Пешниҳод (10)

          Ман фикр намекунам, ки дар кишвари мо комилан ҳама корро барои ба театр ҷалб сохтани мардум карда бошанд. Зеро ҳоло мардум ба театр на чандон таваҷҷуҳ доранд, ё худ таваҷҷуҳи мардум, махсусан насли ҷавон ба театру синамову ҳунармандӣ на ба он сатҳу дараҷае ҳаст, ки дил мехохад. Вале аз суйи дигар боз меандешам, ки “чаро моро бояд касе барои рафтан ба театр маҷбур кунад?” Воқеъан, ҳам агар волидон натавонистаанд дар замири фарзанду ҷигарбанди худашон меҳри ҳунару санъату саҳнаву театрро ҷо кунанд, агар муҳит ва фазои зисти касе фарҳангиву театрӣ набуд, агар он ҷавон худаш фаҳму дарки саҳнаву асарҳои бадеӣ ва офаридаҳои ҳунариро надорад, мешавад, ки ӯро маҷбурӣ бурда ба толори театр ворид карду ба умед шуд, ки у фарҳангӣ шуду босавод шуд?! Не, албатта!!! Агар дида бошед, маҳз ҳамин гурӯҳи ҷавонони маҷбурӣ ба театр оварда шуда ба актёрон дар иҷрои нақшҳо ва ба ду се тамошобини асили театр барои тамошои хубашон халал мерасонанд.

Ман чанд руз пештар дар мавриди фаъолияти як театри хиёбонӣ маводеро дар кадом саҳифаи иҷтимоӣ хонда, хурсанд шудам. Ин воқеан ҳам як варианти оммавӣ кардани театр ва ҷалби таваҷҷуҳи мардуми оддӣ ба саҳнаву ҳунармандиву театр аст. (Бархурди наврасони қариб кучагӣ ва ҷавонони ноогоҳ албатта вақти тамошо дар кучаву хиёбон ҳатман ки мояи нигаронӣ аст. Боварнакарданӣ аст, ки рӯзу моҳҳои аввал ин гуна саҳнаҳо дар кучаву хиёбон бе кадом ҳолатҳои ногувор гузарад!) Чизи дигаре, ки дар чанд вақти охир имконияти шодиро барои ман фароҳам овард, таваҷҷӯҳи кормандони мақомоти қудратӣ ба театр буд. Мо чанд самти калидӣ ва муҳиме дорем, ки низому садоқату риояи қонунҳо дар он ҷо боиси оромии кулл, таъмини адолат, осоиштагӣ ва ризоияти  мардум дар ҷомеъа хохад буд. Яке аз онҳо ва шояд муҳимтарини онҳо — ҳамин мақомоти қудратӣ аст.

Аммо он чизе, ки ман ин навбат навиштанӣ ҳастам, ба паҳлуи дигари ҳамин мавзуъ ва масъала дахл дорад. Варианти классикии театрҳо, ки ҳоло ҳастанд, дар шароити кишвари мо фақат метавонанд, ки ба сахтӣ ва мушкилӣ вуҷуд дошта бошанд. Зеро ба чашми оддӣ ҳам дидан мумкин аст, ки акнун шояд барои чанд даҳсолаи охир ҳеҷ як намоишномаи театрӣ пурра толорҳои калону барҳавои театрҳои моро пур накунад. (Аз суйи дигар шумо ҳам шояд бо ман розӣ ҳастед, ки “шарт нест дар вақти намоиш толор маҷбурӣ пуропури мардум шуда бошад”) Хушбахтона дар шаҳрҳо ҳоло 50-100 каси воқеъан ҳам мухлиси театр, дӯстдори театр ва ашхоси имконияти ба театр рафтан доштаро пайдо кардан мумкин аст. Боз ҳам дар ҳоле, ки арзиши чиптаи театрҳои мо қиммат нест. Ман фикр мекунам, ҳоло, ки  дигар мо толорҳои калони театрҳоро пур аз тамошобин карда наметавонем ё агар дурустар карда бигуем, ҳоло, ки тамошобини асосии театр аз пайи дарёфти ризқу рӯзӣ гоҳ дар муҳоҷирату гоҳ аз пайи кору бори худ аст, ними дигараш вақту пулу имкони ба театр омадан надорад (ва ҳам ин шояд талаботи замони нав ҳам бошад!) бояд вариантҳои мувофиқтарро фикр кард, ки аввалтар аз ҳама натиҷабахш, баъдтар ин ки камхарҷ бошанд. Шумо ҳам агар хароҷоти якмоҳаи театрҳо – маошу андозу либосу декаратсияву гонорар ва пардохтҳои дигар барои замину обу барқро  ҳисоб кунед, маблағи калоне пайдо мешавад, ки ҳоло пардохт накардани  онҳо аз суйи театрҳо ба ҳеҷ ваҷҳ имкон надорад. Чӣ бояд кард?

Ман ду ПЕШНИҲОД дорам, ки умедворам, мақбул бошад.

Аввал, ин ки бигузор толорҳои театрии калону кушоду барҳавои мо бошанд. Барои баргузории маҷлису вохурӣ, нишастҳои хосса, ҷаласаҳои муҳим, консертҳо ва мисли ин ҳатман, ки даркор мешаванд. Ҳоло бошад, хаёлам фурсати он расидааст, ки толорҳои театрии хурд, гуруҳҳои театрии хурд, студияҳои театрӣ бо сабку равияҳои мухталиф (ҳатто бо забонҳои гуногун ҳам!) ташкил кунем ва дошта бошем. Барои ин шарт нест, ки толор 1000 ҷойи нишаст дошта бошаду театр дар маркази Душанбе бошад. Кофӣ аст, ҳатто як толори бекорхобида, бинои куҳна, ё ҳатто таҳхонаи бинои баландошёна (ё болохонааш) таъмиру тармим гардаду ба ҷавонон дода шавад. Ҳис мекунам, ки ин пешниҳод (аллакай дар ҳамин ҷояш!)  ба як соҳибкор, тоҷир, анбордор ва корчалоне маъкул нашуд. Шумо ҳам албатта дар мавқеъи худатону дар ҷойи худ ва бо далелу бурҳони худ шояд ҳақ бошед. Вале бовар кунед, ки санъату фарҳангу донишу ақл ҳоло ва ҳамеша муҳимтар аз ҳама чизи дигар аст. Намунаи ҳамин гуна театрҳои хурди сертамошобинро дар кишварҳои дигари аврупоӣ, Амрико ва ҳатто дар кишварҳои собиқ шуравӣ ҳам дидан мумкин аст. Чанд руз пештар вақте ки ман театри “Жас Сахна”-и қазоқиро дар Алма Ато дидам, ба ҳамин фикрам бештар аз пештар устувор шудам. Ҳамон театре, ки онҷо Барзуи тоҷик беҳтарин намоишномаҳоро ба саҳна мегузорад, ошёнаи аз ҳама поёни як бинои тиҷоратӣ аст. Вале ин тамоман монеъ нашуд, ки мо ду рӯз пушти ҳам ба онҷо рафта ду намоиши беҳтаринро тамошо кунем. Хурд, вале бароҳат, камхарҷ, мақбул ва сертамошобин…
(Ҳоло фақат дар як шаҳри АлмаАто бештар аз 20 ҳамин гуна театри хурду калон фаъолият мекунад.)

Агар мо ҳам (дар баробари дастгирии калонтарин театрҳои касбии доштаамон, ки буданашон шарт ва ҳатмӣ аст!) як барномаи чандсолаи рушди театрҳои хурдро қабул кунему дар доираи он ба беҳтарин ҷавонони ҳунарманди театру синамо ҳамин гуна лоақал таҳхонаву болохонаҳои биноҳоро барои истифодаи доимӣ бидиҳем, барои рушди ин самти хеле муҳим саҳми воқеан ҳар арзандае хоҳем гузошт. Тасаввур кунед: як ҷавон, ки аллакай нозукиҳои саҳнаву театру ҳунармандиро медонад, чандин сол дар театрҳои овозадори мо кор кардааст, 9-10 ҳамфикру ҳамсол ва ҳунарманди хубро гирифта, театри алоҳидаи худро ташкил мекунанд.(Мумкин аст, ки як ҳунарманди собиқадор ва ё коргардони машҳур аз тавсияҳои худ он ҷавононро баҳравар кунад, бо он театри хурд пайваста иртибот дошта бошад). Таҷрибаи ташкили театрҳои оилавӣ ҳам дар дунё ҳаст. Фикр мекунам, ки ин театрҳои хурд ҳатто метавонанд либосҳои саҳнавиро аз худи мардум ҳам чамъоварӣ кунанд (Ман медонам, ки бузургтарин ҳунармандони синамо як вақт барои ҷамъоварии либосҳои саҳнавӣ ҷиҳати сабти филм ба мардум муроҷиат карда буданд. Он вақт онҳо, ки филмашон буҷаи калон дошт, он либосҳоро ҳарида буданд, аммо ман боварӣ дорам, ки мардуми мо худаш агар зарур шавад, ин гуна театрҳои хурдро бо декаратсияву либосу мизу курсӣ таъмин мекунад) Гузашта аз ин чанд соли фаъолияти Фестивал-озмуни театри ҷавонон “Нигоҳи Нав” дар Душанбе нишон дод, ки агар ҷавон боистеъдод аст, агар гуруҳи воқеъан ҳам ҳунарӣ ҷамъ шуда бошад, агар асари интихобкардаи коргардон ва таҳиягар хубу шоиставу арзанда аст, — аз чанд метр банду чанд латтапораи кӯҳна ва ҳатто газетаҳои ба фуруш нарафта ҳам декоратсия сохтан мумкин аст.

Вақте ки ин гуна театрҳои хурдакак ташкил карда мешаванд, аввалтар аз ҳама рақобати ҷиддӣ ба миён меояд, ки ин беҳтарин чиз аст, баъдтар ин ки ҳар театр кушиш мекунад, дар самти худаш беҳтарин бошад, доираи бештари мардумро ҷалб кунад, мавзуъҳои беҳтарин ва муҳимро дар саҳна дар доираи  намоишномаҳо матраҳ кунад, барои кормандонаш аз ҳисоби чиптаҳову кумакҳои беғараз, сарпарастон ва татбиқи лоиҳаҳои дигар шароити хубтару беҳтар ва маоши баландтарро таъмин кунад ва дар беҳтарин ва бонуфузтарин озмуну фестивалҳои дохилӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ ширкат кунад. Муҳимтар аз ҳама озодии эҷодӣ ва мустақилият онҷо фароҳам бошад. Ин ду чиз ҳатман замина барои рушду инкишофи ҳунари театрӣ ва ҷалби бештари мардум ба театр хохад шуд. Ман ҳатто метавонам чандин ҳунармандро номбар кунам, ки метавонистанд ҳамин гуна театрҳои хурди худашонро дошта бошанду идора кунанду нигоҳ доранд. Онҳоро аз ҳама театрҳои имруза ёфтан мумкин аст.       

Пешниҳоди дуюми ман, ки дар замина ва ҳошияи пешниҳоди аввал аст, ин аст, ки бигузор ҳамин гуна театрҳои хурди мо баъди он, ки ташкил шуданду имкону шароити фаъолиятро ба даст оварданд, ақалан 5 -10 сол (беҳтараш то фоидаовар шудани театр ва театррав шудани мардум) аз ҳама гуна пардохтҳову андозҳо озод шаванд. (То мисли он, ки муаллим як вақт фақат дар ғами ҷамъоварии пули мактаб буд ё чун қисми дигари ҳунармандон, ки  ҳоло дар андешаи ёфтани  пули патентанд ё роҳбарони театрҳо, ки бояд барои пур кардани буҷаи вазораташон саҳм дошта бошанду фикри пардохтҳои ҳатмии дигарро мекунанд, нашаванд). Намояндаҳои муҳтарами мардум ҳамин гуна қисман озодиро аз пардохтҳову андозҳо барои чандин ширкати тиҷоратӣ додаанд ва медиханд ку!?

Яъне, агар мехохем, ки ин соҳа рушди бештар ёбад, ҷавонони театрӣ аввалтар аз ҳама ба мустақилияти эҷодӣ одат кунанд ва баъдтар пул ёфтанро ёд бигиранд, зиндагии худро беҳтар созанд, рақобати солими эҷодиро эхсос кунанд….бояд акнун чизеро (дар мисоле, ки мо гуфтем чанд сомонӣ андозу пардохтҳои дигарро) ба қавле қурбон карду аз баҳраш гузашт! Зеро маълум аст, ки агар як театр-студияи хурде, ки дар таҳхона ва ё болохонаи кадом бино (ё дар ҳавлии касе аст), барои мисол 200 сомонӣ пули барқро насупорад, ё аз андоз аз ҳамон 10 сомонӣ пули билеташ озод шавад,  буҷаи кишвар ҳеҷ вақт касод намешавад. Вале агар насл, махсусан насли наврас ва ҷавон (бо маҷмуъи камбудиву мушкилӣ ва хароҷоте, ки имруз дар зиндагиву таҳсилу донишомузӣ дорад) бесаводу дур аз маърифату фарҳанг бимонад (шабгарду овора бошад, ҳамин гуна миёни мактабҳо ва ҳамсолони худ аз муассисаҳои таълимии дигар биҷангаду бо корд каси дигарро захмӣ кунад, аз хизмати аскарӣ гурезад…), дигар баъдтар харҷи миллионҳо доллар ҳам шояд барои ислоҳи он вазъ дархур набошаду манфиате наорад….   

 

PS: Чанд далел вобаста ба театрҳо ва студияҳои хурди театрӣ дар дунё.

  • Дар баъзе кишварҳои дунё, аз ҷумла дар ФР ҳам Театри Сояҳо мавҷуд аст;
  • Театри ҳайвоноти Дуров на фақат дар ФР, балки дар аксарияти кишварҳои дунё маълуму машҳур аст;
  • Дар Евпатория ва Олмон театрҳои хурди Пойҳои чубин ҳаст, ки ҳунармандонаш ҳатто касбӣ нестанд.
  • Дар Санкт Петербург як театр-осорхона бо номи “Сказкин Дом” фаъолият мекунад, ки муҳтавои намоишномаҳояш ҳам ба афсона ва ҳам мусаввараҳои осорхона иртибот доранд;
  • Театри гурбаҳои Куклачёв аз ба он ҳадд шавқовар аст, ки ҳам хурдсолон ва ҳам калонсолон доимо ба тамошои намоишномаҳои он мераванд;
  • Дар Барселонаи Испания дар хонаи рассом Луиса де Аркер театри хурде (El Teatre més Petit del Món) фаъолият мекунад. Тамошобини он театр бо шунидани беҳтарин намунаи оҳангҳо аз Шопен, Бетховен ва Мотсарт худро дар фазои асри 19 эҳсос мекунад. Баъди шоми мусиқӣ ҳам аксаран мардум дар саҳни ҳавлии он театр ва боғи он хона то дергоҳ суҳбат мекунанд;
  • Дар шаҳрчаи Филлахи Австрия театри хурде мавҷуд аст, ки «Kremlhof» ном дошта, саҳнаи он андозаи 1,3 х 1,3-ро дорад. Он театр барои 8 тамошобин аст. Аз берун мисли як дукончае метобад. Вале тамоми сол онҷо намоишномаҳои гуногуни театрӣ, мусиқӣ, кудакона, хонишҳои бадеӣ, балет ва мисли инҳо гузошта мешавад;
  • Театри рақсии хоҳарони хореограф Габбасоваҳо дар Алма Ато дар самти модерн ва контемпорери намоишномаҳоро пешниҳод мекунад. Намоиши онҳо на фақат рақси ду хохар, балки маъниҳои амиқи фалсафӣ ва мавзуоти муҳими рузмарраро фаро мегиранд. Кори асосии онҳо дигар аст, театр ва рақс бошад, фақат машғулияти дустдоштаи онҳо аст;
  • Дар Маскав (дар комплекси варзишии “Олимпийский”) театри зериобие бо номи «Прозрачный мир» мавҷуд аст. Ҳунармандони он шиноварӣ ва балетро гуё ба ҳам омезиш додаанд. Спектаклҳо дар чуқурии 6 метр дар зери об бо давомнокии 3 дақиқа баргузор мешаванд. Бештар аз 3 дақиқа бе кадом таҷҳизоти нафаскашӣ дар зери об истодан душвор ва ҳатто хавфнок ҳам аст;
  • «Les Passangers» — як театри хурди ғайриодие дар Париж аст, ки онҷо элементҳои экстрим, ҳунари сиркӣ ва рақс ба ҳам омезиш дода шудааст. Онҷо саҳна нест, балки ҳунармандон дар экрани вертикалии калоне дар бандҳо овезон (вертикалӣ) ҳунарнамоӣ мекунанд. Мардум онҳоро аз замин истода тамошо мекунад;
  • «Метрополитен-Опера»- и машҳур дар Ню Йорк дар баробари он, ки мардуми зиёдро дар худи толори театр ҷамъ меоварад, пайваста намоишномаҳои худро дар боғҳои он шаҳр баргузор мекунанд ва ҳазорон кас онҳоро тамошо мекунанд;

IMG_0492

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти