Тибки санадхои байналмиллалии хукуки хар нафаре, ки ба синни 18 нарасидааст, кудак дониста мешавад. Кишвархои дунё барои фарохам овардани шароити хуб барои рушди озодонаи кудакон, зист ва тахсили онхо талоши зиёде мекунанд. Волидоне, ки имкону шароити хуб доранд, хеч вакт намегузоранд, ки кудаконашон кучое кори чисмони кунанд ва азоб кашанд. Конунгузорихои байналмиллали хам истифодаи мехнати кудакро манъ кардааст. Агар хар кучое мехнати кудакон истифода шавад, фахмидан мумкин аст, ки ончо зиндаги дар сатхи поин аст. Сарварони оилахо дар сурати мушкили иктисодии оила худашон барои мехнати кудакон рози мешаванд ва хатто баъзан кудаконро барои корхои вазнин мачбур мекунанд.

Дар ин самт акида ва андешахои на он кадар дуруст ва то чойе кухна хам баъзан накши калиди меозанд. Масалан:
- Мехнати чисмони кудакро обутоб медихад ва у дар оянда ба кадри пул ва мехнат мерасад;
- Кудак аз хурди бояд дар пахлуи падар кор кунад, зеро у бояд касби падарро гирад;
- Барои духтарон касбу хунар ва ихтисос он кадар мухим нест -онхо шавхар мекунанд-ку;
Дар сахифахои таърих истифодаи мехнати кудакон дар кишвархои имруз пешрафтаи аврупои ва амрикои хам сабт шудааст. Хатто баъзан кудакони бечораро намегузоштаанд, ки аз тирезаи коргохашон нигох кунанду дар вакти танафус барои хуроки нимарузи камакак бози кунанд. Ислохотчи Роберт Оуэн аз аввалин нафароне буд, ки дар мавриди истифодаи мехнати кудакон хануз соли 1816 дар Парлумони Британия изхори нигарони карда буд.
Як вакт Созмони Чахонии Мехнат гуфта буд, ки факат дар кишвархои дар холи рушд худуди 250 миллион тан кудаки то 14 сола мачбур будаанд, ки кор кунанд. Аз ин шумора 153 миллион кудак дар Осиё, 80 миллион дар Африко ва 17 миллион дар Амрикои Лотини будаанд.
Дар Точикистон хам аз мехнати кудакон фаровон истифода мешавад. Гузашта аз ин бе риояи коидахои чори ва тартиби дурусти фаъолияти сохибкори. Агар дар дехоти Точикистон хузумкашиву обкашони, таппакча чамъовари кардану алафдарави ва кахкашониро «кору бор» -и доимии кудакони деха гуем, дар Душанбе намешавад, ки масалан, мошиншуйиро ба хамин гуна корхои мукаррарии кудакони шахр ворид созем.
Кишвархои дунё то ин хад ба истифодаи нашудани мехнати кудакон таваччух доранд, ки хатто хосили пахтаи кишвархои пахтакорро барои истифодаи мехнати кудакон дар чамъоварии он намехаранд. Аммо дар Душанбе мушохида мешавад, ки хама рохат мошини худро ба нуктаи шустушуйи мошин бурда, бо истифода аз мехнати кудакон онро тоза мекунанд ва рохат ба он савор шуда мераванд. Гузашта аз ин шояд шумо хам чандин бор шохид будед, ки баъди 20 ё 25 сомониро ба кудаки мошиншуй додани шумо у он маблагро баъзан пурра ва баъзан кисман ба дасти нафаре медихад, ки гуё ончо «калон» ё «сардор» аст.
Шумо бовари доред, ки он кудакон бо корфармои худ кадом шартнома доранд ё хама хукукхои онхо дар чойи кориашон риоя мешавад? Шумо фикр мекунед, ки ягон хукукшинос, ваколатдор, корманди идораи кор бо ноболигон ва мисли инхо….хамин холатро надидаанд? Ягон табиб ба фикри шумо ба он кудакони бечора мегуфта бошад, ки оби сарду хавои хунук ба онхо чи таъсири баде дорад ва чи тарз онхо бояд худро хифз кунанд? Истифода аз хизмати он кудакони мошиншуй рози будан бо мехнату машаккати кудакон нест? Нодида гирифтани ин холат риоя нашудани санадхои хукукии дохили ва байналмиллали вобаста ба мехнати кудакон ва мухофизати онхо нест?
Инчо фахмидан мушкил нест, ки сохибони нуктахои шустушуйи мошинхо махсус кудакон ва наврасонро ба кор мегиранд: аввал ин ки пули кам пардохт мекунанд, дуюм, ки кадом хуччатгузориву дафтарчаи мехнати ташкил намекунанд, сеюм, ки кудакони хануз аз хукукхои худ бехабарро осон ва рохат фиреб додан мумкин аст. Барои мардони калонсол, ки муттаасифона миёнашон бекорон хеле зиёд хастанд, аввал ин ки пули бештаре бояд пардохт кунанд, фаъолияти онхоро расман ба кайд бигиранд, андоз супоранд, ба рухсати равонашон кунанд, аз чихати ичтимои дастгириашон кунанд….
Кадом сохиби нуктаи шустушуйи мошин дар Душанбе ва шахру навохии кишвар ин корро мекунад? Ба гумони голиб, ки ягон нафараш!!!
Пешниходи навбати ин аст, ки истифодаи мехнати кудакон дар нуктахои мошиншуйи манъ карда шавад. Холо шумораи мардуми болиг ё калонсоли дар чустучуйи кор кам нест ва он чойхо бе корманд намемонад!!! Аз суйи дигар ин амал боиси солим мондани насли оянда хохад шуд.
12 июн рузи чахонии мубориза бо мехнати кудакон аст!!!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони |











Добавить комментарий