20 ҷумла барои Алиҷон

Шаби 3-юми декабри соли 2002 ҳам барфи аввал борида буд…Ё ҳамон шаб ҳам мисли дишаб сард буд, ё шояд ман либоси гарм надоштам…

Вале, гуворотарин эҳсосро доштам — тавлиди нахустфарзанд, падар шудан…

Гӯё ҳафт қабат ҷомаи нақшин ба тан дорам…Мисли ин, ки дина дар остонаи 20 солагиат аз Қазоқистон хабар расид, ки нахустин филми ҳуҷҷатии таҳиякардаат (аз ҳаёти як муаллими суруд ва мусиқӣ) дар ин фестивали байналмиллалӣ ҷоиза гирифт….Муборак аст!

Алиҷон, бачаҷони эҷодкору бананги ман! Ту шоҳиди ҳама шебу фарози роҳи зиндагии падарат будӣ. Шоҳиди ҳамон ҳолати мушкилу монеаҳое, ки ҳатман сари роҳи зиндагии ту ҳам пайдо мешаванд. Онҳо ҳамеша ҳастанд, мисли мавҷудияти баъзе инсонҳои бадният, ки ту аллакай қариб ҳама нишонаи онҳоро медонӣ. Ҳаёт муборизаву талош аст ва дар ин ҷода пирӯз ҳамон каси хастагинописандаст, ки ҳадафмандона ва андешаманд гом мебардорад. Ҷойи шак нест, ки Худову Расулу азизу авлиё ҳам дастгиру мададгори ҳамин гуна кас аст…

Дар роҳи рост бош, барои анҷоми нақшаву кори дурусту нек содиқона остин барзан ва ба арзишҳои муқаддас эҳтиромро қоил бош!

Ҳоло ба ёд меорам аввалин қадаммониатро, аввалин рӯзи боғчаравӣ ва нахустин рӯзи мактабравиатро… Аввалинҳои дигар, мисли аввалин гонорар, ки аз дубляжи филм дар яке аз телевизионҳо ҳанӯз замони мактабхониат ба даст оварда будӣ, дохилшавӣ ба мактаби олӣ, шартномаи аввалини кориат, аввалин филми ҳуҷҷатиат…Сипос барои гуворотарин лаҳзаҳо ва хотираҳо.

Акнун бояд фақат ба пеш ҳаракат кунӣ. Ман шояд ба анҷом додани кадом кору амали фавқулода барои ту қодир набошам, вале ҳамеша бо каф-каф дуои нек дар канорат ҳастам…

Зодрӯзат барои ман ва хонаводаи мо муборак аст! Бароят сиҳатии комил, умри дарози бобаракат, иқболу сарбаландӣ ва барору комёбиҳои беназир мехоҳам!


Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти