Баъди навбатдории шабона, ки мебояд дар як ҳуҷраи тангу назарногири як кунҷи дури ҳавлии ин собиқ завод саҳар шавад, ӯ зери бори фикру андешаҳои бесару нӯг ҷисми афгори худро то курсии оҳанини наздиктарин истгоҳ меорад. Аксаран, фақат баъди як муддат инҷо нишастан, ба хулоса меояд, ки ба куҷо биравад!? Ҳадди камтарин ду-се ҷое ҳаст, ки инак, панҷ соли охир ӯ вақташрову пулу сармояи ками доштаашро барои он ҷойҳо тақсим мекунад…
Аввалҳо, ки ҷойи кори хуб ва маошу даромади кофӣ дошт, дар ин бора тамоман фикр намекард. Нақшаи пешакӣ тарҳрезикарда ҳам надошт. Ҳамааш аз он шурӯъ шуд, ки як шаби сарду барфӣ аз канори роҳи маркази тиббӣ зани калонсолеро бо духтараш аз дилсӯзӣ ба мошинаш савор кард ва ҳатто розӣ шуд, ки ба охирин маҳаллаи шаҳр барад. На фақат бо мошин барад, балки ҳатто аз раҳму дилсӯзӣ рӯйхати дорувори навиштаи духтури кӯдакро, ки дар кафи дасти модар бо вуҷуди сардии берун нам кашида буд, бо исрор гирифта, доруҳоро ҳам бихарад. Он шаби хунук ӯ аз банди хаёли он ду модару як тифли маъсум натавониста буд, ки бурун шавад…
Ӯ ҳис мекунад, ки ҳама дар хона ба тадриҷ мисли ҳамсараш мешаванд. Он замоне, ки ӯро баробар эҳтиром мекарданд, гузашта буд. Балки бархӯрди нави онҳо аввалтар аз ҳама бетаваҷҷуҳист, ки шояд як ҷузъе аз беэҳтиромӣ бошад. Фақат ӯ намедонист, ки аз он ду тағйироти ҷиддие, ки дар зиндагии панҷ соли охираш рух доду овозаву дарвоза шуд, кадомаш боиси он ҳолат шудааст!? Кори хубро дар муҳосибӣ ва хазинадорӣ якҷо бо доштаҳо пурра аз даст доданаш ё ҳамсару фарзандони навро ба болои доштаҳо ба даст оварданаш…!?
Агар як бори дигар ҷавонтар мешуд, албатта хатои гузаштаи худро такрор намекард. Ин дафъа ҳатман одамонро беҳтар меомӯхт, месанҷид, амалу ҳаракати онҳоро ба риштаи таҳлил мекашид ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба мардум бовар намекард, махсусан ба мардон ва махсусан ба занҳо ва аз ҳама аввалтар ба мардони занмиҷозу занфеъл ва зану марди ҷодугару гапчин ва дурӯғгуву қаллоб. Хулоса, ба собиқ ҳамкоронаш аз идораи муҳосибот ва хазинадорӣ. Вале онҳо, баракс — аз худашон миннатдоранд, ки бо харидории молу ашё ва чизу чораи ин корманди ҷавону ояндадорашон имкон доданд, ки ӯ ҳам пули аз хазинаи коргоҳ асроромез гумшударо барқарор кунад ва ҳам барои пушти панҷара нарафтанаш пуле дошта бошад.
Ҳоло ҳам бисёриҳо дар он коргоҳ, ки дигар ӯ онҷо кор намекунад, аз тарзи фиребу қаллобиву ғиромбозии чанд тане, ки ду соли охир аз ким-кадом ширкати якрӯза ба инҷо ба кор омада буданд, ҳайронанд. Ба ҳамон ҳадди ҳайронӣ аз қисмати ин корманди ҷавону донишманд ғамгинанду аз тақдири чанд тани дигари онҷо боқимонда нигарон.
Як бор ҳамсараш, ки акнун бо дигар шудани қисмати ин мард тамоман дигар шуда буд, қуттичаи ношиноси холии пластмасии ғизогириро, ки баъди навбати посбонияш аз беэҳтиётӣ ба ин хона оварда буд, гирифтаву ӯро пеши аъзоёни дигари оилаи худ мавриди хандахариш қарор дода буд.
«- Бо кафлес ба шутур об доданро шунида будем, аммо бо пиёла хӯрок додан ба хирсро нав мебинем….»
Ӯ ҳамон вақт сахту бепардаву бардавом дашном медод, ки гӯшонаву киноя аз ҳад мегузашт. Таъсири як сеанси дашному ҳақоратҳои болохонадор ва баъзан лату кӯбаш дар хона ҳадди зиёдтар як ҳафта буд. Ба ҳар сурат марди келиндору наберадор намехост, ки аз ин беш ангуштнамоии мардуми маҳалла бошад, дигар барои шунидани таҳқиру овозаву дарвозаҳо тавоноӣ ва аз ин бештар нерӯ ва ҳавсалаву таҳаммул ҳам надошт…
Дар ҷойи кори нав ҳар касе, ки ӯро ба тозагӣ мешинохт аз касбияти баланду саводи кофӣ ва андешаронии бо далелҳо асоснокаш ҳайратзада мешуд. Зеро посбононе, ки онҳо то имрӯз дида буданд, ин гуна набуданд ва қариб ҳамаи онҳоро барои бемаъулиятӣ ва дуздии молу ашёи ҳамин нуқта ё мусоидат ба дуздиву қаллобиҳо аз кор ронда буданд. Барои ӯ бошад, ҳамон як шаби инҷо танҳо будан ва доштани имкони бештари фикру зикр, аз ҳама чизи дигар муҳимтар ва муқаддамтар буд. Дар ду рӯзи дигар, ки бо хариду фурӯши яклухт дар бозори меваву сабзавот мегузашт, ризқи чандрӯзаи худу фарзандонашро меёфт. Чаканафурӯшон албатта даромади бештар доштанд, вале ӯ намехост, ки ба ин кор машғул шавад ва рӯйи собиқ ҳамкоронашу ёру ошноҳои хубу бадашро пайваста бубинад. Ҳоло бошад, ӯ соати 2 ё 3-и шаб ба дари бозори яклухтфурӯшӣ рафта бо пули нақд меваву сабзавот мехарид ва чанд лаҳза баъд онро ба савдогарони чаканакор баргашта мефурӯхт. Даромадаш бад набуд ва муҳимтар аз ҳама на ӯро дар он торикиҳо касе мешинохт ва на ӯ дар ними шабу субҳи содиқ каси шиносеро дар он бозори яклухтфурӯшӣ медид…
Аз миёни ҳамин чанд тане, ки дар истгоҳ интизори нақлиётанд, фақат ӯ аст, ки аз ҳама барвақт омада буду то ҳол дар ягон автобус ва троллейбус нашиштааст. Ҳамин як саволи барои дигарон осон барои ӯ сад душворӣ меорад. Ё дурусттараш, шояд дигарон тамоман аз худ суол накунанд, ки «ба куҷо бояд раванд?» Аммо ӯ баъди ҳар навбатдорӣ то истгоҳ фикр мекунад, ки имрӯз то боз куҷое чун боди велгард рафтанаш, ба кадом хона бояд биравад!? Ҳарду ҷой ҳам пур аз садои хандаву гиряи тифлон аст — инҷо набераҳо, онҷо тифли дусолаи худашу фарзанди панҷсолаи ҳамсараш. Ҳарду ҷо ҳам пур аз гапу чапу хабару таънаву гӯшона — инҷо аз ҳамсари ҳамсолаш, онҷо аз зани ҷавонаш…
Ҳис мешавад, ки барои ӯ ҳамин ҳоло ягон чиз ба ҳадди оромӣ ва осоиши қалбӣ ва руҳӣ муҳим ва арзишманд нест. Боқӣ ҳар кореро, ки ӯ дар ин фосила анҷом медиҳад ё дар бораи он фикр мекунад, мисли дархости ҳарсола барои дарёфти грин-корти амрикоӣ, таҳсил дар хориҷа, муҳоҷират ба Аврупо ё лоақал боғу роғу замини корам доштан дар ягон кӯҳу саҳрои дури беодам, фақат барои дарёфти оромиш аст. Оромишу хотири ҷамъ, ки муҳим буданашро, инак панҷ сол аст, беҳтару хубтар фаҳмидааст.
Охирин навиштааш ҳамин шаби навбатдорӣ ва посбониаш гӯё натиҷаи хулоса ва таҳлилҳои панҷсолааш буд ва бо сабаби бехобӣ ва такрори пайваста дар зеҳнаш ҳифз мешуд:
«Хуб аст, агар аз ду дӯст якеаш ҷонӣ бошад, муҳим аст, ки аз ду ҷойи корӣ ва машғулият лоақал якеаш фақат барои маош набошад, зарур аст аз ду ҷойе, ки барои рафтан доред, лоақал якеаш хостанӣ бошаду онҷо ҳама шуморо итизор…»
Имшаб бар хилофи шабҳои дигар ҳаваси пиёдаравиаш омад ва барвақттар ба кӯча баромад. Раҳораҳ зери нури маҳтобу рӯшании чароғи кӯчаҳои ин шаҳр, роҳи андешаҳои дуру дарозро дар бораи худаш идома медод. Чанд вақти охир хулосааш ин аст, ки ду сабаби ҳам комёбӣ ва ҳам нокомиҳои чандсолааш ин — аввал бефарқу бепарво набуданду баъд бораҳм буданаш аст. Ба гумонаш сабаби бадбахтиҳо аксаран ҳамон чизе аст, ки як вақт сабабгори хушбахтиҳо шуда буд, ба комёбӣ ҳамон чизе мебарад, ки ба нокомиҳо ҳам бурда буд, ба танҳоӣ ҳамон чизе баҳона хоҳад шуд, ки баҳонаи миёни анбӯҳи мардум афтидан ҳам шуда буд ва ғайраву ва ҳоказо…
Ӯ қадаммониашро тезтар мекунад. Ҳамзамон фикррониаш ҳам тезтар мегардад…
Бозор мисли ҳамеша гарм буд. Ба ҳар сурат он ҳамин ҳоло аз дили ӯву кулбаи посбониаш гармтар аст. Ӯ миёни анбӯҳи мардум — харидорону савдогарони ин бозор (ва сад дузду қалобу ҷаллоби ниқобпӯш) ҳал мешавад, ё шояд гум мешавад…
Баъди гашту гузори зиёд миёни растаҳо ва амиқтар зеҳн монданаш ба чеҳраҳои мардуми бозорӣ, миёни чанд хулосаву бардошти қаблӣ, инак, хулосаи дигаре зуҳур мекунад:
«Инҷо дигар касе ҳатто парво надорад, ки ту кӣ будиву кӣ ҳастӣ, ту беруни он бозор чӣ савобу аҷру чӣ гуноҳу ҷурму хато доштӣ ва барои он чӣ вафо ё ҷазо дидиву мебинӣ, чӣ нақшаҳои бузург барои зистан дорӣ, чӣ бароят халал мерасонад, дар дилат чӣ орзӯ буд ё ҳаст..?»
Дар бозор ин чизҳо барои дигарон муҳим нестанд. Хоставу нахоста (ё дониставу надониста), ки ворид шудӣ, чизеро бояд дар онҷо қимматтар бифурӯшӣ ва ё чизе аз онҷо арзон бихарӣ. Ё баракс…
Тамом!


Добавить комментарий