Ба ҷойи табрикоти Рӯзи Модар…

Модар бо будан ва ҳастиаш маънии зиндагӣ аст. Инро ҳамоне беҳтар дарк мекунад, ки модар дар канораш нест ва метавонад ҳастӣ ва мавҷудияти худашро дар ҳошияи ин ду ҳолат – яъне, будан ва набудани модар, муқоиса кунад.

Дар ин ду ҳолат чашмҳо чизҳо ва рангу суратҳои тамоман дигарро мебинанд. Агар бо буданаш хона зебову пур буд, имрӯз бе ӯ хонаҳо бо будани ҳама холӣ ва сард аст. Агар бо буданаш барои пиёда ва раҳ ба раҳ то деҳа рафтан баҳонаи зебое буд, имрӯз бо мошин ҳам ҳавсалаи рафтан кам шудааст.
Бо буданаш ҳамеша такядору маслиҳатгар доштӣ, имрӯз дар миёни ҳама эҳсоси танҳоӣ мекунӣ….

Читать далее →

Дар бораи радио ва чанд чизи дигар….

Душанбе-Дубай-Мадина-Макка-Ҷидда-Дубай-Душанбе

Рост аст, ки ягон кору амале бе розигии Худованд анҷом намешавад, балки ҳатто сурат намегирад. Ва новобаста ба хоҳишу интизориву ҳаросҳову орзӯҳо дилхоҳ кору амал ҳамон гунае оғоз шудаву ҷараён мегирад, ки офаридгор хоста бошад. Сафари мо ҳам бо мақсади Умра дар Мадинаи мунаввараву Маккаи мукаррама дар аввали моҳи марти соли равон бо хоста ва ризоияти Худованд буд. Он аз санаи 6-ум то 18-уми март идома ёфт ва ҳудудан як ҳафтаи он ба даҳаи раҳмати моҳи мубораки Рамазон иттифоқ уфтод, ки ин мояи сарфарозӣ ва шукргузории ман аст.

Читать далее →

Дар ҳошияи Рӯзи МОДАР

Ин мусоҳиба бо ҳамкору ҳамкасби мо, корманди «ИСТИҚЛОЛ» — Абдураҳмон Раҳмонов чанд рӯз пештар аз сафари ман бо нияти Умра буд (аз 6 -ум то 18-уми марти соли 2024).

Гуфтахои нав дорад ё не, намедонам. Чунки ҳар чизе, ки имрӯз дар бораи модар ва барои ӯ гӯем, ҳамон эҳсосу андешаест, ки миллионҳо кас пештар аз мо ва хеле беҳтар дарк кардаанду гуфтаанд…

Рӯзи МОДАР барои ҳама модарони азиз муборак бод! Тандурусту хонаободу хушбахт бошед!

Худованд, модарони аз мо гузаштаро раҳмату мағфират кун ва дар Биҳишт макон деҳ!

Читать далее →

Куҷо шудӣ?

Сад шаб гузашт, хушрутар аз маҳ куҷо шудӣ?
Борид барф бар сару бар раҳ куҷо шудӣ?
Ман рафтаам зи хотираи мардумони шаҳр,
Эй ҳамраҳи зи ҳолатам огаҳ, куҷо шудӣ?


Дидам ду қулф бар дари боғат, куҷо шудӣ?
Не нур бар дилам зи чароғат, куҷо шудӣ?
Дар роҳи барфу бод кунам рӯзу моҳу сол,
Бо мӯйи сап-сафед суроғат, куҷо шудӣ?


Читать далее →

Мембрм дар и оча…

(дар ҳошияи сурудаҳои мардумӣ)

*****
Оча, мо хумори ту,

Садқа бар дидори ту,

Дар ра интизори ту

«Мембрм дар и оча…»

Читать далее →

Дар ҳошияи Рӯзи РАДИО

Рӯзи радио барои тоҷикону тоҷикистониён аслан санаи дигар аст, вале анъанаи таҷлили он дар рӯзи 7- уми май аз замони шӯравӣ санаи асосии таъсиси радио ва радиошунавониро дар кишвари мо андаке беранг сохтаву ҳам як андоза онро ба фаромӯшӣ бурда буд. Рӯзи радиоро васеъ ва якҷо бо кормандони соҳаи алоқа таҷлил мекарданд…

Ҳар гунае, ки бошад, РАДИО барои ман бештар аз радио аст, зеро ман бисту чанд соли ҳаётамро дар роҳравҳои ин даргоҳ ва дар студияҳои радиоӣ сипарӣ кардаам. Тахминан тамоми солҳои ҷавониро, авҷи нерӯ ва тавоноиҳои ҷисмӣ ва зеҳниро….Ҷозиба, муҳаббат, одаткунӣ ва ҳатто вобастагии шадиду фарқкунандае дорад радио.

— воситаи хеле осону қулайи дарёфти иттилоъ аст;

— фаврият инҷо бештар таъмин аст ва афзалияти асосии радио нисбат ба ВАО-и дигар аст;

— мактаби бузурги таҷриба аст, ки баъди гузаштани он дар самту соҳаҳои дигар ҳам, ки фаъолият кунед, ба қавли мардум азоб намекашед;

Читать далее →

Рубоёту дубайтӣ дар сӯги модар

Нуру абрҳо ва ҲО-ҳои дигар

Рангу дуду абрҳои олуда ба рангу нури офтобу дуди худравҳо аз чашми панҷараҳои плостику чӯбин ба чашми ҳазорҳо кас мерасанд. Тасвирҳои осмониро, мисли ҳолатҳову манзараҳои заминӣ, ҳазор гуна шарҳ додан мумкин аст. Фақат барои шинохту тасвири он чӣ, ки табиат аз абру осмону рангҳо меофарад, нигоҳи суратгиру суратгар мебояд. Пур аст нигоҳе, ки аз он омезиш чизеро дарк намекунад, бо хира гаштан ба он сӯ ягон сурат дар зеҳнаш тасвир намешавад….

Чӣ суратҳоеро аз пораабрҳо ҳар рӯз осмон месозаду боз гоҳ бо дасти боду гоҳо бо дасти абрҳои дигари дар ҳоли ҳаракат вайрон мекунад…Ва субҳу шом ё тулӯъу ғуруб дар чанд хели ранг тар аст, махсусан ранги сурх, мисли ранги ашкҳои хунолудаи дидаи модар, ки бозгашти фарзандашро (ё аз ҷанги Гирмон, ё аз ҷанги Украин ва ё аз роҳи тармапечи кадом ағбае) интизор аст….

Читать далее →

Як шабандеша

Шаб буд ва андешаҳое, ки акнун дар қолаби як сар намегунҷиданд, соҳибашро ба кӯча кашонданд. Ҳам ҷисми хаставу ҳам андешаҳои гаронро ба дуриҳо кашола кардаву бурдан саҳл нест. Ва як асрори кӯчаки нимкушода ҳам ҳамин аст, ки аксарият аз он, ки ин ду бору чанд бор барояшон гаронӣ меорад, якеро ё якчандеро раҳо мекунанд — ё ҷисми хастаро ё бори андешаҳои андешазоро ё бори ҳар гуна амонатро…ва ҳатто бори нангу номусро….Вале ғайриинтизор бори ранҷишу озурдагиро бо ҳама гарониву бӯйи бадаш мебаранд баъзан то охири роҳи зиндагиашон…

Канори ин об аз борҳои партофташудаву гузошташудаву фаромӯшшуда пур аст, мисли қаъри обҳои пур аз қуфлҳои баставу бекалид. Басо дилҳо буда, ки на аз нури моҳ равшан шудаву на аз нури чароғҳои канори роҳ, басо андешаҳоеро ин об ёд дорад, ки на дар дили соҳибонаш ғарқу фано шуданду на дар дили об, мисли ҳамон равғани рӯйи шир…

Андешаҳо баъзан чун борҳое, ки расмиёти гумрукиро нагузаштанду соҳиби худро эҳтимол ба мушкилу ҷарима мувоҷеҳ кунанд на дили дилхоҳе барои ба он гузаштан меёбанду на дар он сар ҷойи амне барои пинҳон шудан… Ва шояд қуттиҳои холиву зарфҳои машруби соҳили обҳо осори бо дард берун омадани ҳамон андешаҳоянд, ки якҷо бо чанд дона моҳичаи аҷалрасидае қурбон шудаанд. Аз ин гуна қиссаҳо канори обҳо зиёд ёд дорад ва ҷо-ҷо гулханҳои хомӯшгашта ва хокистартӯдаҳо ба он гувоҳ аст…

Читать далее →

Ошён гар мегузорӣ…

Ҳудуди се моҳ — аз ҳамон рӯзи бо хоҳиши худ рафтанам аз кори қаблӣ, ки бар ивази як дунё таҷриба ва шинохти бештар аз одамон бист соли ҷавониамро рабуд, аз ҳама таку давҳои заруру нозарур канортар ва меҳрубонтар ба ҷисму ҷони худам, билохира наздиктар бо фарзандон ҳастам. Бехобиҳои бистсола ҳам ҷуброн шуданд 🙂 …

Рост аст, ки ҳар чизе бо шумо рух медиҳад, ба он ҳад мояи нигаронӣ ва ташвиш нест, ки шояд худатон ҳам дар аввал ҳамон гуна фикр мекунед. Дар ҳар шебу фарози умр ва ҳолату мавқеъ ҳатман дари имкониятҳои дигар ба рӯйи инсонҳо кушода мешавад, шароити беҳтар барои кору машғулияти ба дил наздик фароҳам меояд..

Ману Марҳабо дар фосилаи ин имконият сад ҷойи дар ин шаҳр дидаву нодидаамонро дидем ва дар хотираи худамон роҳу нишонии чанд ҷой ва макони дигару диданиеро сабт кардаем. Осорхонаи адабиву ёдгории Мирзо Турсунзода — Қаҳрамони Тоҷикистон, маконе буд, ки мо чанд рӯз пештар онҷоро тамошо кардем.

Ҳама ашё ва нигораҳо ҷолибу азизу диданӣ ва ҳама хотирот (аз тарҳу лоиҳаи хонаву ҳавлӣ то Волгаи Устод) шуниданиву шавқовару омӯзанда буданд… Суратҳо аз ин осорхона

Читать далее →

Шаб. Роҳ. Чароғ ва Маҷнунбед…

Шаб. Роҳ. Чароғ. Намедонам кадомин шаб ва аз охир чандумин шаб, мисли он, ки номаълум аст кадом роҳ ва чароғи кӣ?

Ва мешинӣ то нафас рост кунӣ рӯйи хараке, ки то ту ҳазор кас барои ин кор ва барои ин ният фурсат наёфт…

Ва дар андешаи сабзаҳо хоҳӣ буд, ки бе ту ҳам сад кафи по дусад нақше ба рӯяшон гузошта…

Кӯки сару гардани ба замин дӯхтаро кандаву ҳамон суйе менигарӣ, ки аз он ҷо сели рӯшанӣ пеши поят мерехт. Шишачароғҳо яке рушану дигар торик, яке гарму дигар сард, яке бедору дигар хоб..Айнан мисли зану марде, ки яке аз дигаре каҳр кардаву он дигарро ғурури ноҷову нолозиме намегузорад як қадам сӯйи шикасти сукут гузорад…

Ва ин кадомин роҳ аст чунин холӣ ва сокит? Ҳоло, ки ҳатто роҳҳои хатову сарбаста пур-пури инсоне аст, ки қиссаҳои хаёливу воқеъии сафаракиҳои ҳамин гуна роҳу пайраҳаҳоро аз тифлӣ то имрӯз мехонду анҷомашро ҳам медонад…Барои нақли онҳо пеши устодаш ҳатто баҳои панҷ ҳам мегирифт…

Читать далее →

Алиҷон Ҷалилов: «Идеяҳо баъзан тасодуфан, аксаран бадоҳатан ва аҳёнан аз ҳеҷ куҷо пайдо мешаванд…»

Филми мустанади коргардони ҷавони тоҷик — Алиҷон Ҷалилов бо номи «Алиф.До.Ре.Ми» дар 10-умин Кинофестивали байналмиллалии нахустфилмҳо ва филмҳои донишҷӯён «Бастау» (Международный фестиваль студенческих и дебютных фильмов «Бастау»), ки аз 29 ноябр то 3-юми декабри соли 2022 миёни 60 филм аз 40 кишвари дунё баргузор шуда буд, сазовори Ҷоизаи таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамон (Особое упоминание жюри) гашт. Маротибаи аввал ин филми мустанади 18 дақиқагӣ дар шаҳри Алма Ато дар фестивали минтақавии «MediaCAMP» намоиш дода шуда буд. Ҳамин мустанад дар моҳи октябри соли 2022 дар ҷашнвораи дигар — Lift-Off Global Network (Британияи Кабир) интихоб ва намоиш дода шуда буд. Филм дар доираи лоиҳаи «Формати хурд» -и Интернюс (2022) дар Тоҷикистон таҳия гашта, аз ҳайёти як муаллими мусиқӣ нақл мекунад. Ин мустанад санаи 25-уми ноябри соли 2022 дар Душанбе, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров рӯнамоӣ шуд.

Филми мустанаде, ки шумо таҳия кардед, дар Қазоқистон соҳиби ҷоиза шуд. Ба назаратон ҳакамон вақти хулосабарорӣ чиро ба назар гирифтаанд?

Шояд барои он филми мо дар фестивали БАСТАУ таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамонро соҳиб гашт, ки мавзуъи ҷолиб ва дар қолаби шавқовар пешниҳодшуда буд. Дар ҷомеаи суннатӣ ҳамеша миёни ҷонибдорони мусиқӣ ва дин назарҳои мухолиф мавҷуд аст. Филми мо бошад, баёнгари он буд, ки истифодаи оқилонаи ҳама чиз, аз ҷумла мусиқӣ барои расидан ба орузҳои деринтизор ва амалӣ гаштани хостаҳои инсонҳо на фақат халал намерасонад, балки ҳатто кумак ҳам мекунад. Кори нахустини коргардонии мо, шавқовар будани қиссаҳои ҳаётии қаҳрамон, гуногун ва рангоранг будани саҳифаҳои зиндагии як муаллими мусиқӣ аз музофот — сабабҳои дигаре буданд, ки шояд барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҳакамон мусоидат карданд.

Читать далее →

Аввалин ҷоизаи байналмиллалии «Алиф.До.Ре.Ми»

Филми мустанади коргардони ҷавони тоҷик — Алиҷон Ҷалилов бо номи «Алиф.До.Ре.Ми» дар 10-умин Кинофестивали байналмиллалии нахустфилмҳо ва филмҳои донишҷӯён «Бастау» (Международный фестиваль студенческих и дебютных фильмов «Бастау»), ки аз 29 ноябр то 3-юми декабри соли 2022 миёни 60 филм аз 40 кишвари дунё баргузор шуда буд, сазовори Ҷоизаи таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамон (Особое упоминание жюри) гашт. Маротибаи аввал ин филми мустанади 18 дақиқагӣ дар шаҳри Алма Ато дар фестивали минтақавии «MediaCAMP» намоиш дода шуда буд. Ҳамин мустанад дар моҳи октябри соли 2022 дар ҷашнвораи дигар — Lift-Off Global Network (Британияи Кабир) интихоб ва намоиш дода шуда буд. Филм дар доираи лоиҳаи «Формати хурд» -и Интернюс (2022) дар Тоҷикистон таҳия гашта, аз ҳайёти як муаллими мусиқӣ нақл мекунад. Ин мустанад санаи 25-уми ноябри соли 2022 дар Душанбе, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров рӯнамоӣ шуд.
Филми мустанади «Алиф.До.Ре.Ми» дар жанри «мушоҳида» ва дар муддати се моҳ сабту таҳия шудааст. Дар сабту таҳия ва тадвини ин мустанад дар қатори коргардон-таҳиягар — Алиҷон Ҷалилов, ҳамчунин наворбардор- Наврӯз Саидов, садобардор — Эҳсон Субҳонзода, тадвингар — Комил Карим ва коргардони садо — Шаҳриниссо Яковлева саҳм гузоштаанд.
Қаҳрамони филм марди 74 солаест, ки ҳоло низ ба таълими мусиқӣ дар мактаб ва боғчаи бачаҳо машғул аст. Роҳи зиндагии ин парвардаи хонаи ятимон ноҳамвор ва зиндагии ӯ пур аз тазоду рӯйдоду ҳаводиси хушу нохуш буд. Дар синни 63 солагӣ бо ӯ ҳодисае рух медиҳад, ки зиндагии ояндаи ӯро тамоман дигар мекунад. Мусиқӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ барои амалӣ шудани орзӯи ӯ кӯмак кардааст. Дар филм нишон дода шудааст, ки новобаста ба андешаҳои аксарияти мардум дар ҷомеаи суннатӣ нисбат ба суруду мусиқӣ он метавонад барои расидан ба орзӯҳо ва дарёфти роҳи наве дар зиндагии шахс кӯмак ва мусоидат кунад.
Бояд қайд намуд, ки ин кори аввали мустақилонаи коргардонии Алиҷон Ҷалилов — хатмкардаи «Мактаби Филмҳои Мустанад» аст. Ин мактаб дар шаҳри Душанбе аз моҳи феврал то майи соли равон чандин ҷавонро, ки истеъдод ва ҳунари сохтани филмҳои мустанадро доштанд, ба таълим фаро гирифта буд. Устодони варзидаи синамои тоҷик, мисли Гергий Дзалаев, Шаҳриниссо Яковлева, Файзулло Файз ва Комил Карим (аз Тоҷикистон) тариқи офлайн, Марина Разбежкина ва Елена Демидова (Росия), Аниса Собирӣ (Британияи Кабир) ва Катя Суворова (Қазоқистон) тариқи онлайн ба шогирдони ин мактаб дарс гуфтанд.

Ҳайронӣ (1)

Ман наворҳоро кам мебинам, хеле кам ба контенте таваҷҷӯҳ дорам, ки ғайрикасбӣ таҳия шудаву ба деги Интернет ё дегчаи Ютуб рехта мешавад. Шарҳҳо ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳам қарор мегирад. Зери баъзе наворҳо он қадар зиёд менависанд, ки фурсат барои хондани ҳар кадоми онро як шахси серкору серташвиш надорад. Вале воқеъият ин аст, ки ҳар каси каме саводу донишу таҷрибадошта ва аз баъзе вижагиҳо ва соддагиҳои муносиботи инсонӣ бохабар агар ба он шарҳҳо зеҳн монад, имлову мантиқи онҳоро бинаду баркашад, ба чеҳраи муаллифон (агар дар суратҳо ҳаст!) зеҳн монад, фаъолияту буду бошашонро дар фазои маҷозӣ таҳлил кунад, дарк мекунад, ки муаллифони онҳо чӣ сатҳи тафаккуру фаҳмишу дарку IQ доранд.  Ин боиси ташвиш ва ҳатто мояи ҷиддии нигаронӣ аст, ки аксарият на фақат имлову навишту қоидаҳои дигари забонро намедонанд, балки бо таҳқиру дағаливу бадзабонии худ баъзе намуди ҷиноёти дар санадҳои ҳуқуқӣ мавҷударо содир мекунанд. Ё мефаҳманду содир мекунанд ё надониста содир мекунанд. Асрори бесаводиву камсадоии гурӯҳе аз онҳое, ки ин ё он наворро дидаанд,  бо ҳамин шарҳ навиштан фош мешавад.

Аммо чизи аз ин ҳам бадтар маро ҲАЙРОН мекунад, ки ҳам савод надоштан, ҳам ду ҷумлаи мантиқан  дуруст фикр карда натавонистан, ҳам қоидаҳои соддатарини имлои забони модарии худро надонистану ҳам шарҳ навиштан зери комилан ҳама наворҳои Ютуб чӣ маънӣ дорад?  Шарҳ бояд илман асоснок, санҷидашуда, бетаҳқир, бо далел, дар доираи ахлоқ, аз ҷониби донандаи ҳамон мавзӯъ ва албатта аз ҷиҳати имлову мантиқ росту дуруст бошад. Ё бояд гапи нав, тавсияи хуб, маслиҳати зарурӣ ва андешаи оқилонаро бе хато навишт ва ё бояд хомӯш ин ё он наворро тамошо карду гузашт….

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти