- Принсипи ойина. Пештар аз он, ки дар бораи дигарон чизе бигӯйӣ, аввал худатро бин.
- Принсипи дард. Хафашудаву аламдида, ҳатман ба дигарон дарду ранҷ меорад.
- Принсипи роҳи боло. Мо фақат ҳамон вақте болотар меравем, ки бо мардуми дар поинҳо рӯ ба рӯ омада нигоҳу бархурди шоиста мекунем.
- Принсипи бумеранг. Бо кӯмак кардан ба дигарон мо некие аввалтар аз ҳама ба худамон мекунем. Замина барои некиҳои дигарон ба мо ҳамин вақт фароҳам меояд.
- Принсипи болға. Бо болға куштани пашшае, ки дар пешонии дӯсти шумо нишастааст, на нишони меҳрубонӣ аст ва на дӯстӣ.
- Принсипи табодул. Гоҳ дигаронро ба ҷойи худ гузоред ва гоҳ худро ба ҷойи дигарон. Хулосаҳои дуруст баровардан муҳим аст.
- Принсипи омӯзиш. Мо аз ҳар касе, ки ҳатто барои лаҳзаи кӯтоҳ вомехӯрем, метавонем чизе омӯзем.
- Принсипи таваҷҷӯҳ. Мардум ба онҳое таваҷҷӯҳ мекунад, ки нисбаташ бефарқ нест.
- Принсипи 10 хол. Агар ба сифатҳои беҳтарини касе бовар мекунед, ӯ маҷбур мешавад, ки беҳтарин сифатҳои худро ошкор кунад ва нишон диҳад.
- Принсипи рақобат ва бархурд. Рақобат муҳим аст, аммо дар ин набард бояд меҳрубонӣ, ғамхорӣ, мардона ва мисли инҳо қурбон нашаванд.
- Принсипи ҷарӣ. Боварӣ – асос ва заминаи ҳама намуди муносибат аст.
- Принсипи лифт. Баъзан зарур мешавад, ки бо касе поинтар равем, то баъди ба манзил расидани ӯ баъд боло бароем.
- Принсипи ҳолат. Кор бояд то он ҳолате нарасад, ки вазъият ҳама муносибатҳои ҳасанаро ҳам қурбон кунад.
- Принсипи БОБ. Агар БОБ бо ҳама мушкил дорад, муҳимтарин ва асоситарин мушкил худи БОБ аст.
- Принсипи дастрасӣ. Самимӣ будан, хоксор ва оддӣ будан, имконият фароҳам меорад, ки дигарон ҳам бо шумо самимона бархурд ва рафтор кунанд.
- Принсипи хандақ. Агар ба ҷанг омода мешавӣ, ҳамин гуна хандақе бикан, ки дар канорат барои дғсти беҳтаринат ҳам ҷой бошад.
- Принсипи ҳамдастӣ. Ба танҳоӣ намешавад дур рафт ё дер рафт. Муносибати шоиста бо мардум муҳим аст.
- Принсипи 101 фоиз. Аввал бояд ҳамон 1%-ро пайдо кард, ки зарур асту шумо бо он розиед ва баъд 100% талошро ба он сӯ равона кард.
- Принсипи таҳаммул. Ҳамроҳи касе рафтан ҳамеша вақти бештар талаб мекунад, нисбат ба танҳоӣ роҳ рафтанд.
- Принсипи шодиву ғам. Муносиботи хуб на фақат ҳамонест, ки вақти нокомии рафиқ дар канораш бошем, баки иловатан ҳамоне аст, ки вақти шодии ӯ шод шавем ва аз рашку бахилӣ насузем.
- Принсипи дӯстӣ. Коре бояд кард, ки шуморо дӯст доранд ва бовар кунанд. Он вақт каноратон ҳамеша пур хоҳад буд.
- Принсипи ҳамкорӣ. Кори дастаҷамъона ва бо иттиҳод ҳатман эҳтимоли ғалабаи дастаҷамъонаро бештар мекунад.
- Принсипи қаноатпешагӣ. Қаноатпешагӣ муносиботро шоиставу хуб мекунад, агар аз он дигарон суйиистифода накунанд.
(аз интернет ҷамъоварӣ ва баргадон шудааст)
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Leave a comment »










