Ман аслан факат хамин рузи-рузи шанбе истирохат дорам. Аммо истирохатро хам дар коргох мегузаронам. Истирохат албатта бехаракати нест, аммо бо будан дар хона ва дароз кашидан руи чойхоб хаёл мекунам, ки бехаракат шудам ва мувозинатро гум кардам. Альберт Эйнштейн дуруст мегуяд, ки «Зиндаги мисли рондани велосипед аст. Хамин , ки аз харакат бозмонди мувозинатро гум мекуни!»  Агар чунин аст, пас ба пеш!!!

Имруз дар мавриди домодхои гаронтаъсир, духтурони  бандии пул, хунгузарони ва «хун макидан», зани яхуди ва хуччати ронандагии точики, дарёфти чоизаву унвон ва бахси  ду шахси бемор навиштаам.

  • Сергей Аллилуев-инкилобчии рус ва домоди Сталин таваллуд шудааст (1866)

         Ачобат холо хамин аст, ки домодхо дар назди хусурон меларзанд, мардуми одди бошанд дар назди домодон!!! Аммо нафароне, ки ба он харду  наздикиву коре надоранд, бояд факат кор кунанду кор кунанду кор кунанд….

  • Бо фармони Екатеринаи 2 дар Маскав Госпитали Павловский кушода шудааст, ки он аввалин касалхонаи оммави дар Руссия буд (1763) 

         Такдим ба  гурухи махсуси табибоне, ки факат барои пулёби хар субх ба чои кор меоянд: 

(духтури гуш) 

         Маро ду гуш махкам шуд, табибо, ин табобат буд?

         Ки як дастат ба гуши ман, дигар бар киссаам бурди…. 

(шикастабанд)

         Ту побишкастаро пои дилашро бишкани охир,

Ба ин аз по такиданхову аз руи утокат чамъ карданхо..

(духтури пуст)

         Сафедихову сурхихои пусти мо на беморист,

         Ки бемораст  пусте,  ки даруни он пур аз кох аст! 

(чаррох)

         Чок кардану духтанро, хам дар спирт насухтанро,

         Киссахоро руфтанро, аз чаррохон омузед! 

(момодояхо) 

         Агар ту, модари точик, зоди тифли инсофро,

         Варо бигзор дар огуши момодояву баргард…

  • Дар Англия маротибаи аввал хунгузарони анчом дода шудааст (1818)

         Аммо «макидан»-и хуни инсонхо хеле баъдтар -дар охирхои асри 20 ва аввали асри 21 огоз шудааст.

  • Собик Президенти СССР М. Горбачёв ба Президенти Россия Б. Ельцин  гуфта буд, ки «саломатиат, ки хуб нест,  ба истеъфо рав…» (1996)

         Тахминан  монанд ба он, ки як  маризи Беморхонаи касалихои рухии нохияи Рудаки ба ахволи як бемор аз Маркази наркологи хандида, дар миёни мардум бо «баклажка» ба сараш зада истодааст…

  • Як зани яхудии 82 сола маротибаи 36-ум барои гирифтани хуччати ронандаги имтихон супорида буд. У мехост, ки ронандагиро ёд гирифта бо мошин ба аёдати духтараш ба Телль-Авив  биравад. Вале насибаш накард-у вафот карду сохиби хуччати ронандаги нашуд (2000)   

Дар Точикистон сохаи туризми воридоти фаъол нест. Вагарна мумкин буд, ки ин пиразанро ба саёхати кишвари мо чалб кунанд. У хам дар Ромиту Варзоб дам мегирифт ва хам осонакак сохиби хуччати ронандаги шуда, мерафт ба хонааш. Яъне хам пул меомад ва хам савоб мегирифтем…

  • Филипп Киркоров унвони Хунарпешаи шоичтаи Руссияро гирифт (2001)

         Аммо ман мехостам, ки вобаста ба пешниходи унвону чоиза овоздихи ва ё раъйпурси миёни мардум баргузор шавад.  Он вакт дигар барои «пойхои сафеду зебо» унвон гирифтан номумкин мешуд.

 

Ответы (2) на «25 сентябри соли 2010»

  1. Суман Аватар
    Суман

    Салом. Дар бораи пешниходи унвону чоиза чони гапро гуфтед лекин. )))
    Лекин аки Субхон ин мисрахои шеъриро худатон навиштаед? Шумо шеър хам менависед?

    Нравится

    1. Subhon Аватар

      Саломалейк.. Дар мавриди мисрахои шеъри намедонам акнун чи гуям — агар гуям, ки не ман наменависам, шояд мепурсед, ки он навиштахо аз ки аст, вале агар гуям, ки худам навиштам, метарсам, ки таъриф нашавад 🙂 Хайрон шудам рости гап, ки чи нависам…:)

      Нравится

Добавить комментарий

I'm Emily

Welcome to Nook, my cozy corner of the internet dedicated to all things homemade and delightful. Here, I invite you to join me on a journey of creativity, craftsmanship, and all things handmade with a touch of love. Let's get crafty!

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше