“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (2)

Ин субҳ барвақт аз хоб бедор шудам. Соат чанд аст, намедонам. На телефонамро ҳамроҳам овардаам, на ноутбукро. Дишаб аз мағозае, ки дар наздикии меҳмонхонаи мо аст, сим-корт харидам ва бо зану фарзандонам чанд дақиқа сӯҳбат ҳам карда будам. Оромии шабам ҳам аз ҳамин буд. Ду рӯз пеш онҳо вақти гуселам ҳарду баробар гириста буданд.

Ба духтарон занг задам. Онҳо нав аз хоб хеста буданд. Баъди чанд дақиқа якҷоя ба ошхона рафтем. Тамоми меҳмонхонаҳои дунё барои меҳмононаш хӯроки субҳро аз ҳисоби ҳамон маблағи арзиши ҳуҷра ташкил мекунад.

Панир инҷо хеле болоззат аст… Баъди шикамсерӣ ба хулоса омадем, ки ба тамошои қисмати қадимаи Варшава меравем. Наргис гуфт, ки дар ҳамон ҷо мағозаи хубе ҳам ҳаст, ки метавонем, онро бубинем.

Дар Варшава (мисли дигар шаҳҳрҳои Аврупо) дар истгоҳҳо зиёд интизор намешавӣ. 5 дақиқа пас автобуси №116 омад. Мо ворид шуда, чиптаҳоро аз қайд гузарндем. Акнун мо то се рӯз бо ҳамон як чипта аз ҳама нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебарем. Ду рӯзе, ки мо дар Варшаваем ҳаво абрӣ асту шамол мевазад. Хулоса, манд у рӯз аст, ки худро дар зодгоҳам – Файзобод эҳсос мекунам!

Майдони кӯҳнаи Варшава хеле зебо аст. Гӯё ягон чиз зиёдатӣ ва нодаркор нест. Сайёҳони зиёдеро мушоҳида мекунам. Мо ҳам чанд ҷо сурат гирифтем, ибодатгоҳеро, ки сари роҳ буд, тамошо кардем.

Баъди чанд дақиқа майдон аз мардум лаболаб мешавад. Онҷо аспу ароба ва мошини ба қатора монанд ҳам пайдо мекунад, ки бо чанд злат аз он истифода бурдан мумкин аст.

Ҳоло дар Варшава бузургтарин мағозаҳо мавсими тахфиф доранд. Мо бо тавсияи Наргис, ки маротибаи дуюм меҳмони Варшава аст, мағозаи “Carretuoer” — ро интихоб кардем.

Онҷо ба назарам ҳама чиз озода, ғайриоддӣ ва бо сифат аст. Бо Манижаву Наргис қариб ҳама ошёнаҳои ин мағозаро тамошо кардем. Як ду чиз ҳам харидем.

Барои ман дар ин шаҳри аврупои қариб ҳама чиз шавқовар аст. Масалан, навбатпойии  бо низом, меҳрубонии одамон, аҷоиб аст, ки чӣ гуна онҳо дар ранги сурхи чароғак ҳатто замони набудани мошин ҳам интизор мешаванд, чӣ хел барои 1сақич ҳам дар тамоми мағозаву қаҳвахонаҳо “чек” медиҳанд. Чӣ гуна фақат дар истгоҳҳо интизори нақлиёт мешаванд, чӣ гуна озодапӯшу тозаву ғуломи қонуну қоидаанд.

Дар кӯчаҳои шаҳри қадимаи Варшава, ки аз соли 1980 ба рӯйхати ёдгориҳои ҳифзшавандаи ЮНЕСКО ворид аст, сарояндаҳову навозандаҳоро дидан мумкин аст, ки ҳунарашонро нишон дода, пул ҷамъ мекунанд.

Дар инҷо мардум воқеан ҳам зиндагӣ мекунанд. Ин новобаста ба он ки мушкилии зиёд ҳам доранд. Масалан, сатҳи баланди бекорӣ! Вале ман боварӣ надорам, ки инҷо мардум ҷавонеро, ки гирду атрофи мағозаву биноҳоро тоза мекунад, ё ду наврасеро, ки оҳани ба тағора монандро ба асбоби мусиқи табдил дода онро “менавохтанд” мазоқу масхара кунад. Не!

Аммо ҳоло масалан ман агар дар Душанбе роҳрӯб бошам, маро аз мазоқу хандахариш мекунанд. Ё не? Акнун гӯед, ки мо мағрурии зиёду нолозим дорем ё аврупоиҳо боақлтару босаводтаранд?

Баъди бозгашт аз тамошо дар роҳрави меҳмонхона занеро вохӯрдем, ки ҳамкасби мо буда, дар ин таҷрибаомӯзӣ Ӯзбакистонро намояндагӣ мекунад. Фирӯза-апа ба воситаи Киев ба Варшава расидааст.

Дар воқеъ, барои ҳайати мо ҳам интихоби хатсайр осон набуд. Ба мо гуфта буданд, ки харҷи роҳатон набояд аз $1000 зиёд шавад. Аммо варианте, ки мо ёфтем, ба воситаи Франкфурт буд ва $1200 — ро ташкил кард. Пули роҳи моро ташкилкунандаҳо бояд пардохт кунанд. Мо ҳоло фикр накардаем, ки агар аз рӯи шартнома ба мо фақат  $1000 ҳам “хафа” намешавем. Кӣ бо $200 ҳам визаро аз Тошканд ба даст меораду ҳам Франкфуртро мебинад ва ҳам ним моҳ дар Варшава “кайфу сафо” мекунад!

Шомгоҳ мо ба нуқтаи ғизохурие ворид шудем, ки “Кебаб” ном дошт. Аввал гумон кардем, ки онҷо туркҳо кор мекунанд. Баъд  маълум гашт, ки онҷо нафаре кор мекунад, ки аз Миср баъди “инқилоби баҳорӣ” ба Варшава омада будааст.

“Кабоб” – аш бар ивази 12 злат бомазза буд.

Пагоҳ бошад мо дар Парлумони Полша вохӯрӣ дорем.

То пагоҳ!

 23.09.12

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти