Душанбе-Вашингтон-Ноксвил (9)

Имруз дар Донишгохи Теннесси охирин ду вохурии мо баргузор мешавад. Аввали бо доктор Чим Стовалл — устоди фанни журналистика ва муаллифи китоби як электрони баргузор мешавад.

Сухбати мо дар аудиторияи аллакай ошно аз он огоз шуд, ки чи гуна айпадро ба китоб ва манбаи иттилоъот табдил бояд дод? Фахмид, ки Стелла — хамгурухи мо аз Молдова аст, устод аввал дар бораи он накл кард, ки чи гуна устохои молдоваги фарши хонаи уро таъмир карда буданд….    Читать далее →

Душанбе-Вашингтон-Ноксвил (7)

Аз руйи одат ман хеле барвакт аз хоб бедор мешавам. Вакте дар Ноксвил соат 5-и  субх аст…  Субхона мекунам. Чи хуб аст, ки холо точирон  дар кишвархои Аврупо ва Амрико ба тамгаи «халол» таваччух мекунанд. Дишаб ман хангоми хариди хасиб ва боз чанд маводи дигар баргашта аз тарчумонамон мепурсидам, ки «дар хакикат хам ин мавод халол аст?». У навиштаи бастабандии гизоро мехонд ва хам аз фурушанда  мепурсид. Дар баъзе  вохурихо чониби мехмондор аз тарчумон ва рохбалади мо мепурсад, ки барои бачахо ба кадом гушт гизо тайр кунем? Ва ман борхо шунидам, ки Леонид аввал дар бораи ман мегуяд. Мо хама намуди гуштро намехурем-ку…. Читать далее →

Агар ман хис кунам, ки…

    Чанд соле, ки ман дар Радио кор мекунам, барои  хар аввалин хамсухбатам ихтисоси донишгохии ману машгулияти имрузаи ман шавковар ва хатто таачубовар аст.  Онхо ягон робитае дар радиофизика, электроника ва журналистика намебинанд. Мисли худам! Сухбати поёни низ сари интихоби касб аст. (Ин мусохиба дар хафтаномаи «Овоза ва Хакикат, мохи июн, с. 2012 нашр шудааст»). Дар хамин мавзуъ фикр карда ба хулосае меоям, ки ё ман баъди хатми мактаби миёна  дар интихоби факулта хато кардаам ва ё диплом барои фаъолияти хамаи эчодкорон чизи аз хама асоси нест! Шояд касе ба ин назар аст, хар ду хулосаам галат аст? Намедонам, ба хар сурат ман мехостам дар хамон самте кор ва фаъолият кунам, ки аввалтар аз хама барои худам писанд аст, баъдтар вазъи молиявии худро ончо хуб нигох медорам ва баъди хамаи ин чое, ки талабот ончо аз хадди истеъдод ва саводи ман берун ва бештар нест! Читать далее →

Бакои зиндаги!

Бахшида ба 80 солагии доктори улуми иктисод, профессор –

Облокул Тошев

Огоз:

            -Инсонхои бузург шабехи ситораанд, ба онхо замони афтиданашон таваччух мекунанд. 

-3 сол аст, ки он донандаи хуби улуми иктисод, доктор ва профессор миёни мо нестанд. Он кас ними умри бобаракати худро барои тарбияи насли чавон сарф карда буданд. Устод дар  чанд муассисаи олии таълимии Точикистон бо эхсоси баланди масъулиятшиноси чанд насли мутахасисро  ба воя расонидаанд. Зери назари у ва бо рохбариашон чандин нафар рисолахои номзади ва доктории худро химоя кардаанд. 12 феврал профессор Облокул Тошев мебоист 80 сола мешуданд… Читать далее →

Либос нишони одамият?

       Давраи донишчуии ман ба охири солхои  90-ум рост омад. Холо хам ба ёд дорам, ки чи гуна аз манзиле ба манзил, аз махаллае ба махалла мекучидем. Дар махаллахои Чашмасор, Рудаки, Гоголь, Фурудгохи кухна, кучаи П. Сулаймони, Тунис, И. Сомони ва  Бадахшон ичоранишин будем. Аз як манзил агар худамон рафта бошем, аз дигараш моро пеш кардаанд: гох хонаашонро фурухтани мешуданд, гохо ичоранишини серпултаре меёфтанд ва гохо ба чои мо, ки чанд чавонписар будем, духтарони зеборо ба ичора мегирифтанд.  Читать далее →

20 феврали соли 2011

         Фосила хамон гуна, ки чизи хуб аст, ба хамон андоза боз хуби надорад.   Ман метавонам бо фосила аз бадкирдору хавфноке  худро аз фано шудан начот бидихам ва аммо агар миёни ману иттилоъ фосила аст, пас он вакт ман худам хавфнок хохам буд. Дируз як нафаре вобаста ба ким кадом бахси судии идораашон бо кадом газетае сухбат мекард, бахс мекард ва идораашонро хак  мегуфт. Аммо вакте пурсидам, ки бахси суди дар кадом мавзуъ аст, изхори беиттилоъи кард. У намедонад, ки «онхо» барои чи бо каси дигаре бахси суди доранд?!

Чанобони рохбар ва сарвар! Шумо дар хамин гуна холатхо ва хам ба хотири иттилоъи бештари кормандонатон, ки дигар дар кучахояшон симои идораву вазоратхонаи шумо хастанд, иттиолоъ ва маълумоти дуруст ва заруриро дар ихтиёрашон бигзоред, ки худрову шуморову коргохатонро шарманда накунанд!

Ин навбат дар хусуси он чизе, ки дигар моро ба хайрат намеорад, доир ба таъсири ном ба акл, вобаста ба накхату бенакхати ва дар мавриди бузургони мошинсавор навиштаам. Читать далее →

2 сентябри соли 2010

   Рузи дониш хам гузашт.  Донишчуёни курсхои аввал хам то чое ба шахр одат карданд. Дигар шояд аз касе рохро  то Донишгох ва баргаштан напурсанд, аммо хаёлам ки то дергох аз хамдигар хоханд пурсид, ки  «ту чанд долларда дохил шуди?» ва ё «туро ки дохил кард?»…

Имруз дар бораи дарвозахо, толорхои консерти ва хосияти онхо, дар бораи хусуси кардани вазоратхонахо, таърихи камонсози,  муассисахои таълими барои занхо ва духтарон ва каноатмандии кормандони рохи охан аз касбу корашон навиштам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти