Ин сафари мо ҳудуди 6 сол қабл буд. Ман мисли он ки дар ҳама сафарҳо аст, хотироти сафар ё дурустараш натиҷаи ҳар рӯзи сафарро менависам ва бо аксҳои ҳамон рӯз инҷо мегузорам. Баъди баргаштанам аз Полша ман чанд карат ният кардам, ки ҳамон дастнависро ба компютер кучонам ва дар блог гузорам. Аммо бо чанд сабаб фурсат нашуд ва имкони дигар ҳам наёфтам. Чанд моҳ пештар ҳамкорам Комбиз кӯмак кард, ки варианти электронии хотироти ҳамин сафар пайдо шавад. Ва акнун ҳамин рӯз ба қавли мардум, “Худо розӣ шуд”, ки ин маводро дар блог гузорам. Умедворам шавқовар аст ва мехонед.
Шаб буд. Соат ба 12 наздик мешуд. Ба фурудгоҳи Душанбе омадам. Маро чанд тан аз дӯстонам интизор буданд. Баъд аз чанд муддат вуруд ба толори назорати гумрукӣ ва қайди чиптаҳо сар шуд. Барои ман хурсандиовар он буд, ки аксарияти кормандони он нукта маро чун ровии радио мешинохтанд ва аввалтар аз ҳама мепурсиданд, ки “дар набудани ту кӣ барномаи «Субҳи Ватан» — ро таҳия ва пешниход мекунад?”
Вориди тайёра мешавам. Боинг. Беҳтарин шароит ва имконият аз “Сомон Эйр”. Ин гумонам ҳамон “Боинг”- е буд, ки баъди харидориаш бисёриҳо эрод ҳам гирифтанду манбаи молиявии ин харидориро кофтанду хулоса, ҳар чӣ гуфта буданд….
Бар хилофи наттоқе, ки барои тамоми фурудгоҳ эълонҳоро қироат мекард, гӯяндаи тайёра забони тоҷикии хеле хубу гӯшнавоз дошт. Тамоми дохили тайёра дар қатори забони англисӣ, навиштаҷоти забони тоҷикӣ дорад. Ҳама чиз фаҳмо, шинос… Мониторҳои болои сари мусофирон тӯли парвоз қариб ҳама гуна маълумот, харитаи сафар, баландӣ ва давомнокии парвоз, суръати ҳаракат, ҳубуби парвоз, ҳарорати ҳавои беруни тайёраро нишон медиҳад.
Парвози мо аз Душанбе то Франкфурти Олмон қариб 7 соат идома кард. Ман, директори кулли ширкати мо Вера Кулакова ва ду ҳамкасби мо – Манижаву Наргис вориди фурудгоҳи Франкфурт шудем. Ман чанд шаҳру кишвари аврупоиро дидам. Аввалин чизе, ки маро ба худ ҷалб мекунад, накҳат аст. Ин ҷо ҳама бинову корхонаҳо накҳате доранд, ки ба қаҳванӯшӣ ва қаҳвапазӣ хаёлам, ки вобаста аст. Ё шояд он бӯйи Аврупо аст, намедонам. Мо бояд ба Варшава парвоз кунем, вале то замони парвоз қариб 6 соат фурсат дорем. Тамошои фурудгоҳи Франкфурт. Ҳама чиз фаҳмо, мониторҳои зиёд хатсайру вақти парвоз ва самти нуқтаи ба қайдгириро нишон медиҳад. Барои ҳатто нафаре, ки бори аввал ба он ҷо меояд ҳама чиз фаҳмо аст. Мо дар як қаҳвахонае ҷой гирифтем. Тӯли чанд соате, ки қаҳва нӯшидему ғизо хӯрдем, маро амалу ҳаракати мардум ҳайрон мекард: касе баланд сӯҳбат намекунад, доду фарёди беҳуда нест, мардум нисбат ба ҳамдигар хеле меҳрубонанд…
Ҳатто тааҷубамро нигоҳ дошта натавониста, аз ҳамроҳонам пурсидам, ки «ҳис мекунед, ки чӣ гуна оромӣ ва тартибу низом аст инҷо»?
Маълум аст, ки аксарияти мардум дар Аврупо калонсолон ҳастанд. Вале медонед, чизи дигаре, ки ман ба он таваҷӯҳ кардам, чӣ буд? Новобаста ба сину соли болотар аз 55 – 66 ва 70 онҳо ба худашон хеле ҷиддӣ аҳамият медиҳанд. Маълум аст, ки сиҳати ва зебоии худро ҳифз мекунанд, ман дар тани ягон нафари онҳо либосҳои пастсифати бесифати ба сиҳати зиёноварро намебинам, ҳатто ба пойафзолашон таваҷӯҳ мекунам: ҳама чӣ бадошту бо сифату зебо аст.
Тарзи зиндагӣ, шароит ва имконот низ ба сиҳатии инсонҳо таъсир мерасонад. Он ҳатто ба шууру зеҳни мардум таъсир мекунад. Шумо агар худатонро кушед ҳам шояд он мардум ҳамон молу маҳсулоте, ки мо дар бозору мағозаҳоямон дорем, он ҷо бепул ҳам онро аз дастатон нагиранд. Барои ҳамин гуфтам, ки дар шаклгирии зиндагии инсонҳо шууру ақлу дарки онҳо ҳам хеле муҳим аст..
Фурсати аз қайд гузаштан барои парвоз ба Варшава оғоз шуд. Дар Франкфурт онро касе эълон намекунад: дар дар чипта ҳама маълумот ҳаст дар мониторҳо ҳама гуна иттилоъ намоён аст ва болои саратон тамоми ишораҳо барои расиданатон ба нуқтаи зарурӣ кӯмак мерасонанд.
Навбати дуру дарозе пайдо мекунад. Тафтиш якбора барои чанд самти парвоз сурат мегирад. Аз ман хоҳиш карданд, ки катюмамро кашида ба сабад гузорам, тасмаро ҳам аз миёнам озод кардам, ҳар чӣ дар дастаму дар киссаҳоям доштам, онро ҳам дар дохили он сабад гузоштам. Баъд аз дохили таҷҳизоти «оҳанкобӣ» гузошта, назди корманди дигари он нуқта рост шудам. Дстамро ба ду тараф рост кардам: бо таҷҳизоте, ки сарҳадбонону гумрукчиён доранд, тамоми баданро тафтиш мекунад. Пойафзоли хитоии ман ба назараш шубҳо овар намуд, ки гуфт онро барорам. Ҷуробҳоро ҳам бо дастонаш ҳам бо он «оҳанкобак» -аш аз назар гузаронд. Ба як сакичи “Dirol”, ки аз фурудгоҳи Душанбе харида будам, зиёд тааҷуб кард ва онро ҳам ҳам якҷо бо пойафзолам ба сабаде гузошта, аз нав аз “сканер” гузаронд…
Хулоса тафтиш тамом. Ҳамкорони маро занҳо тафтиш карданд ва мо ба толори интизории мусофирон ворид шудем.
Тайёраи ширкоти “Lot” рӯи Франкфурти олмонӣ ба парвоз омад. Бомпӯши сабзу сурхи хонаҳо, тартибу меъмории хуби онҳо аз боло хеле назаррабо аст.
Моро дар фурудгоҳи Варшава намояндаи Бунёде, ки таҷрибаомӯзиро ба мо ташкил кардааст, пешвоз гирифт. Ҳайати Тоҷикистон аввалин шуда омад. Моро ба меҳмонхонаи “Atos” оварданд.
Ҳуҷраи ман 111 аст. Фардо мо фурсат дорем, ки пойтахти Полшаро тамошо кунем. Барои ин мо аллакай чиптаи роҳ ва 100 злат дар кисса дорем!
21.09.12

Добавить комментарий