Ин субҳ аз субҳҳои дигар тафовут надошт. Ҳамон меҳмонхона, ҳамон ошхона ва айнан ҳамон ғизои саҳарӣ. Дар мағозае, ки дар ҳамсоягии мо ҷойгир аст, аллакай бо мо дӯст шудаанд. Мо чанд калимаро аз полякӣ омӯхтем ва онҳо ҳам чанд калимаи дигар аз забони русӣ ёд гирифтанд. Вохӯрии мо аз агентии иттилоотии Полша сар шуд. Корманди ин агенти ба мо ҷойи корӣ, шароиту имкониятҳои онҳо, таҳияи хабар ва масъалаҳои дигарро фаҳмонд. 

Аҷобат бо ин аст, ки қариб дар ҳама автобусу метрои Варшава мониторҳое ҳаст, ки дар онҳо тамоми ахбори тоза, ки аз ҳамин гуна агентиҳо харидорӣ мешавад дар 1 соат ва баъзан зиёдтар, бо иловаи вазъи обу ҳавои Варшава дарҷ мешавад. Агентии иттилоотии Варшава, ки тариқи худмаблағгузорӣ фоъолият мекунад давлатӣ будааст. Вақте, ки журналистони Осиёи Марказӣ дар мавриди таъсиргузории ҳукумат ва давлат ба корӣ агентӣ суол мекунад, хаёлам онҳо ҳайрон ҳам монданд. Ба гуфти  Lestaw Sajdak Kierownik дар Полша мансабдорони давлатӣ комилан барои агентӣ фишор намеоранд. Худи агентӣ дар доираи ӯҳдадориҳояш ҳама ахбори расмӣ ва андешаҳои мансабдоронро дарҷ карда, ҳатман ишора мекунанд, ки он андешаву хулосаҳо метавонад ба позитсияи агентӣ мувофиқат накунад. Сабаби набудани рекламаро ҳам корманди агентӣ кӯшиши вобаста нашудан аз рекламадиҳандаҳо унвон кард.

Баъди ин вохӯрӣ мо ба идораи газетаи ҳаррӯзаи Fakt рафтем. Бинои онҳо дар як кунҷи навободи Варшава будааст. Мо 8 нафар бо тарҷумону роҳббаландамон – Саша аввал аз метро, баъд аз қатораи барқӣ (электрика) истифода кардем. Баъди он 1 – 2 км. дигар пиёда рафтем. Дар ин қисмати Варшава биноҳои баланду зебо бо тарҳҳои  замонавӣ ҳам ҳаст ва ҳам сохта шуда истодааст.

Варшава маҷассамаҳои зиёду ғайриоддие дорад. Ба худам фикр кардам, ки агар онҳоро дар Душанбе месохтанд, журналистоне, ки аз Ҳисор онсӯтарро надидаанд якҷоя бо чанд «ҳамфикр» — ашон тамоми газетаҳову бозору кӯчаҳоро пури «шикоят ва иғво» мекарданд, ки «ҳамин чӣ даркор буд» — у, намешавад, ки бо он пул ким-кадом кори дигарро мекардему…?

Мо дар роҳ ба сӯи идораи “Fakt” ду дарахти пури меваи себ ва нокро дидем. Журналистони Осиёи Миёна ба фикри шумо аз зери дарахтоне, ки ягон донааш кирмхӯрда нест, ором гузашта рафта метавонанд? Не албатта! Аз он тараф ҳам себу нок хӯрда мо роҳи пиёдагардиро ба қавле “кӯтоҳ” кардем.

Моро дар идораи газетаи ҳаррӯзаи Fakt Jan Domaruewski ҳамроҳӣ кард. Онҳо дар хубтарин шароит кор мекунанд, навтарин техникаро истифода мебаранд ва дар тақсимоти беш аз 400 ҳазор дона газета ҳар рӯз мушкилии ҷиддии надоранд. Девори роҳрави асосии Fakt бо ҳамон зарбеворӣ (абой) –е ороиш ёфтааст, к ибо истифодаи сурати саҳифаҳои аввал ва шумораҳои фоидаовари Fakt махсус фармоиш дода шудааст. Ин рӯзнома 280 корманд дорад. Ба суоли ман дар бораи карикатураҳо паёмбари Ислом дар газетаҳо ин бону кӯтоҳ ҷавоб дод: “Ман бояд дини дигаронро эҳтиром кунам ва дигаронро ҳам ба дини худам водор кунам”…

Ҳар чанд дар Тоҷикстон сабаби пешрафт накардани газетаи ҳаррӯзаро бепулии мардум ва душвории тақсимот ё паҳнкунӣ ном мебаранд, ба гумонам, ки ин ҷо сабаби асосӣ ҳамин аст, ки мо ҳоло мардуми газетхон надорем. Дар ин гуна кишварҳо, ки қариб ҳама ба Net дастрасӣ дорад, газетаи ҳаррӯза ҳоло ҳам моҳияту мавқеъи худро гум накардааст. Сабаб боз ҳам ҳамон аст, ки худи мардум қариб ҳама китобхону газетхон аст. Ҳар саҳар ман дар дохили нақлиёти мусофирбари Варшава садҳо мусофири гуногунсолро мебинам, ки газетаву китоб мехонанд ва ё бо худаш дорад!

Бъди ин вохӯри мо дар 1 соати фурсати озод ғизохурӣ рафтем. Касе “Кебаб”–хона мерафт, касе нону паниру ҳасиби субҳ аз ошхонаи меҳмонхона гирифтаашро мехӯрд ва касе Макдоналдс мерафт. Дар ин гуна нуқтаҳо халтача картошкаи бирён, 1 истакон нғшоба ё шоколади гарм ва гамбургер ҳудуди 15 то 18 злат арзиш дорад, ки бо пули сомонӣ 22 – 25 сомонӣ мешавад. Дар Варшава хӯрокҳои тезтайёршаванда ва миллӣ, мисли куллиаганду ҳасиб тайёр мекунанд, ки ҳам миллӣ асту ҳам бо лаззат.

Баъди 5-6 истгоҳ мо ба дари TVN-24  расидем, ки ба ҳайати корпоратсияи (Т) ворид мешуд. Ин ширкат акнун азоби бӯҳронро кашида истодааст. Фурӯхтани шабакаи синамохонаҳояш ҳам аз ҳамин сабаб буд. Ба ҳар сурат “(Т)” ҳоло TVN-24  ва клуби футболе, ки дорад, фурӯхтанӣ нест, ҳарчанд баъди боз 1-2 моҳи ҳамин гуна шадид шудани таъсири бӯҳрон, онҳо шояд аз шумори 2000 корманди TVN-24  чанд нафарро ихтисор кунанд. Сӯҳбати яке аз муассисони TVN-24 , ки TV-и хусусӣ ва тиҷоратӣ аст, шореҳ Gregorz Miecugow  ҳам аз ҳамин мавзӯъ сар шуд.

Бо дидани бино, ороиши студияҳо, таҷҳизоти корӣ, шароити кор ва имконоти ин TV дар дохил ва хориҷи Полша, кас дарҳол ҳис мекунад, ки тиҷорати даромадноке доранд. Маълум аст, ки 12 дақиқа реклама дар як соат ба ин TV даромади зиёд меорад. Ҳарчанд ба суоли ман, ки “Арзиши 1 дақиқа чанд злат ё доллар аст, ӯ ҷавоб гуфт, ки “намедонам”…

Экране, ки ҳоло дар ин TV гузошта истодаанду моро ҳатто нагузоштанд, ки онро бинему сурат гирем,  дар дунё калонтарин хоҳад буд. Ин TV дар Амрикову Брюселу  Москав хабарнигор дошта, барои истифода дар қатори мошин ва таҷҳизоти беҳтарин, чархбол ҳам дорад. Акнун имкониятҳои ин шабакаи TV-ро тасаввур кардед? Миёни ошёнаҳои 1 ва 2 ки ҳатто зинаҳояш шишагин ҳастанд, ман 3-4 нуқтаи хуби ғизохурӣ ва мағозаро ҳисоб кардам. Ин дар дохили бинои як TV!

Ба гуфти шореҳони  ин TV кадрҳои хубанд, онҳо ҳатто баъди аз ин ҷо рафтан ҳам, аз он ки таҷрибаи хуб доранд “серхаридор”  ҳастанд.

Ман аз роҳбаландамон аз TVN-24-и Полша пурсидам, ки “дар кадом мавзӯъ шумо хомӯшӣ ихтиёр мекунед ва чизе намегӯед ва ё гуфтан намегузоранд”? Ӯ кӯтоҳ ҷавоб дод, ки “ин гуна мавзӯъ нест!”

Miecugow ҳамчунин дар мавриди рақобат дар бозор, усулҳои корӣ, имконоти ғайриоддии таҷҳизоташон, махсусан камераҳо ва нақшаҳои ояндаашон гуфта, моро таъқид кард, ки “яке аз нуқтаҳои ғизохурии дохили  TVN-24 истифода барем, зеро хубу бомазза тайёр мекунанд.

Хулоса, баъзе TV-ҳои дунё бояд аз таҷрибаи ин гуна ширкатҳои калон истифода карда, кормандонро аз рӯи савод, мавзӯъҳоро фаврӣ, рӯзмарра ва аз ҷомеа интихоб карда, барои худашону тамошобинон боз ҳам аз пули онҳо чун андозсупоранда, шароиту имконоти арзанда фароҳам оваранд.

Пагоҳ акнун рӯзи ман аст. Мо соати 10 (бо вақти Душанбе 13) ба Радиои ҷамъиятии Полша ва соати 15 ба идораи радиои хусусӣ ва тиҷоратии ZET хоҳем рафт.

То пагоҳ!

Добавить комментарий

I'm Emily

Welcome to Nook, my cozy corner of the internet dedicated to all things homemade and delightful. Here, I invite you to join me on a journey of creativity, craftsmanship, and all things handmade with a touch of love. Let's get crafty!

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше