Охирин рафтани он се пирамардро гӯё касе надида буд. Чун он мисли рафтану омаданҳои дигари маъмулиашон буд, касе ҷиддӣ ба он хира нашуд ва таваҷҷӯҳи аз ҳарвақта бештар накард. Ва баъди овоза шудани ин ҳодиса ҳам кам касон дуруст тахмин карда метавонистанд, ки ин се пирамард куҷо шуданд, чаро рафтаанд, кай бозмегарданд, чӣ онҳоро ба ин амали ғайриоддӣ таҳрик додааст?
Дар ин деҳаи дурдасти куҳистон, ки ҳатто хати барқ ҳам ҳоло ба онҷо нарасида буд, дар сад соли охир касе гум нашудааст. Саволи беҷавоби мардум ҳам ҳамин буд, ки чӣ тавр се пирамарди рӯзгори вазнинро пушти саркардаву дар кураи зиндагӣ обутоб ёфта бо се асп бенишон гум шуданд? Онҳоро аз ҳар тоҷири раҳгузар, аз ҳар аспакиву харакии корвонҳо, аз ҳар мусофири ношинос суроғ мекарданду ноумед мешуданд. Гӯё ба умқи ғорҳои пурасрор ва ба қаъри чашмаву оби кӯҳистон рафтаанд, гӯё дар дили кӯҳҳои сангӣ пинҳон шудаанд…
Кулбаҳои лойиву сангии онҳо, ки аз ҳам дар масофаи бештар аз як чақрим ҷойгиранд, мисли соҳибони деҳ ва моликони он хонаҳо гӯё сӯйи ҳамдигар бо ҳамон ҳайронии акнун доман паҳнкарда нигоҳ мекарданд. Ҳама интизори кадом ҳарфу сухану хабаранд. Ҳоло дигар чӣ ҳарфу сухан будану талху ширин будани он тамоман муҳим нест. Ягон овозаву ҳарфу сухану росту на росте мебоист ҳамин сукути шубҳаоварро мешикаст. Хурду калон ҳама интизор ва гӯш ба қимор…
Фақат ду кӯҳ баъд нишонаҳои зиндагии одамон-замину гову молу боғу роғ ба чашм расид ва канори чашмае онҳо гирди ҳам омаданд. Фақат ҳамин вақт бори дигар дарк карданд, ки деҳаи онҳо чени як умри одам аз марказ дур аст. Ҳатто дуртару он тарафтар аз фаромӯшӣ. Шояд дар дили касе шубҳа ва дар мағзаш аломати пушаймонӣ аз ин тасмим пайдо шуда буд, вале ба ҳар сурат дар аввалин нишасти саҳроии дури худ, касе ин пушаймониро ба намоиш нагузошт. Ё шояд ҳоло ҳамин гуна эҳсос пайдо нашуда буд…
Чанд соли охир ҳар вохӯрӣ ва ҳама дидору нишасти онҳо дар кунҷу канори деҳа аҷиб анҷом меёфт-ин ҳар се қариб ягон вақт дар ягон мавзуъ назари ягона надоштанд. Ба ҷуз маслиҳати ҳамин сафарашон. Берун рафтан, бо дигарон вохӯрдан, аз ноошноҳо шунидан, бегонаҳоро гӯш кардан, навҳоро шинохтан, таҷрибаи тоза андӯхтан — баҳонаҳо барои ҳамин гум шуданҳои шубҳаовар буд. Барои боқимондаҳо дар деҳа саволи «чаро?» ва тааҷҷуби «чӣ лозим?» беҷавобу муаллақ буд…
Онҳоро, ки акнун ба андозаи некиҳои як марди осиёббоне ҳаракат карда буданд, садои гиряи тифле боздошт:
— Ҳамин ҳоло шояд модараш сари фарзанд рафт. Дар дигар ҳолат тифли хурдсол набояд ба ин ҳад ҷигарсӯз бигиряд.
— Чаро? Чаро бояд ҳатман касе мурда бошад, ки гиряҳо ҷигарсӯз бароянд? Модар шояд гаронхоб аст.
— Чаро фақат модар? Шояд падар ба танҳоӣ ин тифли кӯчакро бузург мекунад ва ҳоло рафта, ки кадоме аз ҳо ана он бузҳоро биҷӯшад ва ширашро барои фарзандаш биёрад…
Шаб ба думболи рӯз ба назар ҳамин гуна тез меомад, амсоли гуруснагӣ ва ташнагиҳо дар саҳроҳои бе долу дарахту сӯзон. Баъди ҳама дарҳои баста дар роҳи гузари ин се тан дидани як даричаи чӯбини нимроғ дар як кунҷи ким-кадом деҳаи нообод шубҳаву тааҷҷуби онҳоро бештар кард.
— Зане хиёнаткоре инҷо зиндагӣ мекунад ва акнун, ки шаб фаро мерасад, даричаи худро нимроғ гузоштааст, то маъшуқаш бе мушкил ва роҳат ба мулоқоташ биёяд.
— Ин кулбаи марди фақирест ва аз бемоливу беҳолӣ сари тарс аз ғорат шудан надорад.
— Инҷо шояд модаре фарзанди раҳдуру ғарибашро интизор аст ва намедонад, ки ӯ сари субҳ меояд ё як поси шаб. Аз ин рӯ даричаро доимо нимроғ нигоҳ медорад…
Ҳамин ҷо ба хулоса расиданд, ки аспҳоро озод мекунанд то онҳо мустақилона тибқи одат ба деҳа баргарданд. Шояд ҳам мехостанд бо ин роҳ умедҳоро аз бозгашташон ба деҳа барканд.. Баргаштани он аспҳо ба деҳа шояд дуртар аз ин ҷоҳо аз эҳтимол дур бошад. Ва ҳоло, ки акнун пиёда ба андозаи қаҳри як зани навхона ҳаракат накарда буданд, аз дур пушти харсанге ҷунбуҷули касеро дар торикӣ ва рӯшании хираи маҳтоб мушоҳида карданд.
— Ин мард тиллову симу зарро, ки ба эҳтимоли зиёд дуздидааст, аз дигарон пинҳон мекунад.
— Ин мард ба фарзандонаш боварӣ надорад ва намехоҳад дороияшро онҳо аввал нигоҳубин ва баъд соҳибӣ кунанд.
— Ин мард шабона ҳезум ҷамъ мекунад ва чун гурусна мемонад, аз ковокии сангу харсангҳо тухми паррандаҳои саҳроиро мекобад…
Бо рафтани рӯзону шабони зиёд ва дидани ҳаводиси мухталиф хулосаҳои беш аз пеш зеҳни онҳоро машгул медошт. Имшаб ҳам, аз фикрҳои парешон пурра раҳо нашуда буданд, вале ҷисм, ки аз роҳрафтанҳои бесару нӯг беқувват шуда буд, соҳибонашро ба фарши масҷиди куҳна афканд. Фақат то оғози сӯхтор дар як каҳдони фарсуда хобашон бурд.
— Масолеҳи ҳаром ва молу ашёи манбааш номаълум мояи вайронӣ ва нестӣ аст.
— Соҳиби он каҳдон марди душмандорест. Пурии он бо алаф рашки ҳасудонашро овардааст.
— Савории бепарво нисбат ба машъали дасташ, ки роҳи ӯ ва дигароро рӯшан мекард, боиси ин сӯхтор шудааст.
Ин бор ба андозаи қаҳри марди мағруре роҳ рафта буданд ё не, ки шоҳиди қаҳри зане шуданд, ки канори оби пурхуруше меистод ва худо медонад чирову киро фикр мекард. Ӯ касеро интизор набуд, ки наҷоташ бидиҳад ва шояд бовар ҳам надошт, ки аз ин роҳҳои кӯҳнаву хоки дар элаки чоруқҳо бехташуда касе убур кунад…
— Шавҳари ин зан марди бадфеълест, ки баъди дар лаби об холӣ шудани ҳамин як ҷой, ки ин зан ҳоло интизор аст, акнун як умр рӯҳан азият хоҳад дошт.
— Ин зан хиёнату хатои нобахшиданиашро акнун абадӣ зери ин об бурдан мехоҳад..
— Ин зан аз оҳанги об ҳамон оромишу роҳатеро дарёфтааст, ки дар миёни чор девори хонааш нест ва ҳам хобҳои лахтбаставу норасии шаб тавлидшударо ба об меандозад…
Идомаи роҳи ин се пирамард ҳамон гуна осон набуд, ки роҳкушоӣ дар кӯҳистони сангпеч. Ҳоло роҳ онҳоро аз пушти савоб ва пушти як тобут оварда то зери чанори азимҷуссае, ки шоҳиди ҷанозаи ҳазору як пиру барно буд ва ҳама ин омаду рафтро хомушу бесадо таҳаммул мекард. Ҷанозахони кам боз ҳам андешаҳои ин сегонаро аз ҳам ҷудо мекард…
— Ин мардум худашон он мардро бо кадом роҳе куштаанд ва овозаи ҷаноза ифшои рози ниҳонашон хоҳад буд…
— Ин гирду гӯша, ки шояд қадамҷову макони зисти ҳазорҳо кас буд, ҳоло холист ва мардуми ҳозир ҳам кам нест. Ҷанозаи ӯро тамоми мардумони атроф ва иловатан ҳарсеи мо мехонем…
— Ин марди ғариб аст, ки ба думболи ризқ ё ишқ ё қасос ва ё чизи дигаре шояд аз ким куҷо инҷо омада буд ва фурсати ками умраш имкони бозгашташ надод…
Аз ин ҷаноза ҳанӯз ба андозаи пиршавии сабри як булхавас фурсат нагузашта буд, ки мардеро дар фосилаи чанд қадам дуртар аз худ тани бараҳна дарёфтанд. Мисли таҷрибаи чанд моҳи охир ин сегона аввал хулосаву пешгуйӣ мекард ва баъд бо объекти таваҷҷӯҳ вориди сӯҳбат мешуд. Ин карат низ ҳамин тавр шуд…
— Ин марди хубе нест, вагарна пироҳанаш дар афту дарафт бо раҳгузари дигаре пора-пора намегашт…
— Ин марди фақир фақат як пираҳан дорад, ки то хушк шуданаш рӯйи кадом санги тафсоне, ё шоху навдаи дарахте ҷуз бараҳна гаштан илоҷи дигар надорад…
— Агар як пираҳан медошт ва ин гуна ноилоҷ буд, онро ба вақти шаб мешӯст, замоне, ки бараҳнагӣ баҳонаи мӯътамаде дорад. Ӯ аслан пираҳан надорад ва то убури тоҷири навбатӣ канори роҳҳоро нишемангаҳ қарор додаву умр ба интизорӣ сипарӣ мекунад…
То ин ҷое, ки акнун қарор доранд, дар фосилаи вақти миёни шом ва бомдод расиданд. Шарфаи оби чашмаи шӯхи куҳӣ, ки шаб шояд боис ба хоби ин чанд дарвеш шуда буд, акнун баракс, онҳоро аз хоби ноз бедор мекард. Бар ба бари ҳам мисли тифлони ятим ё фарзандони як падар дар хоби ноз буданд…
— Сахтхобӣ далели осудагӣ ва фориғболӣ аст. Борхалтаҳои холӣ кирои ҳушёрхобӣ намекунад…
— Замоне, ки мардумон дар саҳро заҳмат мекашанд, ин гурӯҳ тарки деҳ кардаву дар канори обҳои равон аз рафтани умр ҳаловат доранд..
— Ризқ онҳоро боз ба кадом ҷонибе хоҳад кашид. Онҳо ё интизори рӯзҳои хуштару беҳтаранд ва ё баъди кадом гуноҳу амали нохуби дастаҷамъӣ барои ҳамеша деҳу зодгоҳро тарк кардаанд…
Аз он ҷониб ин шашгона аз пушти як корвон меомаданд. Дар ҳоле, ки ҳаводису рӯйдоди мухталиф суръати ҳаракати ин се пирамардро ба маротиб коҳиш медод, ҷавононе, ки чанд соат пештар гирди чашма дар хоб буданд ва аз ҷониби мардумони дигари деҳ барои таъкибу пайгирӣ ва баргардонидани ин се пири хаёлӣ фиристонида шуда буданд, беист ҳаракат мекарданд. Бо дарки ин воқеъият, ки акнун бояд ба хона баргашт, се андешаи мутафовит дар мағзашон мечархид:
— Мо аз манзиле, ки бояд онҷо қарор мекардем, гузаштем…
— Мо ба манзил расидем;
— Мо ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасем;
Шинохти инсонҳо, ҳолатҳову руйдод, воқеъиятҳо ва ҳаводис ба он ҳад муҳим аст, ки маънӣ барои сухан ва мазмун барои ҳаёт, ё далел барои гуфтан ё баҳона барои ҷаҳон гаштан…
Ва аммо баракси он дар ҳама давру замон ногувору дардовар ва хандаовар аст, мисли орзуйи рафтан ба дуриҳову аз фориғболиву ҷоҳилӣ ва такаббур чархидан дар гирду бари як деҳаву чизеро дарк накардан…
Корвониҳои дигар дар ҳоле, ки гарди қуми биёбонҳои беодам ва беоб чашмонашонро хира мекард, бо шунидани қиссаи сафаракиҳову хира шудан ба ин се пирамард ва се ҷавони ба назар одӣ, вале дар асл мутафовиту фарқкунандаву гуногунхаёл дар банди андешаҳои бесару нӯгашон попеч шуда буданд ва хеле вақт аст фикр мекунанд, ки дирӯзу имрузу оянда чӣ паёме барои онҳову инсонҳои дигар — сокинони ҳамин деҳа ё саройи дудар дошту дораду хоҳад дошт…
************

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: асп, гум шудан, деҳа, зиндагӣ, муйсафедон, пешгӯйӣ, пирамард, пирӣ ва ҷавонӣ, сафар, хайёл, ҳиҷрат |











Добавить комментарий