Хона (ҳикоя)

Ҳамон офтобе, ки ҳар саҳар нурашро аз роҳи тирезаҳои плостикии шишадору пардадори соҳибони манзили рӯ ба машриқ ба рӯйи онҳову рӯйи рахти хоби сафеду мулоими онҳо мерехт, аз пушт ҳамон чодари арӯсии модари ин ҷавонро, ки дар шаҳр акнун ҳам нақши шишаро иҷро мекунаду ҳам вазифаи пардаро, гӯё фақат ламс мекард. Нури офтоб аз як-ду роғи ин чодар-тиреза ворид шудаву гӯё аз оғози боз як рӯзи нав барои соҳибхона, ки мисли дигарон рахти хоби сафеду мулоим надошт, хабар медод.

Читать далее →

Як бозор ва ду-се бом…(ҳикоя)

Баъди навбатдории шабона, ки мебояд дар як ҳуҷраи тангу назарногири як кунҷи дури ҳавлии ин собиқ завод саҳар шавад, ӯ зери бори фикру андешаҳои бесару нӯг ҷисми афгори худро то курсии оҳанини наздиктарин истгоҳ меорад. Аксаран, фақат баъди як муддат инҷо нишастан, ба хулоса меояд, ки ба куҷо биравад!? Ҳадди камтарин ду-се ҷое ҳаст, ки инак, панҷ соли охир ӯ вақташрову пулу сармояи ками доштаашро барои он ҷойҳо тақсим мекунад…

Читать далее →

Хумор ва алами як сурат

Дуруд. Дуову дуруд аз ин замонаи дури дур ба рӯҳу ба рӯйи азизоне, ки дар саргаҳи насли мову пайвандони мо меистанд. Ин ҳамон насле аст, ки ҳатто дар аксҳо ҳам натавонистааст мағруру сохта либос ба бар кунад ва сарду қолабӣ бихандад. Ҳамон насле аст, ки чеҳраашон бе кимиёгарӣ ҳам гарм буду пиронаш дарди гулӯрову шикамрову чашмро бо сиёҳии таги дегу решаи янтоқу ширинбӯяву шири поки модар табобат мекарданд…

Ин ҳамон насле аст, ки аз тарси ҳокимони бегонаи давр намозашро пинҳонӣ ҳам, ки мегузошт, ба ҳадде, ки дилаш оромиш меёфт, самимона ва холисона мехонд. Рӯйи даструхони туйиашу ҳаррӯзиашу рамазониаш сад намуд оби газдору бегаз ҳам, ки набуд, намегузошт як ҳаракату ҳарфу амал ё беамалиаш як қатра об аз обурӯяш бубарад.Ин ҳамон насле аст, ки сери сер ҳам ки набуд, ба ҳадди имрӯз партовгоҳи зиёд ва мошин-мошин пасмондаи беҳисоб ва хушку тар ҳам надошт..Ва онҳо имрӯз намебинанд, ки чи гуна насли нав — ҳам доди камдориву нодориву маоши кам мезанад ва ҳам мошинҳои наву кӯҳнаи партовкашӣ як лаҳза ором надорад…

Читать далее →

20 тавсия барои мардхои оиладор аз ….

Ин маводи ачоибро ман аз Интерент  ёфтам. Онро марде, ки аз хамсараш чудо шудааст, барои мардхои дигари оиладор навиштааст. У ки  Джеральд Роджерс ному насаб дорад,  баъди 20 хатои худаш замони оиладори барои гурухи мардхои оиладор 20 тавсияро овардааст, ки фикр мекунам фахмиданаш  аз манфиат холи нест. Мардхои точик хам зиёд аз хамсарони худ чудо мешаванд, аммо ман боре хам нашудаам, ки онхо тавсияву китобу дастуре навишта бошанд. Махз аз хамин чихат ин мавод барои ман ачиб буд… Роджерс навиштааст: «Албатта ман мутахасиси сохаи муносиботи махрамона ё муносибот миёни марду зан нестам, вале тачрибаи ман,  махсусан баъди чудошавиам боиси таваччух аст. Ман агар як шонси дигар медоштам, он вакт дигар хел зиндаги мекардам. Ман занеро аз даст додам, ки бо у 16 сол зиндаги карда будам. Ман намехостам, ки шумо камбудихои маро такрор кунед» Читать далее →

Сари як пиёла чой…

    Мавзуи хурокпази ва хурокхури хамеша шавковар аст. Мардум ба намудхои гуногуни гизо таваччух мекунанд, онро тайёр мекунанд, дар кучое мечашанд ва вобаста ба анъана ва гизои мардумони дунё бахс мекунанд.  Таъсиси гушаи «Ошхонаи Оила» дар хафтаномаи «Оила» эхтимол ба хамин хотир буд.  Сухбате, ки дар зер нашр мешавад, хамин хафта дар хамин гуша ба нашр расида буд. Читать далее →

Бакои зиндаги!

Бахшида ба 80 солагии доктори улуми иктисод, профессор –

Облокул Тошев

Огоз:

            -Инсонхои бузург шабехи ситораанд, ба онхо замони афтиданашон таваччух мекунанд. 

-3 сол аст, ки он донандаи хуби улуми иктисод, доктор ва профессор миёни мо нестанд. Он кас ними умри бобаракати худро барои тарбияи насли чавон сарф карда буданд. Устод дар  чанд муассисаи олии таълимии Точикистон бо эхсоси баланди масъулиятшиноси чанд насли мутахасисро  ба воя расонидаанд. Зери назари у ва бо рохбариашон чандин нафар рисолахои номзади ва доктории худро химоя кардаанд. 12 феврал профессор Облокул Тошев мебоист 80 сола мешуданд… Читать далее →

Як пора аз зиндагиномаи Пабло Пикассо!

Пабло Пикассо на танхо рассоми хуб буд, балки донандаи хуби забони бонувон хам буд. Бисёре аз бонувон худашон аввалин шуда изхори мухаббат мекарданд. Ва хангоме, хис мекарданд, ки акнун ба у лозим нестанд, ё худкуши кардаанд, ё бакияи умри худро дар девонахонахо гузаронидаанд. Читать далее →

Чи гуна зехни хамсарамро бихонам?

Маъмулан мо дар аѓлаб ваќт аз холат, вазъият, харакот ва оханги садои тарафи муќобиламон метавонем афкори вайро бихонем. Аммо, баъзе ваќт мо аз харфхои фарди мавриди назарамон мутаваччехи чизе намешавем. Пас, мо бояд барои мутаваччех шудани манзуру ниятхои дигарон чи кор кунем? Кабл аз ин ки ба харфхои он фард гуш кунед, бояд ба забони бадани (вазъият ва харакот) вай таваччух кунем. Замоне ки барои аввалин бор вайро мулоќот мекунед, аввалин чизе ки дар бархурди аввал бояд ба он диќќат кунед, нигох ва чашмони уст. Агар ба сурати мустаќим ба шумо нигох мекунад, лабханд мезанад, ва мачзуби харфхо ва чашмони шумо шуда, аломати хубе аст. Шумо ба тарзи хосе таваччухи ўро ба худ чалб кардаед. Читать далее →

Занхо аз мардхо чи мехоханд?

  Гумонам маколи «Занхо чизи зиёде намехоханд: аввал шавхари хуб мехоханд ва баъд хама чиз» дуруст аст. Агар дуруст хам набошад, хаёлам, ки дуруг нест. Бубинед, ки бо дигар шудани тасаввурот ва фахмиш, ки то чое ба рафтани сину сол хам вобаста аст, талаб, хохиш ва пешниходашон комилан тагир мехурад. Ин акнун аз кисмату такдиру насиби  марди пахлуяш вобаста аст, ки ба кадом самт тагир мехурад. Аз ин нуктаи назар на хамаи чудошавихои хамсарон  боиси  таассуф аст. Зеро тачриба нишон медихад, ки дар мавридхои чудогона, ки он мавридхо хам кам нестанд, никоххои дуюм бобарор ва бардавом хастанд. Марду зан хамеша — хох  дар алохидаги ва хох дар вакти зиндагии якчоя, дар талоши фарохамсозии иконоти хосса ва хубе барои худ хастанд.  Инчо маводе дар мавриди хохишхои зан аз форси баргардон шудааст, ки хаёлам шавковар аст! 

Читать далее →

Чанд сабаби хиёнаткории занхо!

  Сабабхои хиёнаткории занхо метавонанд, гуногун бошад. Инчо мо чанд сабабро оварда, хеч гох намехохем, ки шумо баъди ошнои бо  он ба хамсарони боаклу донои худ, ки кучое кор хам  мекунанд бо шубха назар кунед. Муносибатхо метавонанд комилан гуногун, фарккунанда ва фиребанда бошанд!  Кадом сабабхо боиси хиёнати зан мешаванд? (Бояд гуфт, ки мо аксаран бевафои ва хиёнаткории мардхоро чидди кабул намекунем ва ё баъзан чун кадом «кахрамони» кабул мекунем. Дар мавриди хиёнаткорихои мардхо  ва окибати он ягон вакти дигар хохем гуфт! ) Читать далее →

15 рохи муваффакият дар зиндаги!

    Як нафаре гуфта буд, ки «бехтарин рохи шухратёб шудан -дар оилаи зарури таваллуд шудан аст». Аммо тачрибахо дар зиндаги нишон медиханд, ки баъзехо тавонистаанд худашон хама чиро бе кумаки касе дар хаёт ба даст биёранд. Онхо акнун барои фарзандон ва наберахояшон хамин гуна оила ва мухити оилавиро фарохам овардаанд. Вокен хам, роххои комёби ва муваффакият дар хаёт кам нестанд ва мушаххас аст, ки 15 то хам нест. Умедворам, ки роххои дигари расидан ба музаффариятхоро дар зиндаги аз тачрибаи худатон Шумо дар поёни ин матлаб менависед. Читать далее →

7 ноябри соли 2010

     Ман мехостам, ки шумо ба хамин саволи ман чавоб гуед, ки  «агар дар кору зиндагиатон пешравиро эхсос кардед, пулатонро кам-кам чамъ карда тавонистед, арзу додатонро шуниданду мушкилатонро хал карданд, имкони молии бештар ёфтеду сохиби чанд чиз шудед, озодиву адолату хакикат  ва амнияти комилро дарёфт кардед, аз ки миннатдор мешавед? Ба фикри Шумо дар инчо ки бештар кушиш кардааст, накши ки зиёдтару арзандатар аст?»  Акнун аз соли 2789 бармегардем ба хамин руз…

Ман имруз дар мавриди монандии театр ва зиндагии мардум, накши телевизион дар бунёди оилаи ровихо ва наттокон, мардхои ду ва чандзана, фил чун рамзи хизб, зан ва риш, мардхои бе мошин ва  оилае, ки ду Президентро ба воя расонидааст, навиштаам. Читать далее →

Охири рох ва мох. Охири маош!

         Нарххо имрузу хар руз боло мераванд.(Баъди бандшавии каторахои сузишвори ва маводи дигар, баъди селу жола ва таъсири бади он ба кори дехкон дигар ба ин чиз шубха нест!) Ман ва хамкасбони ман ба гурухи мардуме ворид хастем, ки нисбат ба ин зухуроти аксар вакт сунъи сохташуда, бетафовут буда наметавонем. Дурустараш болоравии нарх ва кариб нонамоён шудани маош мардуми ин гурухро, ки аксариятро ташкил мекунанд, ба ташвиш меорад. Коидахои бозори бо коидахои нонавиштаи мардуми савдогар ва онхое, ки ин хама чараёнро дар бозорхо «назорат»  мекунанд, омехта гашта, бори вазнинро факат ба души онхое бор мекунад, ки хар мох мунтазири маош хастанд ва дигар манбаи иловагии даромад надоранд. Албатта хукуматдорону рохбарон гунахкор нестанд, ки мардум манбаи иловагии дарёфти маблаг дошта наметавонад ва ё надорад, аммо факат хаминро шиор кардан хам дуруст нест! Зеро бештари корхое, ки аслан бояд барои мардум анчом дода шавад, он хам дар сатхи зарури  анчом намеёбад. Бигирем хамон сифати махсулоти хурокаро! Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти