Вохӯрии мо имрӯз аз Радиои ҷамъиятии Полша сар шуд. То расидан ба онҷо мо ба ҳар бинову кӯчаву роҳрав зеҳн мемонем.
Антенаҳои моҳворавӣ ин ҷо хеле кам аст, хаёлам ба он ҷо зарурат нест, аммо хилофи Душанбе балконҳо ҳамеша тоза ва холианд, бештарашон гулкорӣ шудаанд. Ин ҷо хилофи Душанбе биноҳои маъмурӣ панҷарҳои 3 метра надорад, кушодаву озодаанд. Тааҷубовар ҳамин аст, ки дар қатори мағозаву нуқтаҳои ғизохурии канори роҳҳо дар тамоми идораҳое, ки мо будем 2-3 ва ҳатто 4 нуқтаи ғизохурӣ ҷойи махсуси қаҳванӯшиву чойнӯшӣ ва дастгоҳҳои фурӯши обҳои нӯшокӣ мавҷуд аст.
Радиои ҷамъиятии Полша аз соли 1925 фаъол буда, яке аз аввалин радиоҳои аврупоӣ аст. Он аз чанд шабака иборат буда, соҳиби як хазинаи бузурги овозӣ аст. Беш аз 1 млн. Адад лентаву сабтҳо он ҷо маҳфуз аст. Ман он хазинаро дида, воқеан ҳам ба эҳтироми онҳо нисбат як ганҷинаи арзишманде қоил шудам. Хазина рафҳои хеле замонавии ҳаракаткунанда дорад.
Бо дидани студияҳои он ба ёдам Радиои Тоҷикистон омад: коргардон, сабтҳо аз хазина, барномаҳои тарбиявии зиёд, мусиқии классики… Вале таҷҳизоти онҳо хеле замонавӣ аст.
Дар шабакаи ҷавонии радиои Полша чизи барои худам шавқоварро дидам: барномаҳои радиое, ки ба воситаи TV нишон дода мешавад. Лекин ин ҷо операторҳои наворбардор нестанд. Дар ин гуна студияҳо 3-4 камера насб шудааст, ки онро коргардон аз студияи дигар автоматӣ идора мекунад. Ба гумонам бахшҳои радиои мо шавқоваранд, аммо дар масъалаи озодӣ дар эфир, тарзи пешниҳод, усули кор, таҷҳизоти техникӣ ва монанди инҳо мо ҳоло аз Полша хеле қафо ҳастем.
Хулоса, зери як бом дар Радиои Полша барои қариб ҳама сину сол барнома таҳия мешавад.
Мо дар ошхонаи Радио ва TV-и Полша ғизо хӯрдем. Баъди дидани ин гуна низому тозагӣ ва гуногунрангӣ дар ин ошхона ман акнун дар “ошхона ва бар” –и Тоҷикистон чӣ гуна хӯрок мехурам, хайрон?
Мо боз ҳам аз кӯчаҳои зебо ва аз миёни биноҳои хуштарҳ гузашта ба Радиои ZET омадем. Дар Варшава қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ҳама ҷиддӣ риоя мекунанд, дар канори роҳҳои мошингард роҳрав барои велосипедронҳо мавҷуд аст, ҳама роҳу пайроҳаҳо ишораҳои заруриро доранд. Дар истгоҳҳо рӯйхати автобусу хатсайрҳо мавҷуд аст ва реҷаи ҳаракати онҳо риоя мешавад. Мо дар ягон истгоҳ аз 8-9 дақиқа бисёртар интизор нашудем. Дилхоҳ нафар ба осонӣ бе кӯмаки касе роҳашро то меҳмонхона меёбад ва ҳеҷ гоҳ гум намешавад. Вале дар Варшава ҳам ёфт мешаванд нафароне, ки ба шумо наздик шуда, як чанд злат мепурсанд, ё худ сигор хоҳиш мекунанд.
Радиои ZET аввал “Радио Газета” ном доштааст, баъд онро кӯтоҳ карда, ZET номгузорӣ кардаанд. Ин радио аз рӯи гуфти корманди он Barbara Karasinska ҳудуди 100 корманд дошта, моли як сарватманди фаронсавӣ аст ва аз рӯи мавқеъ дар Полша ҳоло дар зинаи дуюм аст. “Ситораҳои эфир” дар ин Радио то 5000 евро ба даст меоранд. Радио – TV барномаҳо ин ҷо ҳам ҳастанд.
Ман аз Душанбе ҳамроҳам чанд диск оварда будам. Он ҷо таронаҳои гуногуни тоҷикӣ–фалак, шашмақом, рэпи тоҷикӣ, эстрада сабт шуда буд. Як диски дигар чанд лаҳва ва филми ҳаҷатӣ дар бораи Тоҷикистон буд, ки тарҷумаи англисӣ дошт. Онҳоро ба кормандони ҳарду радиои Полша тӯҳфа кардам.
Пагоҳ мо се вохӯрӣ дорем. Натиҷа ва нақли навбатиро интизор бошед.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Антена, Радиои Полша, Тоҷикистон, мавҷрабо, ошхона, филм, ҷавонон |











Добавить комментарий