Душанбе-Вашингтон-Ноксвил (7)

Аз руйи одат ман хеле барвакт аз хоб бедор мешавам. Вакте дар Ноксвил соат 5-и  субх аст…  Субхона мекунам. Чи хуб аст, ки холо точирон  дар кишвархои Аврупо ва Амрико ба тамгаи «халол» таваччух мекунанд. Дишаб ман хангоми хариди хасиб ва боз чанд маводи дигар баргашта аз тарчумонамон мепурсидам, ки «дар хакикат хам ин мавод халол аст?». У навиштаи бастабандии гизоро мехонд ва хам аз фурушанда  мепурсид. Дар баъзе  вохурихо чониби мехмондор аз тарчумон ва рохбалади мо мепурсад, ки барои бачахо ба кадом гушт гизо тайр кунем? Ва ман борхо шунидам, ки Леонид аввал дар бораи ман мегуяд. Мо хама намуди гуштро намехурем-ку…. Читать далее →

Сари як пиёла чой…

    Мавзуи хурокпази ва хурокхури хамеша шавковар аст. Мардум ба намудхои гуногуни гизо таваччух мекунанд, онро тайёр мекунанд, дар кучое мечашанд ва вобаста ба анъана ва гизои мардумони дунё бахс мекунанд.  Таъсиси гушаи «Ошхонаи Оила» дар хафтаномаи «Оила» эхтимол ба хамин хотир буд.  Сухбате, ки дар зер нашр мешавад, хамин хафта дар хамин гуша ба нашр расида буд. Читать далее →

Либос нишони одамият?

       Давраи донишчуии ман ба охири солхои  90-ум рост омад. Холо хам ба ёд дорам, ки чи гуна аз манзиле ба манзил, аз махаллае ба махалла мекучидем. Дар махаллахои Чашмасор, Рудаки, Гоголь, Фурудгохи кухна, кучаи П. Сулаймони, Тунис, И. Сомони ва  Бадахшон ичоранишин будем. Аз як манзил агар худамон рафта бошем, аз дигараш моро пеш кардаанд: гох хонаашонро фурухтани мешуданд, гохо ичоранишини серпултаре меёфтанд ва гохо ба чои мо, ки чанд чавонписар будем, духтарони зеборо ба ичора мегирифтанд.  Читать далее →

Равишхои сахехи мутолиа!

    Борхо шунидаем, ки донишомуз ё донишчуе мегуяд: «дигар хавсалаи хондани ин китобро надорам» ё «он кадар аз ин китоб хаста шудаам, ки кобили гуфтан нест» ва ё «дах бор хондам ва такрор кардам, вале боз хам ёд нагирифтам » ба рости мушкил чист? Оё барои ёдгирии дарс вокеан «бояд 10 бор китобро хонд?» ва «оё бояд даххо бор дарсро такрор кард то ёд гирифт?» мутмаинан, агар чунин бошад, мутолиа коре сахт ва токатфарсост.

Аммо вокеият чизе дигар аст. Вокеият он аст, ки ин гурух аз фарогирон, равиши сахехи мутолиаро намедонанд ва мутаассифона дар мактаб ва донишгох хам чизе рочеъ ба чи гуна дарс хондан намеомузанд. Барои ин ки мизони ёдгири афзоиш ёбад, бояд кабл аз хар чиз мутолиае фаъол ва пуё дошт. Читать далее →

8 марти соли 2011

  У  аз замони обистан буданаш номи Субхонро дуст медорад. Ин номи писарчаи хамсоя будааст. Баъд у хам Субхондор  мешавад. Хамон хавас дар дилаш гул мекунад. Субхони у бо дуои хайраш мактабхон мешавад. Баъд орзуи донишчу дидани Субхонаш дар дили у пайдо мегардад…. У барои хамкурсони Субхони  аллакай донишчуаш хар хафта курутобу шакаробу ош мепухт. Пулхои дар гушаи румолаш шикаста, ки ба суи Субхони донишчу дароз мешуданд, аз пеши назараш дур намешаванд.  Баъд у хама чизеро ки орзу мекард, дид. Ва хам дид он чизеро, ки тамоман барои Субхонаш орзу намекард. «Худтон обод бошанд, давлати ман» — гуфту худро тасалло дод. Субхони хазор кас дубору себор зан гирифтааст.  «Субхон» -и баъдиро  аз Субхони худаш Эхсон ном гузошт. Барои бахту саодати додарону хохарони Субхонаш ягон чиро дарег надошт, хама чиро сарф кард, сухт, тамом кард….Хатто дилашро…(духтур пеши танур истоданашро хам манъ кард, ки ба дилаш гарони наорад…) Читать далее →

31 августи соли 2010

     Имруз рузи охирини мохи август аст. Барои касе омад-омади рузи маошгири, барои касе ташвишхои мактабу галстуку либосу ришу саллаву сатр ва барои дигаре.. просто, як рузи мукаррари ва одди..

Имруз дар мавриди асрори чашмхои калони мардуми точик, собик президенте, аз шахр  берункунии оворагардон, шуриши аскарбачахо, бадаргаи фархангиён ва манъи тахсили мардуми кишоварзу камбагал навиштаам. Читать далее →

Дасти Шумо дард (на)кунад!!!

        Имруз зодрузи марди бузурги миллати точик  Абуали ибни Сино аст! Кормандони сохаи тандурустии Точикистон хамасола дар рузи вафоти у , яъне 18 август- Иди касбии худро тачлил мекунанд. Ман он чизеро, ки холо менависам, ягон бор нагуфта будам ва дар рузи иди касбии мардуми табиб  хам ман онро гуфта наметавонам. Барои хамин ман ин пешниходро имруз мекунам… Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти