Сами Юсуф: «Дунёи ислом факат махдуд ба аъроб нест…»

    Сами Юсуф  соли 1980 дар Техрон таваллуд шудааст. Номи у дарвокеъ «Сиёмаки Родманиш» аст. Падари вай охангсоз ва таронасарои машхури эрони мукими Бритониё, Бобаки Родманиш мебошад. Агарчи у чандин бор дар бораи ин ки падараш охангсозе машхур аст гуфтааст, аммо хеч номе аз вай набурда ва хатто дар посух ба хабарнигорони мисри гуфта: «Хохиш мекунам дар бораи падарам напурсед».  Читать далее →

Хушбовар ва сабур!

Амирчон Сабури хонанда, охангсоз ва шоири афгон, мутаваллиди вилояти Хирот (Афгонистон) аст. Вай точик аст ва ба забони форси/дарии лахчаи хироти мехонад ва дар Канада сукунат дошта ва акнун дар Узбакистон зиндаги мекунад. Сабури аз 16-солаги ба хунар ва овозхони руй овард. Читать далее →

Бахона!

 Махфилу иду чашн  хамеша хостани ва гуворо аст. Боз махсусан агар мисли махфили кормандони мо бахшида ба Иди Модар ташкилкунанда ва сарпарасташ номаълум бошад. Яъне барои ин махфил мардхо дар радио пул чамъ накардаанд ва хам аз маоши онхо хам дираме кам намешавад. Хулоса, ки хаёлам кадом баракате дар будани бонувон ва духтарони Радиои мо буд, ки ин махфил бо хама рукнхояш осон ташкил шуд. Душвор албатта мисли хама махфилхои дигар ба хона гусел кардани «мехмонон» аст. То он чо холо вакт хаст. Акнун мархамат, ба махфили идонаи кормандони  Радиои «Ватан», ки бахшида ба 8 март ташкил шуда буд!!! Читать далее →

1 октябри соли 2010

    Мохи нав огоз мешавад. Муборак бошад! Ман дар мавриди он чизхое фикр мекунам, ки аслан нав намешаванд, бе бозгашт мераванд, кухна мешаванд, мепусанд, нест мешаванд… Дар дунё чизе бошад, ки баъди  кухна шуданаш  баргашта нав шавад? Хаёлам, ки нест! Ё хаст? Андеша хамин гуна аст ба фикрам!  Кухна буд, нав шуд ва боз кухна мешавад. Зинда бод, андешаи нав ва созанда!

Имруз дар бораи ду гурухи асосии мардум, мусики ва театрхои мазхака, дар мавриди 16 зани як марде,  созмони занони олмонии  «Фрауеншафтен» ва Боки Рахимзода, гол задан, прицепи тракторхо ва будан дар сафи аввал навиштаам. Читать далее →

Чурачон,хона…наё…

Новобаста ба хама чи, вакте мешунави, ки мучассамаи Дустмуроди Алиро инак маротибаи дуюм аст, мешиканаду валангор мекунанд, вакте фикр мекуни, ки чаро Субхони Саид бо шухрате ки дошту дорад, хатто унвони Хунармади Шоистаро надорад, вакте мебини ки Фарзонаи Хуршед дар айёми чавони бояд ду солро дар махбас гузаронад, вакте ки асрори марги Махмудчону Мукаддасу Наргису Каромати сахнаи точик печидаву муаммо аст, вакте Мусои пахлавону хунарманди точикро мекушанду хатто кори чинои боз намешавад…дили кас сиёх мегардад.. Сип-сиёх!!! Читать далее →

1931-2010. Сайр аз До то Си!

22 феврали соли 1931 дар Сталинобод слёти аввали овозхонхо, навозандахо ва раккосони Точикистон баргузор шуда буд.

          Яъне, маълум мешавад, ки  хатто соли 1931 дар андешаи муттахидии мардуми эчодкор будаанд ва  шояд хамин гуна таваччух  боиси пешрафту нумуъи санъати точик гардид. Имруз чи? Шояд  дар вохури ва махфилхое, ки Иттифоки композиторону Вазорати фарханг мегузаронад,  мардуми эчодкор ширкат мекунад. Вале ин мушаххас аст, ки факат онхое, ки аъзои ин ё он даста, ё иттиходияи эчоди хастанд. Аммо онхое, ки «худру» хастанд, бо онхо бояд чи кор кард? Онхо хам аз МО хастанд-ку?! Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти