Мехмон атои Худо! Сайёх чи?

    Сафархо барои шумо як чахон сиру асрорро мекушояд. Махсусан, дар самти чалби сайёхон! Зеро ончо мебинед, ки аз чи усулхо истифода мешавад ва чи гуна муваффак мешаванд, ки сайёхони зиёдеро хамасола чалб кунанд?     Дар зер баъзе ишорахо вобаста ба хамин мавзуъ оварда шудааст — чи бояд кард, то сайёхон ба кишвари мо бештару бештар биоянд?

Барои чалб сохтани таваччухи сайёхон аввалтар аз хама имичи хуби миллату давлат лозим аст. Бе он дигар хама гуна кушишу талошхо барои чалби сайёхони хоричи кариб, ки бефоида аст. Хар кас  худашро мисол бигирад: шумо ба кишваре ки ончо чангу чуш аст, кишваре, ки ончо вазъи эпидемиологи бад аст, ё ба кишваре ки чизе фарккунандаву гайриодди надорад, меравед? Албатта не!  Имичи кишвар дар сатхи чахони омили хеле мухими чалб шудани сайёхон аст! Аммо баъдтар аз ин ба назари ман барои чалби сайёхон чи кор кардан зарур аст:   Читать далее →

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил-Нэшвил (10)

Буду боши мо дар шахри орому сокити Нексвил ба охир расид. То имруз хама хурсанд буданд. Лекин имшаб хайати гурухро бемории санги гурдаи хамгурухи мо Александр Тузов аз хафтаномаи «Вечерный Бишкек» норохат кард. Субх у ба ман занг зад, ки «Субхон, ту ягон доруи таскинбахши дард надори?» Маълум шуд, ки дарди гурдааш хуруч кардааст. Бояд гуям, ки инчо мо хамаамон варакаи сугурта дорем. Хамон ба кор омад. Уро тарчумон ва рохбалади мо Леонид ба беморхона бурд. Баъди навбатпойи ва ташхис санги гурдаро ошкор кардаанд ва акнун уро чаррохи мекунанд. Вале бе нештару хуну халаф! Табибон гуфтаанд, ки баъди 24 соати чаррохи метавони бо гурух дубора бипайванди. Холо ки мо барои рафтан ба пойтахти иолоти Теннесси шахри Нэшвил тайёри мебинем, у бо мо хайру хуш карду рафт барои чаррохи!  Полина, Стелла, Найра ва тарчумони дигари мо Лариса ба мошини Умар нишастанд. Ман бо мошини Дмитрий — хамон шогирди профессор мешинам. Се соат рох аст, сухбат мекунем. Шумо аллакай уро мешиносед. Гуфтам ку, у зодаи Белорусия буда, хамин чо тахсил кардааст ва акнун устоди факултаи журналистика буда, чанд руз пештар бо духтари мексикои Марианна оиладор шудааст.   Читать далее →

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил (6)

Шаб борхалтаи сафарамро омода кардам.  Субх мо аз Вашингтон ба иолоти Теннесси ба шахри Ноксвил меравем. Моро мошине, ки чанд  руз дар ихтиёри мо буд, ба фурудгохи ба номи Рональд Рейган овард. Ончо барои ба расмият дарории бор ва гирифтани талони нишаст, хар кас худаш аз дастгоххо истифода мебрад. Хама чиз ба тадрич автоматики ва худкор мешавад. Пахлуи хуби ин амал он аст, ки накши одам хар кадар камтар шудан гирад, хамон кадар порагириву муносиботи нохуб камтар мешавад.  Тасаввур кунед, агар мо хам хамин гуна сабти борхоямонро ба воситаи тачхизот ва бе кормандони фурудгохи Душанбе анчом дода метавонистем, холатхои ногувор тамоман рух намедод.  Мо борхалтахоямонро супорида аз назорат гузаштем ва акнун кариб як соат бояд мунтазири парвоз мешудем. Фурудгохи ба номи Рейган дар Вашинтон ба назарам ки аз Фурудгохи Душанбе калонтар аст. Wi-Fi ин чо интизориро осонтару сабуктар мекунад…. Читать далее →

Душанбе-Вашингтон (4)

Кам-кам ба боду хавову зиндагии Вашингтон одат кардам. Дигар дар вохурихо хоб бар ман галаба намекунад, пазмонии ман низ ба тадрич пир мешавад…

Ин субх ман дар ресторани мехмонхона хурок нахурдам. Барвактар бедор шудам ва рафтам ба кучаи шафати мехмонхона. Инчо аксарияти онхое, ки ронандаи такси хастанд ва дар хамин гуна кахвахонаву ошхонаи сарирохи кор мекунанд, мухочирони кори аз Шарки наздик ва ё афроамрикоиву африкои хастанд.  Баъди хуроки сахари моро ба идораи Фридом Хауз ё худ Хонаи Озоди бурданд. Махз хамин созмони гайритичорати рейтинги озодии матбуотрову  кишвархоро хама сола нашр мекунад. Махз хамин созмон инак чандин сол аст, ки Точикистони азизи маро кишвари аз чихати   андешаву баён  ноозод медонад.  Моро дар идораи ин созмон як гурух чавонон пешвоз гирифтанд, ки аксарият аз кишвархои пасошурави буданд ва хамаашон забони руссиро медонистанд. Маро дар кабулгохи ин созмон токии зардузии занонаи точики ва токии чоргули мардонаи точики хайрон кард. Хатто кам-кам хичолат хам кашидам, ки барояшон чизе сирф точикона наовардам.   Сумкаам пури парчаму «мангит»-у дарахтои сангии Рухом аст 🙂  Харчанд маълум аст, ки барои ин онхо соли оянда кишвари маро озод хукм намекунанд. Ба хар сурат ман бо он токии точики акс гирифтам ва маро барои сухбат ба утоки дигаре даъват карданд. Хонаи Озоди созмонест, ки факат буччааш 35 миллион доллар аст. Аз руйи чадвали амрикои ин созмон аз чихати молияви бузург дониста мешавад.  Читать далее →

Душанбе-Вашингтон (3)

Рузи сеюми сафари мо ба Амрико дар Вашингтон мисли рузи аввал ва дуюм набуд. Дируз  ман як шаби бедорхобиамро чуброн кардаву аз бегохи руз хобидам. Маро хатто занги телефонии хамрохонам хам бедор карда натавонистааст.  Баъди нахори мо дар ошёнаи дуюми мехмонхона чамъ омадем. Ман аллакай ба шумо гуфтам ки имсол новобаста ба мушкилии молиявие, ки дар Амрико буд аз руйи барномаи Эдвард Р. Марроу худуди 100 журналсит аз гушаву канори олам даъват шудаанд. Онхо дар 9 гурухи алохида вобаста ба зони гуфтугу ва минтакаашон муттахид шудаанд. Дар гурухи мо тавре медонед, намояндахои кишвархои пасошурави хастан- Точикистон, Киригизистон, Арманистон, Русия ва Молдова. Намояндаи Эстония бошад, бо кадом сабабе ширкат карда натавонистааст.   Читать далее →

Душанбе-Вашингтон (1)

Расо як сол кабл ман чун иштирокчии аввалин Форуми чавонони Иттиходи давлатхои Мустакил хамин вакту соат дар Арманистон будам. Аммо имсол хушбахтона маро насиб шуд, ки  Амрикоро бубинам. Ман бо дастгирии Сафорати Амрико дар Точикистон иштирокчии барномаи ба номи Эдвард Р. Марроу шудам. Як шаб аз 21 шаби будан дар Амрико аллакай руз шуд! Хотироти сафарамро хар руз кушиш мекунам, ки инчо нависам, шояд шавковар бошад. Читать далее →

Гугуш! Сиришта бо мусики ва наво!

    Фоика Оташин мулаккаб ба Гугуш дар 18-уми бахмани соли 1329 дар хиёбони Сарчашмаи Техрон ба дунё омадааст (5-уми майи соли 1950 http://ru.wikipedia.org). Аз хамон кудаки Гугуш садояш карданд. Номи Фоикаро бар асоси номи модараш, яъне Фоиза интихоб кардаанд. Аввалин фарзанди хонавода буд ва дорои як бародар ба номи Фаридун буд, ки як солу хашт мох аз Гугуш хурдтар буд ва дар синни 24-солаги бар асари як бемори даргузашт. Читать далее →

8 марти соли 2011

  У  аз замони обистан буданаш номи Субхонро дуст медорад. Ин номи писарчаи хамсоя будааст. Баъд у хам Субхондор  мешавад. Хамон хавас дар дилаш гул мекунад. Субхони у бо дуои хайраш мактабхон мешавад. Баъд орзуи донишчу дидани Субхонаш дар дили у пайдо мегардад…. У барои хамкурсони Субхони  аллакай донишчуаш хар хафта курутобу шакаробу ош мепухт. Пулхои дар гушаи румолаш шикаста, ки ба суи Субхони донишчу дароз мешуданд, аз пеши назараш дур намешаванд.  Баъд у хама чизеро ки орзу мекард, дид. Ва хам дид он чизеро, ки тамоман барои Субхонаш орзу намекард. «Худтон обод бошанд, давлати ман» — гуфту худро тасалло дод. Субхони хазор кас дубору себор зан гирифтааст.  «Субхон» -и баъдиро  аз Субхони худаш Эхсон ном гузошт. Барои бахту саодати додарону хохарони Субхонаш ягон чиро дарег надошт, хама чиро сарф кард, сухт, тамом кард….Хатто дилашро…(духтур пеши танур истоданашро хам манъ кард, ки ба дилаш гарони наорад…) Читать далее →

22 феврали соли 2011

  Шуморо аз хар чизе, ки дар атрофатон рух медихад, чи чиз бештар хайрон мекунад? Ва оё чизе, ки баъди хайрони Шуморо вокеан хам ба фикр кардан водор кунад, хаст?

Ман хайронам, ки чаро барои созмонхои хоричии мукими Точикистон дар самти интихоби кормандони махалли низоми муайяне нест: аксарияти онхо на факат  точик нестанд, ки гумонам садокаташон хам шубхаовар аст, тибби  имрузи мо пулаки аст ё бепул ва ё нимпулаки,  ки медонад, ки чанд фоизи хатмкардахои Донишгохи Тибби  ва табибону ходимони тибби точиканд, комиссияи чамъиятие, ки аз ин пас барои омузиши дарачаи эхтиёчи аризадихандахо барои пораи замин бо шумораи 20 нафар таъсис меёбад, магар барои раиси Хукумату чонишини вай бегона хоханд буд, дар холи дар  навохии кишвар набудани  як заводу хатто сехи истехсоли дар дастгоххои Хукумати нохияхо нигох доштани 20-30 нафар мудиру рохбару сардор  зарур аст???

Имруз дар мавриди доллар ва пулодро об кардани он,  оби шуру  пешонаи шур, курбонихои чинояту курбонихои мухаббат ва гармихои «бе гази табии ва бе барк» навиштаам. Читать далее →

28 августи соли 2010

     Хамин руз як пиразани руси хамсояи ман зодруз дошт. Мо чанд рузи мавлуди уро дар хонааш якчо бо наздикону дугонахои у тачлил мекардем. У донандаи хуби сурудхои миллии русси буд, факат дар рузи мавлуди худаш у онхоро месароид…Садои хуб хам дошт.

        Аммо шумо дар ин сахифа дар бораи аввалин ронандаи бадбахте, ки ба чаримагбанди мусоидат  кард ва асос гузошт, дар мавриди мадхия ва фантастика, дар бораи дуэл барои ким кадом духтар, махбасии 365 сола ва гайра маълумот мегиред! Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти