Будан ва набудан!

           Дируз дар гузорише, ки Маркази робитахои чамъиятии КАМ Точикистон таёр кардаасту онро  ба такрор шабакахои телевизионии Точикистон нашр кард, сухбати нафареро шунидам, ки сокини вилояти Хатлон буда, гуё дар кадом дехаи минтакаи Рашт омодагии чанги мегирифтааст. Барои ман чумлаи дигараш шавковар буд. У мегуфт, «ман як сол буд, ки ба аёдати наздикону пайвандонам нарафта будам, намегузоштанд».  Яъне, агар ман нозири минтакави хамон худуди истикомати он чавон ва ё худуди боздошти муваккатии у  мебудам, бояд аз кор мерафтам. Мерафтам ва халос!

Ман холо намедонам, ки бархурди нозири минтакави дар махалли истикомати конунии он чавон бо оилаи онхо ва нозири минтакаи будубоши дарозмуддати у бо  сохиби он манзил  чи гуна буд ва хам намедонам, ки он гузориш ва он сухбат то чи андоза дуруст буд. Аммо аз дируз то ин вакт ман факат бо пеши ру овардани нозири минтакавии худуди истикоматии худамон дар хамин бора фикр мекунам. Чи гуна ман  нозири минтакави бошам ва дар худуди назорати ман нафаре як соли дароз набошаду ин маро ба шубха наорад? (Ё ман чи гуна надонам, ки дар фалон манзиле, ки  дар худуди зери назорати ман аст, чандин нафар нигох дошта мешаванд?) Дар холе, ки хатто бе кадом санчиши пинхони ва фаври хам фахмидан мумкин аст, ки кадоме аз бачахои махалла дар Руссия  дар мардикори хастанду кадоме аз онхо дар Душанбе.

Ба назари ман тартибу  фаъолияти кории нозирони минтакави, ки дар самти ороми ва субот накши назарасе доранд, бояд дигаргуна  ва нав шавад. Тасаввур кунед, ки холо мардуми дар хорича дар муассисоти динни  паи тахсили илм бударо бозпас мехонанд. Инчо шояд  назорат осонтар аст.  Аммо дар дохили кишвар нафароне хастанд, ки солхо дар манзили зисташон карор надоранд.

Ман нозирони минтакавиро чи гуна дидан мехостам:

  • хар кадоми онхо ноутбук (хам телефони бепули мобили!) дошта бошад, ки ба Интернет пайваст бошад ва дар он базаи маълумоти вобаста ба хама гуна чиноёт ва шахсони чинояткору дар гурез буда чой карда шуда бошад;
  • нозирони минтакави аз миёни нафароне бошад, ки барои мардуми он махал ошно ва наздик бошад;
  • нозири минтакави бо дастгоху тачхизоти пешрафтаи техники барои бурдани санчишу назорат таъмин бошад;
  • табодули маълумот миёни нозирони минтакави ва кормандони макомоти дигар барои дарёфти маълумот ва пешгирии чинояткори дар сатхи хуб суратт гирад;
  • нозир факат барои набудани чинояткори ва ризоияти мардуми минтакааш бигзор маош гирад ва рутбаи баландтареро сохиб шавад;

Аммо холо ба назар мерасад, ки мардум аввалтар аз хама ба нозири минтакаашон бовари надоранд, баъдтар  ин ки агар  сокинони махал нафареро аз хамсояхо  ду ё се маротиба бо нозири минтака бубинад, тамгаи «хабаркаш»-ро ба у мечаспонанд, баъди ин бошад, нозирон низ кушиш мекунанд, ки бо дагали ва муносиботи магрурона ба кавле  «алови чашми мардумро бигиранд».

Муносиботи нозиронро дар шахру кишвархое, ки бачахои мо ба мардикори мераванд, шумо хам шояд медонед ва шунидаед. Медонед, ки барои кайди муваккати, барои набудани он кайд, барои бе ичозатномаи кори ба даст афтидан ….хулоса барои хама кор мухочир бояд ба дасти он нозир «як чиз ним чиз» бидихад ва халос шавад. Як дустам як вакт накл кард, ки вакте ки уро дар ким кадом махалли назди Маскав дастгир мекунанд ва гуё чарима мепурсанд, у пул надоштааст. Он нозир телефони мобилии худро бароварда,  расми уро мегирад. Баъди чанд муддат боз дар кадом рохе уро дастгир карда,  баъди дидани суратхои телефони мобилиаш мегуяд, ки «сурати ту дар базаи ман хаст ва ту акнун холо бояд барои ду маротибаи конунвайронкуниат чарима супори…» Яъне он нозир чаримаи насия хам доштааст ва хангоме ки мардикор пули гуё чаримаро месупорид, расми уро он нозир аз телефонаш-аз хамон базаи карздорхо нест мекард. Ана хамин гуна мардуми нозир дар кишвархои дигар «хаёлбофии рангин» доранд. Ин чиз  ба рухияи хам нозирони минтакави ва хам худи мардум бетаъсир намемонад.

Хамчунин мехостам, ки ба чанд суоли дигар вобаста ба хамин мавзуъ посух бигирам:     

  • нозири минтака дар бораи ичоранишинон бояд ягон маълумот дошта бошад ё не?
  • нозири минтакави кадом вакт бояд барои назорати худудаш биёяд-шабона, рузона, бегохи, субхгохон ва ё чанд маротиба- хар руз, хафтае як бор?
  • чи андоза гузориш ва пешниходи як нозири минтакави мавриди санчиш ва омузиш карор мегирад?
  • барои пешгирии чинояткори ва андешахои носолим нозирони мо (онхое,  ки холо дар ин маком кор мекунанд!)  аз чи усули пешрафта ва замонавиву барои мо мувофик кор мегиранд? Зеро пешгирии чиноят осонтар ва хам мухимтар аст.
  • оё нозир метавонад, ки накшахоеро пиёда кунад, ки аслан дар он бора барои у супориш надодаанд ва ё дар руйхати вазифахои хатмии у нест?…   

Набудани як нафарро дар деха ва ё нохия (ё будани нафареро дар минтакаи барои у бегона!) дар баробари нозири минтакави бояд раисони махалла, кормандони идорахои чамоат, кормандони макомоти амният ва мисли инхо бубинанд, бидонанд ва нисбат ба он бетараф набошанд. Холо бо дастраси ба дастовардхои навини техника ва илм сохтани як базаи маълумоти,  назорати чойивазкунии шахрвандони гумонбар ва ё шубхаовар дар дохил ва беруни марз  кори душворе нест. Факат каме хаёлбофи ва масъулиятшиноси лозим асту халос. (Яъне, ру ба мардум бояд буд ва даст ба дасти онхо бояд дод)  Ин кор бояд ба тарзи дахолат ба зиндагии шахсии инсонхо сурат нагирад, баракс бояд шахрванд эхсос кунад, ки хар икдоми корманди ин ё он сохтор барои манфиати у, амнияту пешрафти  у ва кишвар аст.

Один ответ

  1. Салом акаи Субхон, ба рости пас аз хондани ин навишта, як гуфтае ба ёдам омад, ки чунин аст: -агар таманнои шоири дори, ба механи шоир сафар бикун, ва ман низ дар чавоб ба ин чунин фикр кардам, ки агар таманнои хондани навиштахои ачибу хонданибобро дори, ба блоги Субхон Чалилов мархамат бикун. Дар мавриди нозирони минтакави андешхои хеле хуб навиштед. Бояд гуфт, нафароне хастанд, ки чандин сол зиндаги мекунанд, вале боре хам нозии минтакавии худро надидаанд. Бархе аз нозирон интизор мешаванд, ки кай ходисае рух дихаду, онхо ба он чо хозир шаванд. Агар кулли нозирони минтакави он гунае ки шумо навиштед хаёлбофу масъулиятшинос мешуданд, олам гулистон мешуд…Саломату комёб бошед!!!

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти