24 марти соли 2011

 Имруз рузи чахонии мубориза бо маризии СИЛ аст. Як шухии дустам, ки ташкилоти чамъияти дошт, ба ёдам меояд: «коре  мекунанд, ки сафи хамин гуна беморихои сирояти кам нашавад. Агар кам шавад, дигар пул намедиханд-да…». Ин факат як шухии у буд, ки гумон намекунам пурра галат буд ва факат шухи буд. Муборизаи хакики барои сихатии чомеа кори мухим ва савоб аст. Факат мардум, ки пул надорад ва он созмоне, ки пул медихад,  бояд муборизаро аз «мубориза» фарк кунад!

Имруз дар мавриди чубчахои Кох ва барангезандахои хануз муайян нашуда, таъсири зан ба кори нафари №1-и вазоратхонахо ва буйи шоу бизнеси имруза навиштам. Читать далее →

6 марти соли 2011

    Имруз якшанбе аст. Ман чи гуна дидан мехостам ин рузро?   «Харакати мошинхо дар роххо манъ аст, мардум аз субх рохат дар хиёбону гулгаштхо пиёда сайр мекунад, барномахои телевизиони пахш намешаванд, барои он, ки мардум ин руз бояд дар сахрову майдону хавои тоза бошанд, дар харакхои зебо ва рохати гулгашхои орому покиза одамони зиёдеро дидан мумкин аст, ки ба мутолиа машгуланд, гурухе сураткаши мекунанд, гурухи дигаре бо кудаконашон хар гуна бозиро фикр карда, бози доранд, дар гулгашту хиёбонхои сокит хар хунарманде хунару истеъдодашро нишон дода истодааст -касе гитара менавозад, касе скрипка, касе дар атрофаш  гурухеро чамъ карда, ройгон дар кадом мавзуъ сухбату тавсия медихад,   мардум хамин руз бо маслихати пешаки ба мехмони ва аёдати наздикон мераванд, театру осорхонаву  синамохонахо ба кабули мардум омодаанд ва масалан, агар касе оилави ба театр равад, арзиши  билет барояш 50% арзон аст, дар хар махалла як синамохонаи болокушодаи тобистона хаст,  ки дар он бехтарин филмхо намоиш дода мешаванд, аз хама мухим касе ба касе халал намерасонад….» Бас аст ба фикрам, ки агар давом бидихам,  шояд гиряам меояд….

Имруз дар мавриди хохиши зистан ва баъзан гум шудани он, гирифтории мардхо, тафовут миёни Умари Темур ва Леди Гага, сомонахои эхтимолии  Вазорату Кумитахо ва шинохти кахрамонхову  «кахрамонхо» навиштаам. Читать далее →

1 сентябри соли 2010

      Имруз рузи дониш аст! Донистан новобаста аз он ки чиро медонед ва дар кадом соха доно хастед, хуб аст ва ба кас факат хуби меорад. Аммо чанд вакти охир дар ВАО хамин гуна андеша роич гашт, ки донистани зиёд ба саломати ва ба хама чиз зиён дорад. Гуфтанд, ки агар донед, хам бояд худро нодон вонамуд кунед ва хомуш бишинед. Варианти аз хама дуруст кадом аст, акнун худатон интихоб кунед!

Аммо ман хамаи онхоеро, ки дар талаби дониш хастанд ва онро окилона истифода мебаранду баргашта ба дигарон намефурушанд, самимона бо Рузи дониш ва огози боз як мавсими нави тахсил тахният мегуям. Хонед, хонед боз хонед, зеро, ки агар хохед хам чои кори хуб намеёбед…Хонед факат…. Читать далее →

Барои гушхо!

    Агар ман хато накунам,  баъди мустакилият аз аввалин ширкатхое, ки ба даъват кардани сарояндахои хоричи ба Точикистон сар кард, Ширкати ТВ ва Радиои «Ватан»  ва ширкати «Шмах-1» буд.  Он вакт Ингрид (ки дар 6 соли кории ман дар Радиои «Ватан»  касе ягон таронаи уро дархост накардааст!) толори Кохи Борбадро пур карда буд. Хамон вактхо пушти хам Юлдуз Усмонова, Насиба Абдуллоева, Фируза Чумъаниёзова, Катя Лель, Саттор, Анди ва боз чандеи дигар ба Точикистон даъват шуданд. Сабаби кабули хуби онхо  хамин буд, ки ин тачрибаи аввал буд. Барои мардум он дидорхо шавковар ва ачоиб буд.  Аммо холо мебинем, ки хар руз як «ситора» ба боми Кохи Борбад фуру меояд. Ин хуб аст ё бад? Читать далее →

Чурачон,хона…наё…

Новобаста ба хама чи, вакте мешунави, ки мучассамаи Дустмуроди Алиро инак маротибаи дуюм аст, мешиканаду валангор мекунанд, вакте фикр мекуни, ки чаро Субхони Саид бо шухрате ки дошту дорад, хатто унвони Хунармади Шоистаро надорад, вакте мебини ки Фарзонаи Хуршед дар айёми чавони бояд ду солро дар махбас гузаронад, вакте ки асрори марги Махмудчону Мукаддасу Наргису Каромати сахнаи точик печидаву муаммо аст, вакте Мусои пахлавону хунарманди точикро мекушанду хатто кори чинои боз намешавад…дили кас сиёх мегардад.. Сип-сиёх!!! Читать далее →

Чаро?-3

Дируз буд. Ман бо нафаре, ки кадом вакте ба Радио омада будааст, ба хона мерафтам. Дурустараш у маро дар канори рох интизори ТАНГЕМ дида, то хона расонд. Рахорах мо сухбат кардем, дар мавриди суруду мусики ва консертхои сарояндагони мо. У мегуфт, ки мардуми овозхон (бояд продюссерхо мегуфт!) акнун диданд, ки дар танхои дигар толорхоро пур карда наметавонанд, ба ташкили консерхои якчоя гузаштанд. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти