Мо фақат баъди субҳона фаҳмидем, ки моро на 1, балки 2 вохӯрӣ интизор аст. Барои вохӯрии аввал бо ҳам ба идораи рӯзномаи “Rzeczpospolita” омадем. Моро муҳаррири он Isabela Kraj ба ошёнаи 3 роҳнамои кард, дар оғоз бо шарҳи мухтасар моро бо ин рӯзнома ошно кард. Аз душанбе то ҷумъа ин рӯзнома бо бахшҳои хабарӣ, сиёсӣ, ҳуқуқ, молия ва бозор, варзиш нашр шуда, шумораҳои ду рӯзи истироҳатии он тамоман фарқкунанда аст. Аксарияти журналистони ин рӯзнома дипломи журналистӣ надоранд. Бӯҳрон таъсири худро ба ин рӯзнома ҳам расонидааст. 150 нафар ба қариби ихтисор шудаанд. Бояд гуфт, ки ҳамасола беш аз 500 кас факултаи журналистиро хатм мекунанд. Дохилшавӣ ба факултаҳои журналистӣ дар Полша ҳам осон нест. Барои 1 ҷой то 30 нафар мубориза мебаранд. Аммо замони аз кор хориҷ шудан, дар Полша мардум аз он ҷумла журналистон аз баъзе имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд. Масалан, чанд фоизи маоши худро мегиранд. “Rzeczpospolita” ҳоло баъди “Wyborcza” дар Полша дар зинаи дуюм меистад. Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Тирамоҳ, Шопен, журналист, рузноманигорон, тӯҳфа, фурудгоҳ, ҷомеъаи шаҳрвандӣ | Leave a comment »








