Иртибот бо хунари гуфтугу кардан огоз мешавад. Анчоми як гуфтугуи сода кори сахте нест, аммо агар бихохед ба тарике чолиб шахсият ва шухтабъии худро нишон дихед, ниёз ба махорате дорад, ки ба назар мерасад факат аз ухдаи беъзехо бармеояд.
Шахсият
Гапхои кутох набояд лузуман пуч ва бехуда бошанд. Гап задан рохе барои нишон додани шахсият ва алоики шумо ба тарике гайримустаким аст. Гуфтугухои кутох то хадде зиёдии рафтор, навъи шахсият ва дидгоххои шуморо ошкор мекунад.
Бо доштани махорати вокеии гуфтугу медонед чи тавр бояд шахсиятатонро он тавр ки мехохед, нишон дихед. Ин ба маънои фиреб додан ё нишон додани як тасаввури дуругин аз худатон нест, ба ин маъни аст, ки хохед донист чи тавр бояд кисматхое аз худатон, ки ба фарди мукобил беиртибот астро чудо карда ва кисмате аз худатонро нишони у дихед, ки дар иртибот бошад.
Афроди дустдоштани истеъдоде табии барои нишон додани шахсияташон ба гунае доранд, ки дигарон битавонанд ба хуби бо он иртибот баркарор кунанд.
• Бояд нишон дихед, баён накунед. Хеч кас афроди худсито ва мутазохирро дуст надорад. Саъй кунед мутавозеъ бошед ва ёдатон бошад, нишон додани заъфхоятон хеле бештар аз худситои шуморо ба дигарон мешиносонад.
• Ба дунболи ташобех бошед. Ниёз ба тавофуки комил нест, аммо бояд байни худатон ва фарди мукобил шабохатхое пайдо кунед. Шояд бо дидгохи сиёсии хамкоратон мухолиф бошед, аммо эхтимол он аст, ки фарзандоне хамсин дошта бошед.
• Нукоти осебпазири худро нишон дихед, аммо на беш аз хад. Нишон додани чанд маврид аз заъфхоятон албатта тавъам бо эътимод боис мешавад дигарон битавонанд рохаттар бо шумо иртибот баркарор карда ва эътимод кунанд. Аммо агар ба дунболи тараххум бошед ва мудом аз мушкилотатон шикоят кунед, дигарон аз шумо дур хоханд шуд.
Таъсири аввал
Лозим нест барои эчоди як таъсири аввалия олиравии тарафи мукобил хеле худатонро нигарон кунед. Нигаронии беш аз хад барои муаррифии худатон таъсири манфи хохад гузошт. Бояд бидонед, ки равобит рушд мекунад ва бо ин ки мумкин аст таъсири аввалия ахамияти зиёде руи тарафи мукобил дошта бошад, аммо кантроли он казоватхои аввалия кори бисёр душвор аст.
Бехтарин шуруъхо маъмулан онхое аст, ки табии бошад. Як саломи сода бисёр муассиртар аз ин аст, ки талош кунед дар чанд дакикаи аввал худро бонамак нишон дихед. Агар мехохед таъсири аввалияи хубе бар чой бигзоред, нукоти зер метавонад кумакатон кунад:
• Зохире ороста дошта бошед. Набояд тавре ба назар бирасед, ки ангор шаш мох аст гушаи хиёбон хобидаед. Хуб либос бипушед ва ба ороиши муйхо ва сурати худ расидаги кунед.
• Маъмули шуруъ кунед. Лозим нест дар 5 дакикаи аввал хамаи зиндагиятонро ру кунед. Хама чизро ором-ором ва комилан оди шуруъ кунед.
• Хамеша рафторе дустона дошта бошед. Самимият ва бурунгароиро наметавонед тахаммул кунед. Саъй кунед хамеша ва бо хама рафторе ичтимои ва дустона бошед. Бо ин равиш хар замон, ки хостед ба мулокот бо бегонае, ки назаратонро чалб карда сари гуфтугуро боз кунед, комилан табии чилва хохед кард.
Лахнатонро бишносед
Хар ки мегуяд набояд хеч вакт худатонро сонсур (назорат) кунед, бехуда гуфтааст. Хеч вакт набояд дар маросим тархими латифа таъриф кунед ё дар мехмони гиря сар дихед. Хар мавкеияти ичтимои одоб ва русуми худро дорад.
Саъй кунед тачриба кунед ва аз тагйироти гох ва бекор натарсед. Онхое, ки устоди гапхои кутох ва пайдо кардани дустхои тоза хастанд, медонанд чи чиз кобили кабул аст ва чи чиз нест. Шинохтани лахнатон ва таваччух ба он ниёз ба мушохида ва озмоишу тачриба дорад.
Шухтабъи
Чанд чумла шухтабъ будани шуморо намерасонад, аммо ханда яке аз бехтарин кисматхои иртиботи муваффак аст. Бештари шухтабъихо чузъи яке аз мавориди зер хастанд:
• Тааччуб – як чизи гайримунтазира метавонад хандадор ба назар бирасад.
• Игрок – достонхо ва мисолхое, ки фарои вокеият бошад, боиси хандадор шудани матлаб мешавад.
• Киноя – агар хеле манфи бошад, шояд мучиби норохатии тарафи мукобил шавад, аммо агар устодона ва бар хилофи чихати игрок баён шавад, навъе шухтабъи аст.
• Заминаи мавриди назар – баъзе рафторхо ё корхо ба хотири он заминаи хос хандадор ба назар мерасанд. Хеле харфхо агар ба чо зада шаванд муфид хастанд, аммо дар замонхои дигар комилан нобачо хоханд буд.
Достонхо
Достонгуи яке аз мухимтарин чанбахои гапхои кутох аст. Барои гуфтани достонхои чолиб ба чанд нукта бояд таваччух дошта бошед:
• Охири достонро бидонед. Бояд бидонед достонро чи тавр тамом кунед, то таъсиргузор бошад.
• Достонро бо як савол ё назар, ки таваччухро чалб мекунад, шуруъ кунед. Масалан «ин манро ёди он вакте меандозад, ки …» метавонад шуруи хубе барои омода кардани фарди мукобил барои шунидани як достон бошад.
• Достон бояд кутох бошад. Вактро бо тавзех додани пешинаи достон агар ахамияте надорад талаф накунед. Факат кисматхои мухимро таъриф кунед. Бо ин равиш таваччухи фарди мукобилро барои замони бештаре ба худатон маътуф мекунед.
• Тасвирсози кунед. Достонро бо эхсос ва бо хулки тасвир баён кунед. Вакте метавонед бигуед, «наметавони тасаввур куни уток чи кадар шулуг (анбух) буд, чои сузан андохтан хам набуд» нагуед, «уток хеле шулуг буд». Гуфтани достонхо ба забони аввали шахс ва истифода аз тавсифоти кутох, аммо возех таваччухи фарди мукобилро бештар чалб мекунад.
• Накшаро фаромуш накунед. Достонатонро тамрин кунед ва бубинед кадом кисматхо бештар чалби таваччух мекунад. Достонхои зиёде хаст, ки ман борхо таъриф мекунам ва ёд гирифтаам руи кадом кисматхо бояд таъкиди бештаре кунам ва аз кадом кисматхо бояд сареътар бигзарам.
• Онро шахси кунед. Аз гуфтани достонхое, ки худатон накше дар он надоред худдори кунед, чун хеч иттилооте дар мавриди шахсияти шумо ба тарафи мукобил намедихад.
• Мухотабро даргир кунед. Факат набояд аз аввал то охир шумо харф бизанед. Бояд ба достонхои тарафи мукобил хам гуш кунед ва аз у суол кунед. Ин кор боис мешавад аз ин таваччух ва алокаи шумо хушашон биёяд.
Рохнамои барои шикастани яхи муколама
Умуми
• Саволхои озод
— дар мавриди фалон чиз бароям бигу…
— чи тавр тавонисти…
• Дар мавриди сахтихо бипурсед
— сахттарин кисмати корат чи буд?
— ачибтарин муштари, ки то ба хол дошти чи тавр буд?
• Саволхои пайгир
— чаро?
— чи тавр иттифок афтод?
— он чо чи иттифоке афтод?
Аввал гуш кунед, баъд харф бизанед
— Бехтарин конун барои гуфтугу ин аст, ки ичозат бидихед тарафи мукобил аввал харф бизанад, ва шумо ба харфхои у хуб гуш кунед ва баъд чавоб бидихед. Такрори бархе калимот ва калимоти таъйид нишондихандаи ин вокеият аст, ки хуб ба харфхои у гуш додаед ва харфхояшро мутаваччех шудаед.
Нигарони иваз шудани мавзуи бахс набошед
— Нигарони иваз шудани табиии мавзуи бахс бо пеш рафтани гуфтугу набошед. Агар шумо дар мавриди чизе харф мезадаед, аммо алъон мавзуи харф заданатон иваз шуда, ин як нуктаи мусбат аст. Ба хотири ин ки агар муколама ба хар далел мутавакиф шавад, метавонед бидуни эчоди тагйир дар мавзуи ба он чи мегуфтед баргардед.
Кор
• Чи чизи корат бароят лаззатбахш аст?
• Ин корро чи тавр шуруъ карди?
• Сахттарин кисмати корат чи аст?
Ичтимои
• Чи хел филмхоро дуст дори?
• Дар мавриди хонаводаат бароям бигу.
• Ресторани мавриди алокаат кучост?
• Бехтарин мусофирате, ки то холо рафти кучо буда?
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: гап, гуфтугу, муошират, робита, сухбат., хамсухбат |














Добавить комментарий