Бо мустакил шудани Точикистон рафтуои мардуми манотик ва кишвархои дигар ба чумхурии мо бештар шуд. Акнун шахрвандони хоричи на факат бо максади дидори расми, балки барои зистан ва фаъолияти дуру дароз ба кишвари мо меоянд. Солхои аввали мустакилият эхтимол касе фикр хам намекард, ки як зани точик метавониста бошад, ки бо марди сияхпуст ва ё хитоие оиладор шавад ва дар як болин сар монад. Аммо холо мебинем, ки ин гуна никоххо ва «ба хам омаданхо» кариб ки як чизи мукаррари аст. Ва ман дар чандин хамин гуна туйхо рови хам будам. Мардхои точик хам кам нестанд, ки хамсарони хоричи доранд, аммо аз руи хислату хулки мардхо бошад, ки мо инро хуб кабул мекунем. Дурустараш, ба мо ин чиз сахт намерасад! (Яъне, агар ман зани афгон ва ё рус бигирам, маро он кадар бад намебинанад, ки духтари шавхари хитои ё рус кардаро бад мебинанд) Аммо аксарияти мардхо хангоми дидани манзараи туи як шахрванди хоричи бо зан ё духтари точик хатто ба газаб хам меоянд. Ин оё вокеан хам боиси ташвиш ва ояндасуз аст? Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: афгон, духтар точик, никох, пул, туй, хитои, хоричи, чин, шавхар | 18 комментариев »










