиристода шуда буд. У бо хукми суд хатто наметавонад ба Риана аз 10 метр наздик биёяд.
- Александр Рыбак, овозхону навозандаи норвегияги, голиби Евровидение 2009 ро барои як аксаш бо А.Лукашенко-президенти ватани аслиаш-Белорусия сад маломату тахкиру танкид карда буданд, ки «у ба чои дастгирии демократия дар дунё бо диктаторе огуш карда расм гирифтааст…»
- Трибунали байналхалкии чинои оид ба Руанда овозхони машхури африкои Симон Бикиндро бо геноцид 15 сол аз озоди махрум карда буд. Уро соли 1991 дар Нидерландия ба хабс гирифта буданд. Дар натичаи геноцид 800 тан намояндаи халкияти «хуту» кушта шуда будааст.
- Овозхони амрикои Шон Леверт, ки 39 сол дошт, хангоми адои чазо дар махбас вафот карда буд. У 1 солу 10 мох бо гунохи напардохтани 89.025 доллар аллимент ба хамсари каблиаш аз озоди махрум карда шуда буд.
- Овозхон машхури гурчи Темур Татарашвилиро суди Тбилиси барои фуруши мухаддирот ба мухлати 10 сол аз озоди махрум карда буд.У маводи нашъаовари «субботекс»-ро аз Фаронса ворид карда, хам худаш истифода мебурдааст ва хам ба дигарон мефурухтааст.
Filed under: Uncategorized | Tagged: Сарояндахо, Фарзона, махбас, мусики, суд |














Салом …!
Вакте ки ман аз тарики Интернет ин хабарро хондам, рости гап хусусан барои ман ин хабари хуш НАбуд! Баро чи? Албатта, барои он ки у чавон аст ва хам чинси латиф аст. Бо ин чумла ман гуфтани нестам, ки аз ба махбас рафтани нафаре аз мардхо хурсанд мешавам. Не, харгиз!
Умуман, ман аз ба махбас рафтани касе хурсанд намешавам. (Ба истиснои баъзе нафароне, ки даст ба чиноятхои вазнин мезананд, аз кабили куштор ва …) . Чи тавре ки дар ин чо кай кардаед, максади хама чазодихихо хам факат ба хотири ислох аст, на чизи дигар!
Дар бораи ин сароянда ба чуз он ки: Шояд ин амали у исботи мухаббати самими доштани у нисбати он чавон бошад … чизе илова кардани нестам. Зеро ки сабабхои ба ин кор даст задани у хар гуна садо медиханд!
Аммо, дар мавриди он ки «барои чи аксарияти мардум аз он ки нафаре ба махбас меравад, хурсанд мешаванд?» худи Шумо чанд сабабашро поёнтар кайд кардаед, ки ман хам фикр мекунам, ки яке аз сабабхояш шояд хамон «магрури ва хавобаланди» бошад, ё … чизи дигар.
НравитсяНравится