Дили оча ба бача… (ҳикоя)

Инҷо барояш ҳам меҳроб асту ҳам минбар, ки ҳатто бештар аз вақту соати намозу ибодат ҳаминҷо аз Худову арвоҳи азизону шаҳидон, ки маконашон ҳамон гирду гӯшаи деҳа асту номҳояшонро аз модару модаркалонаш шунида буд, барои худаш мадад меҷӯсту барои писараш сиҳативу амону баракат. Ва аз он минбар, ки ними деҳа метофт, саду як насиҳату тавсияву таъкидро гӯё ба гӯши он азизи раҳдураш мегуфту мехонд…

— Оча, падарам маро фаромӯш кардааст- а?

— Не, бачам. Мардҳои ҳақиқӣ очаҳошонаву бачаҳошона фаромӯш намекунанд. Фаромӯш ҳам карда бошад, маро фаромӯш кардагист…

Читать далее →

Пиразани китобдор ва нигоҳи маънидор…

Аз он маконе, ки ман берун омадам то инҷо чанд ҳазорсола раҳ буд..Дар ин раҳ аввалиҳо дар баъдиҳо такрор мешудаанд, айнан мисли ҳамон, ки фардоиҳо такрору идомаи имрузиёнанд…Ва ин раҳ, ки ман аввалу охирашро намедонам, пури ҷӯяндаҳо буд- ҷӯёи нон, ҷӯёи ном ва ҷӯёи шуҳрату сарвату… ҳар чизи дигар…

Ва зани калонсоле (ки ангуштони дасту гарданаш пури ҳалқаву занҷираи тилло буду нигоҳаш ҷиддӣ ва ҳатто бераҳм ба назар мерасид) бо ҳамон саволе, ки ба ҳазорҳо кас додааст, хаёламро парешон мекунад:

— Кӣ аст муаллифаш? Дар бораи чӣ аст он?

— Намедонам, кӣ аст муаллиф…Фақат медонам, ки асрори дунё, ки ба бақояш ҳатто бисёриҳо аз имрузиён каму беш бовар мекунанд, дар он китобат шудааст… Медонам, ки сад саҳифаи пушту рӯ дар мавриди он аст, ки гамдумкиштаҳо ҳатто дар ҳоли узви оилаи олими кишоварзе будан ҳам ҳоло натавонистаанд, ки ҷав бируёнанд…

Читать далее →

«Биё оча, дигар як бачаи гапгир хоҳам шуд…»

Дар сӯги Бозор Собир (14)

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил (9)

Имруз дар Донишгохи Теннесси охирин ду вохурии мо баргузор мешавад. Аввали бо доктор Чим Стовалл — устоди фанни журналистика ва муаллифи китоби як электрони баргузор мешавад.

Сухбати мо дар аудиторияи аллакай ошно аз он огоз шуд, ки чи гуна айпадро ба китоб ва манбаи иттилоъот табдил бояд дод? Фахмид, ки Стелла — хамгурухи мо аз Молдова аст, устод аввал дар бораи он накл кард, ки чи гуна устохои молдоваги фарши хонаи уро таъмир карда буданд….    Читать далее →

Равишхои сахехи мутолиа!

    Борхо шунидаем, ки донишомуз ё донишчуе мегуяд: «дигар хавсалаи хондани ин китобро надорам» ё «он кадар аз ин китоб хаста шудаам, ки кобили гуфтан нест» ва ё «дах бор хондам ва такрор кардам, вале боз хам ёд нагирифтам » ба рости мушкил чист? Оё барои ёдгирии дарс вокеан «бояд 10 бор китобро хонд?» ва «оё бояд даххо бор дарсро такрор кард то ёд гирифт?» мутмаинан, агар чунин бошад, мутолиа коре сахт ва токатфарсост.

Аммо вокеият чизе дигар аст. Вокеият он аст, ки ин гурух аз фарогирон, равиши сахехи мутолиаро намедонанд ва мутаассифона дар мактаб ва донишгох хам чизе рочеъ ба чи гуна дарс хондан намеомузанд. Барои ин ки мизони ёдгири афзоиш ёбад, бояд кабл аз хар чиз мутолиае фаъол ва пуё дошт. Читать далее →

Дарс хондан хам одоб дорад!

  Дарс хондан худ одоб аст ва русуме дорад. Одоб ва русуме, ки боиси боло рафтани кайфияти он мешавад ва зимнан зомини саломати низ хаст.

Гарчи хамаи мо каму беш бо онхо ошноем, аммо ёдоварии он, он хам аз диди мутахассисон, холи аз лутф нест. Фосилаи чашм то китоб, дарачаи харорати уток, сару садо ва … аз мухимтарин мавориде аст, ки дар кори хондан ва навиштан таъсир дорад. Матлаби хозир ин маворидро аз диди пизишкон мавриди барраси карор додааст. Читать далее →

Чи гуна кудаконро ба мутолиа ташвик кунем?

     Ахамияти китобхони назди хонаводахо чунон боло буда, ки мачолисе бо унвони чаласоти китобхони баркарор мешудааст ва зебо хондан, яке аз хунархои даврони гузашта махсуб мешудааст.

     Бо вуруди расонахои тасвири шояд арзиши мутолиа назди аксари мардум тагйир наёфт, аммо ба далели дар дастрас будани расонахои тасвири ва ба кавле хозир ва омода будани як василаи тафрехии доими, гироиш ба мутолиа камтар ва камтар шуд. Инсони огох, манбаи мутолиаи худро «интихоб» мекунад ва ичоза намедихад масъулини шабакахои телевизиони барои у тасмим бигирад.

Гуфтугу дар ин бора метавонад бисёр тулони шавад ва мо дар ин чо ба матлабе бисёр мухимтар мепардозем: Читать далее →

6 сентябри соли 2010

   Рузу шаб хамин гуна бо суръат аз бари мо меравад, ки хатто пай намебарем. Шояд барои он пай намебарем, ки андешаи мо дар хамин рузу шаби сари  зиндаги нест. Андеша факат дар он аст, ки аз кучо чи микдор маблаг ба даст биёяд? Маълум мешавад, ки имруз аксарият на дар андешаи зиндаги, балки дар андешаи зинда мондан ва бештар арзи вучуд кардан аст…

Аммо имруз дар мавриди китобхона, чанчоли унвонхо, мучассамаи И, Сомони, маркази омузиши сокинони махаллахои гуногуи шахр ва набудани як мачалла барои мардхо навиштам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти