26 сентябри соли 2010

      Хар руз агар сад чиз моро рухафтода ва хотирпарешон мекунад, як чизи дигаре пайдо мешавад, ки  моро ба зиндаги ва зистан дилгарм месозад. Ман омода нестам, ки он сад чизи норохаткунандаро барои дигарон ошкор кунам, аммо хар лахза мехостам, ки хамон як чизи рохатбору хостаниро бо дигарон, махсусан бо наздиконам кисмат кунам. Холо хамин гуна вакт аст: як чизи рохатфизо ва хуб бояд ба чандин нафар хуши ва сурур биёрад, табассумро бояд ба руи лоакал  наздиктарин нафарон арзони дошт…Факат як харфи хуш ва факат як табассуми самими ва на сохтае!

Имруз дар мавриди тори анкабуд, дебатхои телевизиони, газетахо барои печонидани себу нок, маоши нозирони рох ва курсихои сехрнок навиштаам.

  • Дар СССР конун дар бораи интихоби озоди дин кабул шудааст (1990)

         Як нафар гуфтааст, ки «конун мисли тори анкабут аст-агар ба он чизи сабуке  афтад, дар мемонад, вале агар ба он вазниние афтад, меканад!»

  •  Кеннеди ва  Никсон бори аввал дар таърихи интихоботи президенти Амрико байни хам дебати телевизиони  ташкил карданд (1960)

         Дебатхои телевизиониро на факат дар мавсими интихобот, балки дар рузхои мукаррари хам ташкил кардан мумкин аст. Дебатхо миёни ягон судя  ва махкумшудае,  Вазири маориф ва касе аз миёни сатрпушон, прокурори собик ва прокурори феъли ба гумони ман, ки хеле шавковар мешуданд.

  • Фидель Кастро дарозтарин нуткро дар таърихи СММ анчом додаст-4 соату 29 дакика (1960)

         Тасаввур кунед, ки агар он нуткро дар сахифахои газета нашр кунанд, мисли он ки дар баъзе кишвархо холо хам анчом медиханд, шояд барои як мох он газета дигар ба ягон  мавод эхтиёч пайдо накунад. Мегуянд, ки дар хамин гуна газетахо себ ва ё нок дергох вайрон нашуда, хатто лаззаташ бештар мешудааст…

  • Нозироти Давлатии Бехатарии Харакат дар Роххои Руссия (ГИБДД) сомонаи расмии интернетии худро кушодааст (2001)

         Шунидам, ки кадом вакте сардори як хамин гуна шуъбаи бозрасии автомобили ба корманди худ, ки се мох пештар ба кор кабул шуда буд, мегуяд,  ки  «а бача, ту маошота намегири, се мох аст пеши касса нарафтаст?»

Ин сохтор-сохтори хуб аст, ба кормандонаш боз маош хам медихад!!!

  • Як мухлиси футбол-Берте Хиггинботтоме дар тули 78 сол тамоми бозихои анчомдодаи тими дустдоштааш-«Олдхэм Атлетик»-ро  тамошо кардааст.

         Ман хам агар  Вазири молия, Раиси комиссияи интихобот ва раъйпурси ва ё Вазири мудофиа  мебудам, ягон мачлису нишасту чамъомадро нагузаронида, дар хамаи онхо ширкат мекардам.

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти