Тазод (12)

Бо назардошти вазъи дунё дар самти истифодаи захираҳои энергетикӣ ва талоши кишварҳо барои хубтару беҳтар сипарӣ кардани зимистоне, ки ҳоло фаро нарасидааст, мо имрӯз бо такя ба маводи ҳафтавори ВЗГЛЯД як шарҳеро дар ихтиёратон мегузорем, ки ба ЧИН ва талошҳои он кишвар дар ҳошияи мушкилоти ҷиддии энергетикии Аврупо рабт дорад.

ЧИН акнун як роҳи ғайриодии дарёфти даромадро дар ҳошияи бӯҳрони энергетикие, ки Иттиҳоди Аврупо пушти сар мекунад, дарёфт кардааст. Ин кишвар акнун фурӯши гази моеъи амрикоиро ба кишварҳои аврупоӣ роҳандозӣ карда, аз ин кораш садхо миллион доллар даромад ба даст меорад. Бо гази моеъи русӣ ҳам ба гумони ғолиб ЧИН ҳамин гуна муносибат хоҳад кард. Ин фақат яке аз бандҳои даромади ЧИН аст. Иловатан он кишвар аз димоғсӯзӣ ва қаҳри Русия ва Аврупо боз чӣ фоидаҳо дошта метавонад?

Читать далее →

Тазод (8)

Ҳамааш ба назари ман баъди он сар шуд, ки тамоми ҳавличаҳои пушт ва пеши биноҳои истиқоматии моро як вақт бо қарор ва супориш вайрон кардаву тамоми монеаву симхору девору симтурҳои гирду пеши хонаҳоро барчинданд. Аз як тараф аксарияти онҳо ҳамин гуна бунёд шуда буданд, ки дар баробари он ки фақат ба як оила хизмат мекарданд, боз ба ҳаракати мошинҳои ёрии таъҷиливу сухторхомӯшкунӣ халал мерасониданд ва ҳам шояд роҳи гузари мардумро баста буданд.

Ҳоло агар вақти фурӯши хона дар наздикиҳои хонаатон будани қаҳвахонаву ресторану мағозаву нуктаҳои дигари хизматрасонӣ авлавият дониста шаваду ба нархи хонаҳо андаке биафзояд, вақти дар ҳамин гуна нуқта зистан шахс дарк мекунад, ки айнан ҳамин чизҳо на авлавият, балки камбудии ҳамин хонаву бинои истиқоматӣ ҳастанд. Чаро? Мо ин навбат фақат як омилу як сабабу як мушкили ин гуна хонаҳоро мисол хоҳем овард.

Читать далее →

Тазод (7)

          Ҳамин андеша ким-кай — вақти тамошои як гузориши телевизионӣ дар зеҳнам пайдо шуда буд. Ҳамон вақте ки дар гузориш муаллиф мегуфт, ки дар ким-кадом маҳаллаи шаҳри Душанбе як сехи пинҳонии истеҳсоли машруботро ошкор кардаанд. Дар охири гузориш ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳамаи он шишаҳои шароб ҳатман нест карда мешаванд. Вале ман ҳамчун бинанда, истеъмолкунанда ва як шаҳрванд (на чун муҳаррир, сармуҳаррир, Директори барномаҳои радио) тамоман аз он гузориш қаноатманд набудам. Ман албатта аз рӯйи таҷрибаву кору фаъолиятам медонам, ки ҳар як ҳамон гуна гузориш чандин карат бозбиниву таҳриру қайчӣ мешавад, вале дар ҳамин гуна гузоришҳо ва рейдҳо ман ҳамон пайёми асосӣ ва аз ҳама муҳимро намебинам ва намешунавам. Поёнтар хоҳам гуфт, ки чӣ пайём аст он?

Читать далее →

Тазод (6)

Ин назар, яъне он чизе, ки ман гуфтанӣ ва навиштанӣ будам,  ҳамагӣ бояд ду ҷумла мешуд ва ҳамин гуна ҳам ҳоҳад буд. Ба фарқ аз маводи дигари ҳамин силсила он ду ҷумла дар қисмати ниҳоии ин навишта оварда ҳоҳад шуд. Вале дар ин миён як чанд ҷумлаи дигарро ҳам биҳонед….

Каронавирус ҳамаи самтҳои пешбари ҷомеаи ҷаҳониро қариб ки фалаҷ қард. Ҳазор кас ҷойи кории худро аз даст доду медиҳад, ҳазор коргоҳ иқтидори истеҳсолии худро гум кард, ҳазорон нақшаҳо амалӣ ношуда монданд. Ба назар мерасад, қи дар ин мубориза ҳар ду гурӯҳи мардум ва қишварҳо бохтанду азоб кашиданд — ҳам онҳое, ки омода буданду интизор буданду тайёр шуда буданд ва ҳам онҳое, ки аслан омодагӣ надиданду боварӣ надоштанду ин ваборо он қадар ҷиддӣ нагирифтанд. Ба ҳайси ҷуброн кишварҳо як қатор чораҳоро меандешанд, ки дарди мардумро комилан аз миён набарад ҳам,  лоақал сабук мекунад. Намунаи онро дар поин хоҳем овард… Читать далее →

Тазод (5)

Чунин ба назар мерасад, ки мардуми мо (ва тавре ки мушоҳида мешавад, аксарияти мардуми дунё) шояд аз рӯйи хусусиятҳои ирсӣ, донишу таҷрибаи нокофӣ, саводи сатҳи поин, бефарқӣ  ва нафсе, ки доранд, интизор мешаванд, ки кадом рӯйдод, ҳодиса, тағирот, амалу ҳолат ва коре сабаб шаваду онҳо ҳатто дар заминаи хушку холӣ ҳам ба воҳима ва ҳангома роҳ кушоянду манфиати бештаре аз кору фаъолияти худ бардоранд. Дар чанд соли охир ин мардуми бо як азоб соҳиби чор танга шударо гуштфуруш ҳам фиребу ҷабр карду шафтолуфурӯш ҳаму орду равғанфурӯш ҳам. Маълум мешавад, ки дар ҳошияи таҳаввулоти ҷомеъа ва рӯйдоди мухталиф агар ҳар ду ҷониб (ҳам фурушанда ва ҳам харидор!) сатҳи донишу дарку фаҳмиши аз рӯйи меъёрҳои муосир пасту дар қиёс бо ҳамдигарашон баробар дошта бошанд,  вазъ ба маротиб печидаву душвортар мешудааст. Яъне, агар як ҷониб (харидор!) фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ ва дониши кофии молиявӣ ва иқтисодӣ медошт ва молу маҳсулоти ҷониби дигар (фурушанда!) –ро барои сунъи боло бурдани нархи онҳо,  камчину камёфт кардани маҳсулоти ниёзи аввалия ба қавле бойкот мекард, вазъ ба дараҷае, ки имрӯз мушоҳида мешавад, намерасид.  Читать далее →

Тазод (4)

«Зукоми одди хам на камтар аз каронавирус хавф дорад. Бояд онхоеро, ки хангомаву вохимаро ба миён меоранд, чазо дод. Хангома насозед ва хама чиро нахаред. Бояд ором кору зиндаги кард». Профессор Рошаль аз ФР.

         Ва инак хамон мардумеро, ки як вакт бо кадом овозаи дуруги заминларза ба берун кашидаву то субх дар кучаву даруни мошинхо нигох дошта буданд, боз бо як хангомаи дигари беасос, ки мушаххас аст, ки аз пештар омодакардашудаву хуб тахияшуда аст, фиреб доданд. Мардум халта-халта орду даххо литр равган мехаранд. Вале маро чизи дигаре хайрон мекунад ва дурусттараш чанд саволи бечавоби дигар азият медихад:
— Мардум, ки ба Шумо гуфт, ки карона-вирус ба онхое, ки дар хона 10 халта орду 100 литр равган дорад, кордор намешудасту намечаспидааст? Ягон кас кафолат дод инро?

Читать далее →

Тазод (1)

Яке аз сарватмандтарин шахсони дунё асосгузор ва директори кулли Amazon — Джефф Безос барои дастгирӣ ва кӯмак ба Австралия 690 хазор доллар додааст. Ёдрас мешавам, ки дар натиҷаи сухторҳо дар ҷангалзорҳои Австралия, ки аз моҳи сентябр идома доранд, ҳадди камтарин 27 кас қурбон шуда, бештар аз 2000 хона сӯхтаву нобуд шуд. Ҳудуде, ки ба коми оташ рафт, калонтар аз  иолоти Индианаи Амрико аст. Ҳамин тасмими худро Безос дар Твитераш навишта буд ва ҳудуди 92 хазор лайк ҳам гирифта буд. Аммо бештари мардум суол кардааст, ки наход бойтарин шахси сайёра фақат 690 ҳазор доллар бидихад? Мардум, ки шояд худашон фақат интернет доранду тамом, капитализатсияи ширкати ӯро мисол оварда, бо пули хайр кардаи вай муқоиса кардаанд. Касе ҳатто навиштааст, ки Безос ҳоло дар як дақиқа қариб 150 ҳазор доллар кор мекунад. Аз ин  нуктаи назар ӯ фақат пули 4,6 дақиқагии худро ба бунёди дастгирии Австралия гузаронидааст.  Каси дигар бошад, навиштааст, ки агар ӯ лоақал пули як рӯзаи худро хайр мекард, бештар аз 215 миллион доллар мебуд…. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти