Пушти ин дарвоза…

Пушти ин дарвоза — ҳазорон санги сафеду сияҳ, мисли дилҳои мардумони ин суйи дарвоза, ки барояшон воқеъиятҳои он сӯйи дарвоза ҳеҷ дарсеву ибрате нашуда…

Пушти ин дарвоза — ҳазорон кору нақшаи як рӯз ба таъхирмонда, ки акнун то қиёмат ба таъхирафтида аст…

Пушти ин дарвоза — садҳо нафсу ғурури дар ин сӯ шикастнопазир, ки акнун баробар бо хоки замин шуда…

Пушти ин дарвоза — саду як ҳарфи дар лабҳо хушкида, ки дар ин суйи дарвоза ё аз нотавонбинӣ гуфта нашуд ё аз фориғболӣ барои гуфтанашон фурсат нарасид…

Пушти ин дарвоза — ҷое, ки ҳазорон ноз, ниёз, алам, ашк, рашк, ғуруру фурӯтанӣ, зебоӣ, ғусса, дарди ҷонкоҳу доруву дармони дар ҷисм ҳалнашуда, ҳазор чашми ба роҳ интизор, ҳазорон чеҳраи маҳтобиву садҳо асрори кушодаву нокушода, ки дар паҳнои кушоди ин сӯйи дарвоза намеғунҷиданд, дар канори ҳам ва дар сояи арчаву чаноранд…

Ва чӣ қадар ҳарфу сухане,, гуфтание, розе, аламе дар дилу забону лаби мардуми шиносу ношиноси ин суйи дарвоза монда, ки касе аз ғурур, касе аз рашк, касе аз дурӣ ва зиндаҷудоӣ, касе аз қаҳри ноҷо, касе аз вақти маҳдуд натавониста, ки замони инҷо будани акнун сокинони он сӯйи дарвоза рӯ ба рӯяшон бигӯяд ва ҳоло бо ҳарфи «дидор дар киёмат»- пушти ин дарвоза ҳайрон аст…

Кош дар анҷом додани ҳама фарзияҳову кору тасмиму нақшаҳои неку шоиставу савоб ва гуфтаниҳои барои ҳамдигар ҳатмӣ дар ин сӯйи дарвоза ДЕР НАКУНЕМ…

Дарвозаи оромгоҳи Сари чашма, ноҳияи Файзобод

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти