Ду даҳан гап барои доктор Бахтибек

Ҳеҷ кас ба андозаи фарзанди падар азизу қарину наздикат нест. Махсусан, ба андозаи як хоҳар ва махсусан чени як додар. Ҳоло аз муҳаббатҳои самимӣ ба гумонам ҳамоне боқӣ мондааст, ки дар қалбу хайёлу дар вуҷуди фарзандони банангу номӯси падар аст.

Ман аз додаронам он қадар муҳаббату ихлосу самимияту ғамхориро дидаму эҳсос кардам, ки ҳатто баъзан фикр мекунам, акаи калон неву додари кенҷаашон ҳастам…

Читать далее →

Тазод (5)

Чунин ба назар мерасад, ки мардуми мо (ва тавре ки мушоҳида мешавад, аксарияти мардуми дунё) шояд аз рӯйи хусусиятҳои ирсӣ, донишу таҷрибаи нокофӣ, саводи сатҳи поин, бефарқӣ  ва нафсе, ки доранд, интизор мешаванд, ки кадом рӯйдод, ҳодиса, тағирот, амалу ҳолат ва коре сабаб шаваду онҳо ҳатто дар заминаи хушку холӣ ҳам ба воҳима ва ҳангома роҳ кушоянду манфиати бештаре аз кору фаъолияти худ бардоранд. Дар чанд соли охир ин мардуми бо як азоб соҳиби чор танга шударо гуштфуруш ҳам фиребу ҷабр карду шафтолуфурӯш ҳаму орду равғанфурӯш ҳам. Маълум мешавад, ки дар ҳошияи таҳаввулоти ҷомеъа ва рӯйдоди мухталиф агар ҳар ду ҷониб (ҳам фурушанда ва ҳам харидор!) сатҳи донишу дарку фаҳмиши аз рӯйи меъёрҳои муосир пасту дар қиёс бо ҳамдигарашон баробар дошта бошанд,  вазъ ба маротиб печидаву душвортар мешудааст. Яъне, агар як ҷониб (харидор!) фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ ва дониши кофии молиявӣ ва иқтисодӣ медошт ва молу маҳсулоти ҷониби дигар (фурушанда!) –ро барои сунъи боло бурдани нархи онҳо,  камчину камёфт кардани маҳсулоти ниёзи аввалия ба қавле бойкот мекард, вазъ ба дараҷае, ки имрӯз мушоҳида мешавад, намерасид.  Читать далее →

Пешниҳод (12)

Дар табобат ва шифоёбии бемор  тахшис ва мушаххаскунии сабабҳои маризӣ ва беморӣ чизи аз ҳама муҳим аст. Ин самт боз ҳам аз он ҷиҳат муҳим аст, ки аз нигоҳи иқтисодӣ ҳам даромаднок аст. Албатта барои онҳое, ки дар ин самт тавонистаанд озмоишгоҳ ё лабораторияи ташхисии хубе созанду тартиб ва муқаррароти дигарро дар ин самт риоя кунанд.

Вале ба назар мерасад, ки баъди як андоза аз миён рафтани зуҳуроти “тавсияи аптекаҳо” аз ҷониби духтурон, акнун зуҳуроти манфӣ ва бади дигаре ба миён омадааст, ки онро мешавад, зуҳуроти “тавсияи лаборатория” аз ҷониби духтурон гуфт….   Читать далее →

7 марти соли 2011

Фардо Рузи Модарон аст! Ин хуб аст. Аммо хуб нест, ки имруз Рузи Падарон нест! Харчанд маълум аст, ки барои  фарзанди нексиришт хар руз рузи волидонаш аст. Падарони азиз! Рузи пештар аз Рузи модарон барои Шумо муборак бошад!

Имруз ман дар мавриди душворихои зердасти зебардасте будан, омодагии мардум ба пошхурии СССР, дасти «дароз» -и табибон, «зоопарк» дар шоу-бизнес ва унвонхои «заказной» навиштаам. Читать далее →

Чаро асабони мешавем ва роххои мукобила бо асабоният чист?

    Чаро асабони мешавем? Асабоният чист, решаи он дар кучост ва бехтарин вокуниш дар баробари он кадом аст? Инхо суолхоеанд, ки доиман барои мо ва атрофиёнамон хангоме, ки асабони мешавем матрах мегардад. Иртибот омили мухиме дар зиндаги аст, ки моро ба дигарон пайванд медихад ё аз дигарон чудо мекунад.  Асабоният чист? Читать далее →

Дасти Шумо дард (на)кунад!!!

        Имруз зодрузи марди бузурги миллати точик  Абуали ибни Сино аст! Кормандони сохаи тандурустии Точикистон хамасола дар рузи вафоти у , яъне 18 август- Иди касбии худро тачлил мекунанд. Ман он чизеро, ки холо менависам, ягон бор нагуфта будам ва дар рузи иди касбии мардуми табиб  хам ман онро гуфта наметавонам. Барои хамин ман ин пешниходро имруз мекунам… Читать далее →

Афсонаи марди мехнаткаш!

      Ин афсонаро ба ман на модаркалонам накл кардааст ва на бобокалонаму бобоям. Ин афсона дар китобхои афсона низ нест. Ин афсонаро ман навакак фикр кардам!

      Буд -набуд як марди мехнаткаш буд. Зиёд хурок хурдан мехост. Ва аз тез-тез кушодаву  пушидани дари яхдонаш кариб ки хар руз лампочкаи он месухт… Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти