Вакте хамсарам хамкорам мешавад!

 Дар мавриди ин ки «кор кадани зану шавхар дар як коргох хуб аст ё не?», назархо гуногунанд. Яке мегуяд ки хуб аст, дигаре ба ин назар аст, ки якчо кор кардани зану шавхар дар як корхона ин хуб нест, савуми бошад, мегуяд ки: «Чизе гуфта наметавонам, зани ман кор намекунад, барои хамин ман намедонам, зеро ман уро намегузорам, ки кор кунад. Ба назарам, ки хеч хуби хам надорад! Боз хаминаш намерасид, ки якчо кор кунад!»…    Читать далее →

28 феврали соли 2011

    Мо одатхои хуб зиёд дорем. Шояд бештар аз одати нохубамон. Баъди он  ки куфл аз лабхо бо шикастани сохтори шурави шикаста шуд ва кушишхои ошкоро гуфтан аз чониби як -ду босаводу колабшикан анчом дода шуд,  хама гумон кард, ки метавонад хама чиро гуяд ва бо хама кас дар хама мавзуъ бахс кунад. Баъди якчанд сол аксарият, ки доираи фахмиши худро на он кадар васеъ ёфтанд, аз бахсу бе фоида гуфтан  дур шуданд ва хам холо онхое, ки дигар дарк кардан, ки хамсухбатхо аксаран гуфтаи онхоро намефахманд, дигар намегуянд. Аммо онхое, ки фахмиши хеле танг доштанду доранд, холо хам хар кучо, ки ду касро дар сухбат ёфтанд, бахсеро ба миён меоранд ва дар он хама гуна андешаи дигаронро инкор мекунанд. Мушкил ва бадбахти хамин аст, ки барои онхо мавзуъ мухим нест -кайхон аст он, геология аст, чанги шахрвандиву «маршировка»-и донишчуён ё  вазъияти Либияву Миср аст… Аммо он руз андешаи як донишмандро хондам, ки гуфтааст: «Агар хохи ки туро гуш кунанд, хомуш бош!!!»

Имруз дар мавриди «роххои шлагбаумдор», сабаби дар кучахои шахр набудани мардуми мансабдор ва сарватдор, андоз аз хучрахои махбасхона ва духтарони паричехраи точик навиштаам. Читать далее →

10 нуктаи мухим барои як рохбари муваффак!

   Рости гап, ман чанд муддат аст, ки дар мавриди симои рохбари точики  як чизе навиштани хастам. Чи навиштани хастам, хозир хатто барои худам мушаххас накардаам. Аммо менависам. Хатман! Менависам, ки чаро гурусначашмтарин, берахмтарин, магруртарин ….рохбару рохбарчахо факат хаминчо хастанд? Чаро? Чаро агар гуи, ки аз кор мерави, душманат мешаванд? Чаро агар маошатро талаб куни, бадат мебинанд? Ва боз дар мавриди хазор чарои дигар менависам. Агар насиб бошад! Аммо холо ин чо баргардони як маводеро аз хатти форси  дар хамин мавзуъ  мегузорам. Умедворам, ки ба он таваччух мекунед! Читать далее →

10 ноябри соли 2010

Шумо чи фикр доред? Коргари одди ба рохбар бештар ниёз дорад ва ё баракс? Бале! Корро корманд мекунад! Шумо хис кардаед, ки мо корфарморо бенихоят эрка кардаем? Шумо медонед, ки аксари онхо хаёл мекунанд, ки холо хам замони шурави ва замони плану накша ва сотсиализм аст? Шунидаед, ки онхо имруз кормандро хатто баъди аз кор рафтанаш хам тахдид мекунанду ба чархи аробааш чуб мемонанд? Шумо медонед, ки хамон одати «акачон» -гуфтану даст пеши бар доштани моро аксарияти онхо нодуруст фахмидаанд? Ба хотир оварда метавонед, ки кадом раису рохбарро барои беэхтиромиаш ба зердаст ва таъхир дар маоши корманд чазо дода бошанд? Коргохеро медонед, ки дар он кормандон ба чанд гуруху «клан» -у «чапу рост» чудо нашуда бошанд?

Пас, аз бегона чи гилла дорем? Чаро сабаби пеш нарафтанро дар дурихо мебинему аз дигарон мечуем?

Чи хуб мебуд агар сохтакори чиноят хисобида мешуд, агар саволхо ва чавобхо дуруг намебуданд, агар як гурухи эчоди иборат аз наворбардору хукукшиносу ровие факат миёни мухочирони точик мегашт ва барномахоро бо чанд забон аз хаёти онхо ва барои халли мушкилашон тахия мекард, агар дар макому вазифа мондан ё намондани раисони нохияхову шахрхо ва муовинони онхо аз ризоияти мардуми хамон минтака вобаста мебуд, хамаи сафархои хоричии мансабдорон ба кадри як донаи гандум барои пешрафти хамон сохаи онхо мусоидат мекард, агар корхои илмиеро руи даст мегирифтем, ки лоакал дар ду сол натичаашро мардум бинад…..

Аммо имруз дар мавриди чавони ва накши магзи сар дар он давра, касбхое, ки омехтаи якбора чанд касбанд, коммунизм ва пулемёт, ичораи курси, партияи «чоночон», сирри хушбахтии як марди одди ва дили поки пойтахт навиштаам. Агар фурсат доред, «Далее» -ро пахш карда, мисли бегумон ворид шудан ба ояндаи дурахшони зиндаги дар чанд сония ба сахифаи пурраи ин мавод ворид шавед!  Читать далее →

Замзама!

       Чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Оли дар огоз вокеан хам лахзаи хеле хотирмон дошт. Ё ман кам ТВ тамошо мекунам ва ё вокеан хам ин бори аввал буд, ки  аксари намояндахои мардуми ва аъзоёни хукумат Суруди Миллиро замзама мекарданд. Ё оператор-наворбардори ТВ бомахоарт буд ва ё шояд ин гуна эхсос аз он буд, ки имсол ин макоми баланди конунбарори кишвари мо 15 сола мешавад. Хар гунае, ки набошад, кормандони ТВ нишон доданд, ки намояндагони хукумат ва намояндахои мардум зери лаб суруди миллиро замзама мекунанд. Читать далее →

Аз худ берун!

Баъди он, ки дар Интернет дар мавриди аз манзилхои худ берун шудани бештар аз 50 нафар сокинони яке аз хобгоххои пойтахт навиштанд,  инак мехонам, ки ду нафар факат дируз даст ба худкуши задаанд-яке дар нохияи Рудаки  дигаре дар вилояти Сугд. Аз огози сол то хамин руз тибки иттилои расми дар Точикистон 95 нафар даст ба худкуши задаст.  Дируз дар деха яке аз пайвандони мо мегуфт, ки мардум барои сохиби замин  шудан, ба хамон чое рафтанд, ки акнун хукуматдорон мехостанд  ба таксимот шуруъ кунанд. Ва дигар он корро давом надода хама «пароканда» мешаванд. Маро факат мардуми аз макомоти дахлдор норози ба ташвиш меоранд. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти