Рӯйи бом ва рӯйи кӯдакиҳо…

Онро, ки мешавад додари кӯҳ гуфт, дар кӯҳистони тоҷик ҳама дорад. Ва ба ростӣ, ки дар баландӣ он фақат пасттар аст аз кӯҳ. Мисли он, ки додарҳо ба қаду баст аксаран андаке пасттаранд аз бародарони бузурги худ. Ва барои ҳар кӯҳистонии сарбаланд он мисли қуллаи кӯҳҳои атрофи деҳааш баланду устувор ва болояш чун болои минбарҳо, чун рӯйи саҳнаҳо ва чун миёнҷойи майдонҳо ҷойи сарфарозиву мояи ифтихор аст…

Ва ҳам онҷо, ки ҳавои тозатар аз ҳавои пастхамиҳо ва поинҳоро дорад, гӯё нахустин хати парвози як ҷавони навхату навроҳи кӯҳистонист, ки асрори боло шудану науфтоданро аз ҳамин ҷо меомӯзад, бо ҳавои тозаи баландиҳо синарову мағзро пур мекунад, бодҳои муқобилрову ҳаракати абрҳои сафеду сияҳро эҳсос мекунаду мебинад ва аз омад-омади хатар пештар аз дигарон огоҳ мешавад…

Онҷо гӯё як расадхонаву озмоишгоҳи нуҷумшиносӣ аст, ки ҳар наврасу ҷавони деҳа шабҳои беғамиву безанӣ дар рӯшании маҳтоб ва нури ситораҳо барои духтари зебои кӯҳистон, барои зеботарин духтари деҳа, ки мислу монандашро дар тӯли ҳазор соли шаҳрнишинӣ надиду наёфт, рубоиву дубайтӣ менависад ва то сари субҳ аз миёни он ҳазору анд ситора ҳамон яки ба худ муносибу мувофиқро меҷӯяд…

Аз онҷо назар ва нигоҳ то дуриҳои дур меравад. Дар роҳи мисли роҳҳои деҳа тангу пурчанг бо хаёл ва хотираҳои ширин, мисли тораҳои мӯйи зебосанами деҳа ба ҳам печида — то саргаҳи деҳа, то канори роҳи калон, то лаби чашма, то домани хирман, то соҳили дарё, то дари осиёб то хафи алаф, то миёни замини гандум ва ҷуворӣ, то манораи масҷид ва роҳи мактаб мехазаду мелағжаду метаровад. Аз инҷо тамоми дунё ва мардумонаш натобад ҳам, тамоми ҳаводиси як деҳро, ки такрораш дар дунё кам нест, дидан имконпазир аст…

Рӯйи он пешпо хӯрдану раҳгум задан мумкин аст, аз баландии он саросер шудан аз эҳтимол дур нест, дар нигаси он домани қимматтарин куртаро ҳам даррондан эҳтимол дорад, дар зери он пову дасту гарданро шикастан душвор нест. Садҳо касро, ки ба қадри намаки рӯйи он нарасид ва кӯр шуд, беҳолу бечораву ташна аз таг-таги он пайдо кардаанд, садҳо, касро, ки як қурутро бе иҷоза аз рӯйи он рабуда буд, хонумонашро рабуданд, садҳои дигар, ки бардошти ҳавои сари баландиро надоштаанд, аз лаби он бо вазидани боду тундбоди қисмат саросер шуданду афгандаву хоки раҳ…

Лолаҳои рӯйи он, сурху тоза, мисли чеҳраву рухсори арӯсони деҳотӣ гоҳ ба дил шодӣ меоварданду гоҳ ба ҷигар доғе аз ишқи нокому ошиқиҳои бебарору нобаробаре. Ва онҳо гӯё аввалин тӯҳфаҳои қисмат буданд, ки бо як бағал шудан зеби ҷашни таваллуди наздикону аввалин устод, зеботарин муаллима ва хушрутарин духтари ҳамсоя мешуданд…

Рӯйи он тозаву гарму офтобӣ, чун рӯйи зебосанамҳои деҳотӣ, ба рӯйи он аз зӯрии боди Файзобод ғелону саргардон ҷойи қурутҳои дастмоли модар, ҷойи себу ноки пора-пора чун дили ошиқ ва донаҳои олучаи аз шуъои офтоб печидаву вреҷида чун ошиқи пушти хафи алафҳои алафҷогаҳи духтари бригадир ё ҷияни магазинчӣ…

Як гӯшаи он доим ҳавлии лухтакҳои зебову озодапӯш ва «домоду арус»- и хушбахт аст, ки аз интихоби духтаракони деҳотӣ қаноатманду шоданд ва то калон шудани он духтаракон ба ҷуз сад бор туй шудану домоди арӯс гаштан, дигар чорае надоранд. Дар ин тӯйҳо дар қатори кӯҳнатарину самимонатарин таронаҳои арӯсӣ, боз навтарин таронаҳое ҳам, ки тоза ба гӯши духтаракони деҳ мерасад, садо медиҳад. Дар гӯшаҳои он «туйҳо’- е сурат мегирад, ки намунаи он дар ҳаёт кам асту овозхононаш бе он, ки рӯйи он шахсан ҳузур дошта бошанд, «ситораҳои эстрадаи тоҷик…»

Бомҳои деҳа бо нардбонҳои худсохти гирду гӯшааш ҳанӯз пайи дастони дар сардиҳо беҳису кабудгашта ва пайи мӯзаҳои кӯҳнаву бадошти барфрӯбии фарзандони деҳаро ёд доранд. Рӯйи ин бомҳо ҳанӯз қурутҳои дастнорасидаву нимгаз, мисли нонҳои нимгази овезон ба девори хонаҳо интизори бозгашти фарзандони далеру шуҷоъи деҳа аз набарди зиндагианд.

Рӯйи бомҳои деҳа ҷогаҳ ё рахти хоби хоксорона ҳанӯз интизори фарзандонеанд, ки ситораҳои мувофиқ ба ситораи худро аз осмони он деҳа шаби дароз ҷуставу пайдо накарданд ва рафтанд ситоразорони дигари дур аз деҳа. Дар гӯши он бомҳо ва гӯши соҳибони гузаштаву имрӯзаи он садои хурӯсони саҳархезу ак-аки сагони посбони деҳ ҳанӯз боқист, мисли садои чир-чирак, ки ба вақти хоби мардуми деҳ оҳанги оромӣ буду ҳуштаку ҳушдор аз умри ширину бебозгашт гузарон…

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти