Таваллудат замоне буд, ки шавқу шӯри кору эҷод ва дарёфти ҷойи по дар радио ба ҳадди қобили мулоҳиза ва ҳатто нигаронӣ боло гирифта буд…Ҳоло ба худ меандешам, ки шояд беҳтарин ва хубтарин лаҳазоти ба ту ва тифливу кӯдакиву наврасиҳоят вобаста, ки мебоист медидам, сарфи назар шуд то сарфи ким-кадом коре шавад…

17 солагиат акнун вақте фаро расида, ки ман бо дарки бештар аз ҳабдаҳ нишонаи содагиву хатову камиҳоям акнун, барои ҳар лаҳза — ҳамеша ва бе баҳона дар канорат будан бармегардам…

Эҳсон, бачаҷони ман! Фақат вақте худат падар мешавӣ , дарк хоҳӣ кард, ки чаро падари ту ин қадар сахтгир буд, ҳамеша аз дастовардат норозӣ мемонд, чизе шояд бештар аз имкони ту талаб мекард…Медонӣ чаро?

Ҳамеша мехоҳам беҳтар аз ману мо, беҳтар аз имрӯзи худат ва баробар бо беҳтаринҳои ҷомеа бошӣ!!!

Инсон мондан, мард будан ва мардона рафтор кардан, қаноатпеша будан, ҷасорату садоқат доштан, амонатдор будан, нону оби ҳалолу меҳнатӣ доштан, қарору тасмимҳои дурусту одилонаву оқилона қабул кардан ва эҳтироми арзишҳову муқаддасотро ба ҷо овардан — замина барои хушбахтиҳо ва зиндагии шоиста аст. Умрат дарозу бобаракат бод. Ягон дуову дуруду хоҳишам панҷ карат дар ҳар рӯзи Худо бе номи ту нест…

Ту ҳатман беш аз имрӯз муваффақу комёб мешавӣ ва ҳама орзуҳоят низ амалӣ мегарданд…Иншоаллох!

Зодрӯз муборак аст, Эҳсон!!!

Добавить комментарий

I'm Emily

Welcome to Nook, my cozy corner of the internet dedicated to all things homemade and delightful. Here, I invite you to join me on a journey of creativity, craftsmanship, and all things handmade with a touch of love. Let's get crafty!

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше