Ман сигорро дар утоки корам мекашам…

       Бахор омад….Ва сабзаву гулу гиёху долу дарахт оханги бедори дорад. Бедори нишони зинда будан аст. Зиндаги давом мекунад…Ин Бахор ба дунбол гулрезиву накхату тароват дорад. Биё Бахор!!!

 ==================================================

 Бахор омад…Шояд рафтахоро наовард, шояд гумшудахоро пайдо накард, шояд боз кучое аз сели борон вайрон мешавад, вале….вале бахор хар бор умед меорад, умеди самараи як дона гандум, умеди рузгори гарму ором, умеди сабзи мардум… Зихи, Бахор!!

 ===================================================

 Бахор омад…Селаи булбулони хушхон, бо нагмаву таронахои бахори дили маро ба ин зиндаги гарм месозанд, фикру андешахоям ранги тозаву накхати бахори гирифтанд. Бахори орзухо меояд…

==================================================

Бахор омад… Акнун зиёд мешунавем ки мегуянд, ман хаста хастам, ранги пустам дигар шуд, хоб бар ман галаба дорад….Вале хамин аст,нишонахои бедори ва тавлиди дигар. Акнун вакти дигар шудан аст…Биё дигар мешавем…

 ================================================== 

Бахор омад…Ман аз аз хавои тоза нафас мегирам, ман сигорро дар утоки корам мекашам, то хавои атролудаи бахориро губоролуда накунам, ман субх дар богчаи назди бино шукуфтани гунчаро, чун кушода шудани чашмони писарчаам вакти субх интизори мекашам…Ман Бахорро чун колабшикану яхшикан дуст медорам…

  ==================================================

P.S. Ин мавод замоне иншо шуда буд, ки ман сигор мекашидам.

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти