Рӯзи мо аз субҳона оғоз шуд. Ҳарчанд “Atos” меҳмонхонаи якситорадор аст, вале субҳона мизи шведии хеле хуб дорад.
Гурӯҳи мо, ки аз се намояндаи Тоҷикистон, се нафар аз Қирғизистон ва як нафарӣ аз Ӯзбакистону Қазоқистон иборат аст, сӯи парлумон – сейми Полша роҳ гирифт. Парлумон инҷо низ аз ду палата иборат аст.
Атрофи бинои сейм, фаромадгоҳ ва роҳраву толорҳои он имрӯз пури мактабиёну донишҷӯён буд. Маълум мешавад, ки рӯзҳои душанбе, ки ягон ҷаласа баргузор намешавад, мақомоти гуногун метавонад ба он ҷо хаттӣ муроҷиат карда, иҷозати вуруд ва ошноиро ба онҷо ба даст биёрад.
Медидам, ки барои тамошо ва шиносоӣ ба сейм ҳатто нафаронеро оварданд, ки маъюбанд ва имкониятҳои маҳдуду мушкил дурустараш беморӣ доранд.
Моро бо парлумони Полша як зан – депутат аз “Platforma Obywatelska” – Ligia Krajewska шинос кард. Чизи аввале, ки ба гумонам ҳама ба он таваҷҷӯҳ кард, дасти рости сунъии он зан буд. Ана барои чӣ масалан як наврас ҳам аз ятимхона ва ё беморхона метавонад боо сейм ошно шавад.
Толорҳои калону барҳаво махсус ба номи ходимони машҳури сиёсӣ ва давлатӣ гузошта шудаанд, илова бар ин барои ҳама ҳизбҳо утоқҳои алоҳида мавҷуд аст.
Гурӯҳи мо баъди ошноӣ бо қисмати бештари сейм ба толоре ворид шуд. Саволҳои мо аз ҳама самту мавзӯъҳо буд.
Хулоса, ки ман дар Душанбе ягон бор ҳатто ҳавлӣ ва роҳравҳои парлумонро надида, дар Полша бо Парлумони онҳо ошно шудам, ба депутатҳо аз ҳар боб суол додам ва ҳатто пушти дари утоқи Президенти Полша дар Сейм сурат ҳам гирифтам.
Баъди ин моро тарҷумон ва гид – Саша ба Фонди ҳамраъйии Полша – Чехия ва Словакия овард.
Ин фонд пинҳонӣ ҳатто замони ҳокимияти шуроҳо ҳам фаъолият мекардааст. Аз соли 2000 бошад сарварии онро Jaroslaw Szostakowski ба дӯш дорад.
Моро бо барномаи дуҳафтаинаи корӣ ошно карда, ҳамзамон пурсиданд, ки боз чӣ гуна вохӯриҳо ба мо ташкил кунанд?
Тӯли ду ҳафта ҳар рӯз ба ҷуз рӯзҳои шанбе ва якшанбе моро вохӯриҳо бо сарварон ва кормандони калонтарин маҷалло, газета ва Радиова ТВ-и Полша интизор аст.
Барои ман ғайриоддӣ ва шубҳаовар чизи дигар буд: Чаро ҳамкорони ман фақат миёни худ дар мавзӯъҳои сиёсӣ баҳсу сӯҳбат мекунанд, касе мехоҳад аз ҳамкасби худ ким-кадом маълумоти “фаврӣ” –ро кашида бигирад…
Ҳис мекунам, ки аксарият фақат мехоҳанд дар ҳамин мавзӯъ савол бидиҳанду сӯҳбат кунанд.
Вохӯрӣ дар офиси фонде, ки моро даъват кардааст, ба охир расид. Дар анҷом баррои ҳар кадоми мо 1200 злат ё баробар ба 400$ амрикоӣ пули роҳу ба қавле “киссапулӣ” доданд. Ин пул барои 14 рӯз аст. Аммо баъзеҳо онро дар ҳамон рӯз дар бузургтарин фурӯшгоҳи Варшава гузоштанду рафтанд. Дар он ҷо қариб ҳама чиро пайдо кардан мумкин аст.
Чизи тааҷҷубовар ба назарам ҳамин буд, ки дар Варшава аксарият сигор мекашанд, ҳатто дар роҳу кӯча сигор мекашанд. Миёни онҳо духтарон, занҳо, мактабиён ва пиронсолон ҳам кам нестанд.
Фардо мо тӯли рӯз се вохӯрӣ дорем — яке дар агентии иттилоотӣ, дигаре дар рӯзномае ва вохӯрии сеюм дар телевизиони TVN – 24 аст.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Варшава, Субхон чалилов, журналист, радиои Ватан, рузноманигорон, соли сайёхи |











Добавить комментарий