Хама чиз ду пахлу дорад (агар хадди аз хама камтаринашро хисоб кунем) : росту чап, сафеду сиёх, даруну берун, качу рост, хубу бад…Хама гуна кушишхо дар мавриди он, ки яке аз ин тарафхоро нодида бигирем ё инкор кунем, бефоида ва бенатича аст! Муаррифи харду чониб барои мардум имкони интихоб ва хулосабарории амик ва дурустро фарохам меорад, аммо факат як ру ва як суро дидан чи?
Имруз дар мавриди футбол, огохи ва ноогохи, охи дили мардуми камбагали серфарзанди ичоранишин, чавонон ва «оянда», «инчо» ву «ончо», мухимтарин руйдоди соли 2010 ва руи чун кулча гарми пулхои сомони навиштам.
-
Диего Марадона таваллуд шудааст (1960)
Майдони калони сабзу тар, футбол аст,
«Оле-Оле»-ву гуши кар футбол аст.
Футбол набувад факат давидан бо туб,
Андешаву аклу магзи сар футбол аст!
-
Дар конфронси Маскав намояндагони СССР, ИМА, Англия ва Хитой созишномаро дар бораи таъсиси СММ ба имзо расонидаанд.
СММ ташкилони байналхалкиест, ки барои тахкими сулх, амният ва рушду хамкорихои миёни давлатхо таъсис дода шудааст.
Ин хамон созмонест, ки дар мавриди мунокишахои Карабог, Фаргона, Ошу Чалолобод, Исроилу Фаластин, Гурчистону Руссия, Ироку Афгонистон, рохбандони Узбакистон, хушкшавии Арал ва тачрибахои кишвархои абаркудрат дар худуди кишвархои кафомонда «киса-кисса» маълумот дорад!
-
Аввалин Наркоми заминсозии СССР, ташкилкунандаи омори шурави Владимир Милютин парронда шудааст (1937)
Ачоиб! Наход уро барои он парронда бошанд, ки факат заминхоро ба хешу табор ва шиносу пулдорхо фурухта бошад? Наход барои он уро парронда бошанд, ки нархи 1 садяк заминро то 5-10 хазор доллар боло бурда бошад? Наход ба чунин чазо уро барои он гирифтор карда бошанд, ки заминхои обиро бе кадом ичозат, худсарона ба мардуми вазифадору саватманд бар ивази пора таксим карда бошад? Наход, ки уро охи дили мардуми камбагали серфанзанди ичоранишин гирифта бошад-а?
- Дар Канада чавонтарин депутат дар таърихи он кишвар интихоб шудааст. У Шон О’Салливани 20 сола буд (1972)
«Чавонон ояндаи миллатанд». Махз барои хамин онхо имруз на кори хуб доранд, на вазифахои баланд ва на ба парлумон ворид шудаанд. Онхо ояндаи миллатанд. Дар «оянда» ягон чи шаванд, мешаванд, нашаванд, хиччи!!!
-
Сарвари «МММ» Сергей Мавроди, ки дар махбас карор дошт, депутат интихоб гашт (1994)
Дар зиндаги холатхои ачоиб рух медихад: баъзехо дар «ончо» карор дошта, ба «инчо» рох меёбанд, баъзхои дигар дар «инчо» буда, баъд ба «ончо» мераванд…
-
Академик Мухаммадчон Шакури таваллуд шудааст (1926)
« Муҳимтарин санадҳо бояд ҳақиқатан ба забони давлатӣ бошад, то ин, ки истиқлоли забони давлатӣ истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъкид кунад. Пас аз ҷорӣ шудани ин қарор ба фикри ман истиқлоли Тоҷикистони мо устувортар шуд ва аз ҳамин сабаб мо инро яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2010 ҳисоб мекунем»
Мухаммадчон Шакури (вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйирот ба
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»)
-
Дар Точикистон пули милли — Сомони ба муомилот ворид шудааст (2000)
Дар шак-шаку дар буи ту мафтун шудаем,
Лайли шудаи, ки мо чи Мачнун шудаем.
Сомони, биё ба киссаи холии мо,
Дар хасрати руи ту чигархун шудаем!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Шакури, дупутат, заминфуруши, миллат, пул, сомони, футбол, футболи точик, хабс, чавонон, яктарафаги |













О. балееее! Хама зиндагии мо ФУТБОЛ аст!!! Баьзан моро ФУТБОЛ мекунанду баьзан мо онхоро ФУТБОЛ!!!
НравитсяНравится